Бо фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 апрели соли 2020 № 1524
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷ икистон (минбаъд- Низомнома) тартиби ба кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Торикистон, раёсатҳои иҷро дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иҷрочиёни мақомоти иҷро (минбаъд-корманди мақомоти иҷро) додан ва мавқуф гузоштани рутбаҳои дараҷавиро муайян мекунад.
2. Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Одии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2011. .N"385 "Дар бораи муқаррар намудани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба кормандони мақомоти иҷро рутбаҳои дараҷавии зарин муқаррар гардидаанд:
- Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1;
- Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2;
- Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3;
- Мушовири адлияи дараҷаи 1:
- Мушовири адлияи дараҷаи 2:
- Мушовири адлияи дараҷаи 3;
- Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1:
- Ҳуқуқшиноси дараҷаи 2:
- Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3.
3. Рутбаи дараҷавӣ бо тартиби пай дар пай дар сурати мавҷуд будани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ тибқи тахассуси корманд, мансаб ва собиқаи кор, инчунин бо дар назар доштани рутбаи дараҷавӣ, дараҷаи тахассусӣ, унвонҳои дахлдор, ки ӯ ба онҳо дар ҷои кор ва ё хизмати пешинааш соҳиб шудааст. дода мешавад.
4. Рутбаҳои дараҷавӣ якумрӣ дода машаванд,
5. Кормандони мақомоти иҷро дар асоси пешниҳоди нусхаи ҳукми сафедкунандаи суд бо қарори шахси мансабдоре. ки ҳуқуқи додани рутбаи дараҷавиро дорад. ба рутбаи дараҷавии пешина барқарор карда машаванд.
6. Ба мансабҳои пасттар гузаронидан ё гузаштани корманди мақомоти иҷро барои паст кардани рутбаи дараҷавии ба ӯ пештар додашуда асос намегардад.
7. Рутбаҳои дараҷавии ба кормандони мақомоти иҷро додашуда дар шаҳодатномаи хизматӣ ва дафтарчаи меҳнатии онҳо қайд карда мешаванд. Қайди дахлдор дар дафтарчаи меҳнатии кормандони мақомоти иҷро дар фасли "Маълумот дар бораи кор" гузошта мешавад.
БОБИ 2. ТАРТИБИ БА КОРМАНДИ МАҚОМОТИ ИҶРО ДОДАН ВА МАВҚУФ ГУЗОШТАНИ РУТБАҲОИ ДАРАҶАВӢ
8. Рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти иҷро вобаста ба мансабҳои ишғолнамудаи хизмати давлатии зерин дода мешаванд:
- Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1, Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2 - ба муовини якум ва муовини сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, Мушовири адлияи дараҷаи 1 - ба сардори раёсат;
- Мушовири адлияи дараҷаи 1, Мушовири адлияи дараҷаи 2ба муовини сардори раёсат. сардори шуъба, мудири бахш;
- Мушовири адлияи дараҷаи 2, Мушовири адлияи дараҷаи 3ба сармутахассис, иҷроҷии калони мақомоти иҷро;
- Мушовири адлияи дараҷаи 3, Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 - ба мутахассиси пешбар, иҷрочии мақомоти иҷро;
- Ҳуқуқшиноси дараҷаи 2, Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 - ба мутахассис.
9. Рутбаи дараҷавии Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Рутбаҳои дараҷавии Мушовири давлатии адлияи дараҷаҳои 3, 2, 1 бо пешниҳоди сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. Рутбаҳои дараҷавии Мушовири адлияи дараҷаҳои 3, 2, 1, Ҳуқуқшиноси дараҷаҳои 3, 2, 1 бо пешниҳоди роҳбари бевоситаи корманд аз тарафи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷ икистон дода мешаванд.
10. Ба шаҳрванде, ки бори аввал ба мансаб дар мақомоти иҷро таъин шудааст, рутбаи дараҷавӣ баъди шаш моҳи таъин шудан ба мансаб дар мақомоти иҷро дода мешавад.
11. Ба корманди мақомоти иҷро, ки як сол собиқаи хизмати давлатӣ дорад, вале рутбаи дараҷавӣ надорад, рутбаи дараҷавии дахлдор дар доираи мансаби ишғолкарда дар давоми ду моҳи корӣ дода мешавад. Муҳлати додани рутбаҳои Мушовири давлатии адлияи дараҷаҳои 3, 2, 1 муқаррар карда намешавад.
12. Муҳлати зерини дар ҳар як рутбаи дараҷавӣ будан муқаррар мешавад:
- дар рутбаи Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 -1.5 сол: - дар рутбаи Ҳуқуқшиноси дараҷаи 2 - 2 сол;
- дар рутбаи Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 - 2,5 сол; - дар рутбаи Мушовири адлияи дараҷаи 3 - 3 сол;
- дар рутбаи Мушовири адлияи дараҷаи 2 - 3,5 сол;
- дар рутбаи Мушовири адлияи дараҷаи 1 - 4 сол.
13. Рутбаи дараҷавии навбатӣ баъди ба охир расидани муҳлати муқарраргардидаи дар рутбаи қаблӣ, ки дар банди 12 Низомномаи мазкур пешбинӣ шудааст. дода мешавад.
14. Ҳангоми додани рутбаи дараҷавии навбатӣ бояд ҳолатҳои зерин ба инобат гирифта шаванд:
- мансаби ишғолнамуда;
- собиқаи кор дар мақомоти иҷро;
- муҳлати дар рутба будаш;
- риояи интизоми меҳнат ва дастовардҳои кории корманд.
15. Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки ба корманди мақомоти иҷро барои иҷрои супоришҳои махсусан масъулиятнок, натиҷаҳои баланди касбию хизматӣ, саҳми ӯ дар таҳкими мақомоти давлатӣ ва хизмати давлатӣ, инчунин мувофиқи тавсияи комиссияи аттестатсионӣ дар ҳолатҳои зерин рутбаҳои дараҷ авӣ диҳад:
- пеш аз муҳлат - бо гузаштани на камтар аз нисфи муҳлати муқарраргардидаи хизмат дар рутбаи дараҷавӣ будан;
- як зина болотар аз рутбаи дараҷавии барои ҳар як вазифа пешбинигардида -дар ҳолати гузаштани якуним муҳлати муқарраршудаи фаъолият дар рутбаи дараҷавӣ. ки корманд дорад.
16. Сардори Хадамот иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки ба корманди мақомоти иҷро барои иҷрои супоришҳои махсусаи масъулиятнок, натиҷаҳои баланди касбию хизматӣ, саҳми ӯ дар таҳкими мақомоти давлатӣ ва хизмати давлатӣ, инчунин мувофиқи тавсияи комиссияи аттестатсионӣ ҳангоми ба вазифаи баландтар гузаронидан бе риояи тартиби навбат, вале на бештар аз ду рутба нисбат ба он, ки корманд дорад, рутбаи дараҷавӣ диҳад.
17. Пеш аз муҳлат ва як зина болотар додани рутбаи дараҷавӣ ба корманди мақомоти иҷро танҳо як маротиба дар тамоми муҳлати фаъолият амалӣ карда мешавад.
18. Барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ухдадориҳои мансабӣ (содир намудани кирдори интизомӣ) нисбати корманди макрамоти иҷро ба сифати ҷазои интизомӣ ба муҳлати то як сол мавқуф гузоштани додани рутбаи дараҷавии навбатӣ татбиқ карда мешавад.
19. Ба корманде, ки ба мақомоти иҷро аз дигар мақомоти давлатӣ, корхонаву муассиса ва дигар ташкилотҳо ба кор мегузарад, бо дар назар доштани мансаб, дониш ва таҷрибаи корӣ, инчунин мавҷуд будани дигар рутбаву унвонҳо рутбаи дараҷавӣ дода мешавад.
20. Дар сурати ба хизмати давлатӣ таъин (интихоб) шудан ё гузаронидани корманди мақомоти иҷро, ки рутбаи дараҷавӣ дорад, ба ӯ рутбаи дараҷавии мутобиқ ба мансаби ишғолкарда дода мешавад.
БОБИ 3. ҚАБУЛИ ФАРМОИШ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ РУТБАИ ДАРАҶАВӢ
21. Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди роҳбари бевоситаи корманд дар хусуси ба корманд додан ва мавқуф гузоштани рутбаҳои дараҷавӣ фармоиш қабул менамояд.
22. Нусхаи фармоиш дар бораи додани рутбаи дараҷавӣ дар парвандаи шахсии корманди мақомоти иҷро нигоҳ дошта мешавад.
23. Корманди мақомоти иҷро бо фармоиши сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додаи ва мавқуф гузоштани рутбаи дараҷавӣ таҳти имзо шинос карда мешавад.
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
24. Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии Низомнома ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти иҷро масъул мебошад.
25. Баҳсҳо оид ба масъалаҳои вобаста ба рутбаҳои дараҷавӣ аз тарафи сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва (ё) суд баррасӣ карда мешаванд.
Положение о порядке присвоения классных чинов работникам Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан
ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Положение о порядке присвоения классных чинов работникам Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Положение) определяет порядок присвоения и отсрочки классных чинов работников центрального аппарата Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан, управлений исполнения в Согдийской и Хатлонскои области, отдела исполнения в Горно-Бадахшанской автономной области, исполнителей органа исполнения (далее - работники органа исполнения).
2. Постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 13 апреля 2011 года, №385 "Об установлении классных чинов работникам органов юстиции Республики Таджикистана установлены следующие классные чины работникам органа исполнения:
- Государственный советник юстиции Республики Таджикистан;
- Государственный советник юстиции 1 класса;
- Государственный советник юстиции 2 класса;
- Государственный советник юстиции 3 класса;
- Советник юстиции 1 класса;
- Советник юстиции 2 класса;
- Советник юстиции 3 класса;
- Юрист 1 класса;
- Юрист 2 класса;
- Юрист 3 класса.
3. Присвоение классного чина производится в последовательном порядке при наличии высшего юридического образования в соответствии с квалификацией работника, должностью и стажем работы, а также с учетом классного чина, квалификационного класса, специальных званий, присвоенных ему по прежнему месту работы или службы.
4. Классные чины присваиваются пожизненно.
5. Работники opгана исполнения на основании представленной копии оправдательного приговора суда решением должностного лица, имеющего право присваивать классный чин, восстанавливаются в прежнем классном чине.
6. Перевод или переход работника органа исполнения на низшую должность не является основанием для понижения ранее присвоенного ему классного чина.
7. Присвоенные работникам органа исполнения классные чины вносятся в их служебное удостоверение и трудовую книжку. Соответствующая запись производится в разделе "Сведения о работе" трудовой книжки работников органа исполнения.
ГЛАВА 2. ПОРЯДОК ПРИСВОЕНИЯ И ОТСРОЧКИ КЛАССНЫХ ЧИНОВ РАБОТНИКОВ ОРГАНА ИСПОЛНЕНИЯ
8. Классные чины присваиваются работникам органа исполнения согласно следующим занимаемым должностям государственной службы:
- Государственный советник юстиции Республики Таджикистан начальнику Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан;
- Государственный советник юстиции 1 класса. Государственный советник юстиции 2 класса - первому заместителю и заместителю начальника Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан;
- Государственный советник юстиции 3 класса, Советник юстиции 1 класса - начальнику управления;
- Советник юстиции 1 класса. Советник юстиции 2 класса заместителю начальника управления, начальнику отдела, заведующему сектором;
- Советник юстиции 2 класса. Советник юстиции 3 класса - главному специалисту, старшему исполнителю органа исполнения;
- Советник юстиции 3 класса. Юрист 1 класса - ведущему специалисту, исполнителю органа исполнения;
- Юрист 2 класса. Юрист 3 класса - специалисту.
9. Классный чин Государственный советник юстиции Республики Таджикистан присваивается Президентом Республики Таджикистан. Классные чины Государственный советник юстиции 3, 2, 1 классов присваиваются Президентом Республики Таджикистан по представлению начальника Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан. Классные чины Советник юстиции 3, 2, 1 и Юрист 3, 2, 1 классов присваиваются начальником Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан по представлению непосредственного руководителя работника.
10. Гражданину, впервые назначенному на должность в орган исполнения, классный чин присваивается по истечении шести месяцев со дня назначения на должность и органе исполнения.
11. Работнику органа исполнения, имеющему один год стажа государственном службы, но не имеющему классный чин, соответствующий классный чин в пределах занимаемой должности присваивается в течение двух месяцев работы. Сроки пребывания в чинах Государственного советника юстиции 3, 2, 1 классов не устанавливаются.
12. Сроки пребывания в каждом классном чине устанавливаются следующие:
- и классном чине Юриста 3 класса - 1,5 года;
- в классном чине Юриста 2 класса - 2 года;
- в классном чине Юриста 1 класса - 2,5 года;
- в классном чине Советника юстиции 3 класса - 3 года;
- в классном чине Советника юстиции 2 класса - 3,5 года;
- в классном чине Советника юстиции 1 класса - 4 года.
13. Присвоение очередного классного чина производится по истечении установленного срока пребывания в предыдущем чине в соответствии с пунктом 12 настоящего Положения.
14. При решении вопроса о присвоении очередного классного чина должны приниматься во внимание:
- занимаемая должность;
- стаж работы в органе исполнения;
- время нахождения в чине:
- соблюдение трудовой дисциплины и трудовые достижения работник.
15. Начальник Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан имеет право за выполнение особо ответственных поручений, высокие профессиональные и служебные результаты, за его вклад в развитие государственного органа и государственной службы, а также согласно представлению аттестационной комиссии присвоить работникам органа исполнения очередные классные чины в следующих случаях:
- досрочно по истечению не менее половины установленного срока деятельности в предыдущем классном чине;
- на одну ступень выше классного чина, предусмотренного в каждой должности - по истечении полутора сроков деятельности в предыдущем классном чине, который имеет работник.
16. Начальник Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан имеет право присвоить работнику органа исполнения за выполнение особо ответственных поручении, высокие профессиональные и служебные результаты, за его вклад в развитие государственного органа и государственной службы, а также согласно представлению аттестационной комиссии при выдвижении на более высокую должность без соблюдения очередности, но не более чем на два звания выше того, который имеет работник.
17. Присвоение досрочно и на одну ступень выше классных чинов работникам органа исполнения осуществляется только одни раз в течении всего срока деятельности.
18. За неисполнение или ненадлежащее исполнение должностных обязанностей (совершение дисциплинарного проступка) в отношении работника органа исполнения в качестве дисциплинарного взыскания применяется задержка до одного года в присвоении очередного классного чина.
19. Работнику, перешедший на работу в орган исполнения из других государственных органов, предприятий и организаций, классный чин присваивается с учетом занимаемой должности, знаний и опыта работы, а также наличия у них других звании и классных чинов.
20. В случае назначения (избрания) или перевода работника органа исполнения, имеющего классный чин, на государственную службу, ему присваивается классный чин, соответствующий занимаемой должности.
ГЛАВА 3. ПРИНЯТИЕ РАСПОРЯЖЕНИЯ ПО ВОПРОСАМ КЛАССНЫХ ЧИНОВ
21. Начальник Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан на основании представления непосредственного руководителя работника принимает распоряжение но присвоению и отсрочки классными чинами.
22. Копия распоряжения о присвоении классного чина сохраняется в личном деле работника органа исполнения.
23. Работника органа исполнения под роспись знакомят с распоряжением начальника Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан о присвоении и отсрочке классного чинам.
ГЛАВА 4. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
24. Начальник Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан является ответственным за реализацию Положения и решение вопросов, связанных с классными чинами работников органа исполнения.
25. Споры по вопросам, связанными с классными чинами, рассматриваются начальником Службы исполнения при Правительстве Республики Таджикистан уполномоченным органом в сфере государственной службы и (или) судом.