Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
15 ноябри соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 992
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба тасдиқ намудани Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
070.170.010.
Мутобиқи қисми 2 моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", қисми 9 моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ" ва қисми 4 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор, Идораи низоми пардохт ваколатдор карда шаванд, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намоянд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор, Идораи низоми пардохт, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нуралиев гузошта шавад.
Раиси Раёсат Ҷ. Нурмаҳмадзода
аз 27 сентябри соли 2019 № 117
ш.Душанбе
Замима
Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 15 ноября 2019 года,
регистрационный номер 992
ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВЛЕНИЯ
НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА
Об утверждении Порядка трансграничного перевода денежных средств
и деятельности платежных систем, осуществляющих такие переводы в Республике
Таджикистан 070.170.010.
В соответствии с частью 2 статьи 32 Закона Республики Таджикистан "О
Национальном банке Таджикистана", частью 9 статьи 20 Закона Республики
Таджикистан "О платёжных услугах и платёжной системе" и частью 4 статьи 4 Закона
Республики Таджикистан "О валютном регулировании и валютном контроле", Правление
Национального банка Таджикистана п о с т а н о в л я е т:
1. Утвердить Порядок трансграничного перевода денежных средств и деятельности
платежных систем, осуществляющих такие переводы в Республике Таджикистан
(прилагается).
2. Данное постановление в установленном порядке представить в Министерство
юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации, и ввести в
действие после государственной регистрации и официального опубликования.
3. Уполномочить Департамент управления международными резервами и политики
валютного курса, Управление платежных систем при государственной регистрации
данного постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан при
необходимости вносить в текст приложения данного постановления изменения и
дополнения редакционного характера, не изменяющие его содержания.
4. Исполнение пункта 2 данного постановления возложить на Секретаря
Правления, Департамент управления международными резервами и политики валютного
курса, Управление платежных систем, Юридический отдел и Отдел прессы.
5. Контроль за исполнением данного постановления возложить на Первого
Заместителя Председателя Национального банка Таджикистана Нуралиева Д.К.
Председатель Правления Д. Нурмахмадзода
г. Душанбе,
от 27 сентября 2019 года, №117
*Порядок