Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун (иҷлосияи Ix даъвати V) аз 4 октябри соли 20 "Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар шаҳри Роғун "

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

7 ноябри соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 991

МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ РОҒУН (ИҶЛОСИЯИ IX ДАЪВАТИ V)

ҚАРОР

Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар шаҳри Роғун

200.010.000

Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Кумитаи идораи замини шаҳри Роғун аз 3 октябри соли 2019, №106,

ҚАРОР МЕКУНАД:

1.Меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон ба андозаи 0,03 гектар аз заминҳои обӣ ва ба андозаи 0,06 гектар аз заминҳои обёришаванда, ки масоҳати сохтмонҳо ва ҳавлӣ ба ҳамин ҳисоб дохил мешавад, муқаррар карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ҳангоми пешниҳод ва ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон меъёрҳои ҳадди ақали муайяншударо риоя намоянд.

3.Қарори мазкур бароибақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад ва пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба низом даровардани масъалаҳо вобаста ба тақсимоти замин гузошта шавад.

 

Раиси Маҷлиси вакилони

халқи шаҳри Роғун                               Сулаймонзода М. С.

 

аз 4 октябри соли 2019 № 37

 

Зарегистрировано Министерством юстиции

Республики Таджикистан

от 7 ноября 2019 года, регистрационный номер 991

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ГОРОДА РОГУН (СЕССИЯ IX СОЗЫВ V)

Об установлении минимального размера приусадебного земельного участка граждан в городе Рогун 200.010.000

В соответствии со статьями 8 и 9 Конституционного закона "О местных органах государственной власти", статьей 71 Земельного Кодекса Республики Таджикистан, представления Комитета по землеустройству города Рогун от 3 октября 2019, №106

ПОСТАНОВЛЯЕТ:

1. Установить минимальный размер приусадебного земельного участка граждан, включая площадь занятую под строения, на орошаемых землях в размере до 0,03 гектара и на неорошаемых землях до 0,06 гектара.

2. Местный исполнительный орган государственной власти, сельские и поселковые джамоаты города, обязаны при предоставлении и распределении приусадебных земельных участков для граждан соблюдать установленную норму.

3. Настоящее постановление представить для государственной регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

4. Контроль за исполнением данного постановления, возложить на постоянной общественной Комиссии, регламентирующие распределение земельных участков по данному вопросу.

Председатель Маджлиса народных депутатов

города Рогун Сулаймонзода М. С.

г.Рогун,

от 4 октября 2019 года, № 37