Фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 августи соли 2019 "Дар бораи тасдиқ намудани "Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 августи соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифташудааст,

рақами бақайдгирӣ 984

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи тасдиқ намудани "Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

030. 210. 000

Мутобиқи қисми 2-и моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 27 майи соли 2017, №265 "Дар бораи Қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" ва банди 10-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 таҳти №148 тасдиқ шудааст,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ :

1."Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, баъд аз бақайдгирӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин аз эътибор соқит дониста шаванд: - фармоиши Директори Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз 13 июни соли 2007, №335 "Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2008, №278 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст; - фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2008, №669 "Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва номгӯйи масъалаҳои назоратие, ки тибқи онҳо санҷиши фаъолияти муассисаҳои табобатию профилактикӣ гузаронида мешавад", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2008, №466 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст; - фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2012, №510 "Дар бораи тасдиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба санҷиши субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи фарматсевтӣ", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2012, №659 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст; - фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2018, №609 Дар бораи тасдиқ намудани "Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ".

4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузошта шавад.

 

Вазир             Н. Олимзода

 

аз 1 августи соли 2019 № 574

ш. Душанбе

Замима

Зарегистрировано Министерством юстиции

Республики Таджикистан 9 августа 2019 года,

регистрационный номер 984

МИНИСТЕРСТВО ЗДРАВООХРАНЕНИЯ И СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИТЫ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Р А С П О Р Я Ж Е Н И Е

Об утверждении "Правил проведения проверок деятельности хозяйствующих субъектов Службой государственного надзора здравоохранения и социальной защиты населения" 030. 210. 000.

В соответствии с частью 2 статьи 8 Закона Республики Таджикистан "О проверке деятельности хозяйствующих субъектов" от 25 декабря 2015 года, №1269, постановления Правительства Республики Таджикистан от 27 мая 2017 года, №265 "Типовые правила проведения проверок деятельности хозяйствующих субъектов" и пункта 10 Положения Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №148,

Р А С П О Р Я Ж А Ю С Ь :

1. Утвердить "Правила проведения проверок деятельности хозяйствующих субъектов Службой государственного надзора здравоохранения и социальной защиты населения" (прилагается).

2. Настоящее распоряжение представить для регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан, которое вступает в силу после регистрации и официального опубликования.

3. Следующие нормативные правовые акты признать утратившими силу: - распоряжение Директора Республиканского центра государственного санитарно-эпидемиологического надзора от 13 июня 2007 года, №335 "Об утверждении Правил проведения проверок деятельности хозяйствующих субъектов в Республики Таджикистан Центрами государственного санитарно-эпидемиологического надзора", зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 4 июля 2008 года, №278; - распоряжение Министерства здравоохранения Республики Таджикистан от 28 ноября 2008 года, №669 "Об утверждении Правил проведения проверок деятельности хозяйствующих субъектов в Республики Таджикистан Службой государственного надзора за медицинской деятельностью и перечень контрольных вопросов в соответствии с которым проводится проверка деятельности лечебно-профилактических учреждений", зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 5 декабря 2008 года, №466; - распоряжение Министерства здравоохранения Республики Таджикистан от 15 октября 2012 года, №510 "Об утверждении нормативных правовых актов, связанных с проверкой хозяйствующих субъектов в области фармацевтики", зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 15 октября 2012 года, №659; - распоряжение Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан от 4 июля 2018 года, №609 Об утверждении "Правил проведения проверок деятельности хозяйствующих субъектов Службой государственного надзора здравоохранения и социальной защиты населения".

4. Контроль за выполнение данного распоряжения возложить на начальника Службы государственного надзора здравоохранения и социальной защиты населения.

Министр Н. Олимзода

г. Душанбе,

 от 1 августа 2019 года, № 574

*Правила