Қарори Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2019 "Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

18 июни соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 559 "г"

ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо

070.170.000.

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ" ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва як моҳ баъд аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.

4. Қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2013, №319 "Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби таъсиси воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо (дар таҳрири нав)" ва аз 22 октябри соли 2015, №221 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба "Тартиби таъсиси воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо", ки мувофиқан дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 феврали соли 2014, №559 "б" ва 05 апрели соли 2016, №559 "в" ба қайд гирифта шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд.

5. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Департаменти назорати бонкӣ, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.

6. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳ. М. гузошта шавад.

Раиси Раёсат        Ҷ. Нурмаҳмадзода

аз 29 майи соли 2019 №58

ш. Душанбе

Замима