Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 аз 31 марти соли 2020 № 206

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2020, №206

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Фарҳанг маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва маънавӣ мебошад, ки аз ҷониби инсоният бо мақсадҳои фароғат, таълиму тарбия, иттилоърасонӣ, таъмини завқи эстетикӣ ва таъмини ниёзи рӯзгор эҷод шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтаанд.

2. Мероси миллии фарҳангии халқи тоҷик фарогири унсурҳои моддӣ ва ғайримоддӣ мебошад, ки реша дар умқи садсолаву ҳазорсолаҳо дорад. Дар он ҷаҳонбинӣ, табиатдӯстӣ, зебоишиносӣ, инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва арзишҳои дигари иҷтимоӣ инъикос ёфта, дар шаклҳои гуногун то ба имрӯз омада расидаанд.

3. Мероси ғайримоддии фарҳангӣ фарогири анъанаи шифоҳӣ, ҷашну маросим, санъати иҷроӣ, касбу ҳунарҳои суннатӣ, варзиши анъанавӣ ва шуғлу бозиҳои бачагона, забону баён, донишу малака ва таҷрибаҳо доир ба табиат ва кайҳон мебошад, ки аз ҷониби ҷамъият, гурӯҳҳо ва дар баъзе мавридҳо аз ҷониби шахсони алоҳида иҷро мешавад. Унсурҳои мероси ғайримоддии фарҳангӣ аз насл ба насл гузашта, пайваста аз тарафи ҷамъияту гурӯҳҳо дар иртибот ба муҳити атроф, дар муносибат бо табиат ва ҷаҳонбинӣ такомул меёбад.

4. Ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ бо мақсади эҳёву густариши мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангӣ татбиқ шуда, дар шаклҳои ташхис, ҳуҷҷатикунонӣ, таҳқиқоти илмӣ, ҳимоя аз омилҳои зиёнрасон, тарғиб, баланд бардоштани нақши он дар ҷомеа, интиқол, махсусан, тавассути таълими расмӣ ва ғайрирасмӣ (усули "устод ва шогирд") сурат мегирад.

5. Омӯзиши мероси ғайримоддии фарҳангӣ ҳам таҳқиқот ва ҳам маъноҳои омӯхтану омӯзонидани унсурҳои мероси ғайримоддии фарҳангиро ифода мекунад. Масъалаҳои таҳқиқи мероси гаронбаҳои халқи тоҷик ва омӯзиши онҳо дар шаклҳои таълими расмию ғайрирасмӣ (усули "устод ва шогирд") муҳим буда, аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад.

6. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои мутамаддини ҷаҳон буда, дар он ба масъалаҳои ҳифзу эҳё ва густариши арзишҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Соли 2012 Барномаи ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020 аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади омӯзиш, ҳифзу эҳё ва дастгирии густариши фарҳанги халқи тоҷик қабул гардидааст, ки дар чорчӯбаи он якчанд ҷилди "Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик" таҳия шуда, ба табъ расидаанд ва фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб" чор маротиба баргузор шуда, экспедитсияҳои илмӣ ҷиҳати омӯзиш ва тавзеҳи эҷодиёти рақсӣ ва ҳунарҳои бадеии тоҷикон сурат гирифтанд.

7. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти зертобеи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ҳамкориҳои зичу пурмаҳсул дошта, ҷиҳати муаррифӣ ва ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳанги Тоҷикистон саъю талоши зиёд дорад. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз 4 номгӯйи фарҳанги ғайримоддӣ: номинатсияҳои "Шашмақом", "Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавии тоҷикон ва контекстҳои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон" (2016), номинатсияи муштараки "Наврӯз" (2016), ки аз ҷониби 12 кишвар таҳия шудаааст ва "Чакан - ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (2018) дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт шудаанд.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

8. Мақсади асосии Барнома ҳифз, омӯзиш ва рушди мероси ғайримоддии фарҳангӣ мебошад, ки унсурҳои адабиёти шифоҳӣ, санъати иҷроӣ, донишу таҷрибаҳои суннатӣ, касбу ҳунар, анъана ва ҷашну маросими миллиро дар бар мегирад.

9. Ба вазифаҳои Барнома дохил мешаванд:

- ҳифз ва рушди мероси ғайримоддии фарҳангӣ;

- баланд бардоштани маърифату огоҳии аҳолӣ дар бораи мероси миллии фарҳангӣ;

- тарбияи мутахассисон ва коршиносони миллӣ дар самти ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва таблиғи унсурҳои фарҳанги миллӣ;

- тарҷума ва интишори ҳуҷҷату санадҳо, матни конвенсияҳо, дастурамалҳои ЮНЕСКО ва паҳн кардани онҳо ҷиҳати афзудани донишу огоҳии мардум;

- таълими курсҳои ҷудогона оид ба омӯзиши мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳавӣ;

- таҳия ва чопи ҷилдҳои навбатии "Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик";

- такмил ва таҷдиди "Феҳристи миллии мероси ғайримоддии фарҳангӣ";

- таҳияи номинатсияҳои мероси ғайримоддии фарҳангӣ ҷиҳати сабт дар рӯйхатҳои ЮНЕСКО;

- баргузории экспедитсияҳо ҷиҳати омӯзиш ва таҳқиқи варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона;

- баргузории экспедитсияҳо барои гирдоварии мавод доир ба анъана ва ҷашну маросими миллӣ;

- баргузории экспедитсияҳо бо мақсади омӯзиши лаҳҷаву шеваҳои тоҷикони бурунмарзӣ ва тартиб додани "Фарҳанги ҷомеи калимаҳои шевагию лаҳҷавии забони тоҷикӣ";

- идомаи баргузории фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб" дар минтақаҳои кишвар ва дарёфти истеъдодҳои нав дар иҷрои санъати иҷроии анъанавӣ;

- таҳия ва интишори силсилаи китобҳо таҳти унвони "Натиҷаҳои экспедитсияҳои санъатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ" дар асоси маводи аз экспедитсияҳои илмӣ гирдоваришуда;

- сафарҳои хидматӣ ба ҷумҳуриҳои ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Муғулистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади омӯзиши дастхатҳои тоҷикӣ-форсӣ;

- сафарҳои хидматӣ ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади омӯзиши унсурҳои муштараки мероси ғайримоддии фарҳангӣ ва таҳияи номинатсияҳои муштарак барои сабт дар рӯйхатҳои ЮНЕСКО.

3. САМТҲОИ АСОСИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

10. Самтҳои асосии амалисозии Барнома аз таҳия ва корбурди маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати ҳифзу рушди унсурҳои мероси миллии фарҳангӣ иборат мебошад.

11. Самтҳои асосии амалисозии Барнома:

- мусоидат ба ташаккули низоми давлатии ҳифзу густариш ва дастрасӣ ба мероси миллии фарҳангӣ;

- муаррифии намунаҳои мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ;

- таҳқиқи илмии мероси ғайримоддии фарҳангӣ, аз ҷумла фолклор, санъати иҷроӣ, касбу ҳунар, ҷашну маросим;

- истифодаи оқилона ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайридавлатӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мероси миллии фарҳангӣ;

- ҷалби олимон, мутахассисон, коршиносон, аҳли фарҳанг ва ҷомеа барои ҳифзи фарҳанги ғании миллӣ;

- таълими арзишҳои мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар муассисаҳои таълимӣ;

- таҳияи намоишҳои телевизионӣ ва филмҳои мустанад доир ба таҳқиқ ва тарғиби мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик;

- боло бурдани сатҳи маърифату огоҳии ҷомеа тавассути чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ.

12. Барномаро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ менамояд.

4. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

13. Сарчашмаҳои асосии маблағгузорӣ дар ҷараёни татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг пешбинишуда ва вазорату идораҳои дахлдор, инчунин маблағҳои махсус, эҳсонкории соҳибкорони ватанӣ ва грантҳои созмонҳои байналмилалӣ ба шумор мераванд (замима мегардад).

5. МУҲЛАТ ВА НАТИҶАҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

14. Барномаи мазкур дар солҳои 2021-2025 амалӣ мегардад.

15. Пас аз амалисозии Барнома натиҷаҳои зерин таъмин мегардад:

- мусоидат ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик;

- дастрасӣ ба маводи нав доир ба мероси ғайримоддии фарҳангӣ;

- тақвияти неруи кадрӣ, таълиму тарбияи мутахассисон ва коршиносони миллӣ;

- ба забони тоҷикӣ чоп шудани ҳуҷҷату санад, матни конвенсия ва дастурамалҳои ЮНЕСКО;

- идомаи нашри ҷилдҳои навбатии "Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик";

- пешниҳоди номинатсияҳои унсурҳои мероси ғайримоддии фарҳангӣ ҷиҳати сабт дар рӯйхатҳои ЮНЕСКО;

- нашри китобу мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ доир ба мероси ғайримоддии фарҳангӣ;

- таҳкими ваҳдати миллӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ тавассути ба таври васеъ фаро гирифтани мероси миллии фарҳангӣ.

Замима

ба Барномаи давлатии ҳифзи

мероси ғайримоддии фарҳангии халқи

тоҷик барои солҳои 2021-2025

Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025

*Ҷадвал