Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2020 №195 "Дар бораи аз тобеияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани муассисаи давлатии "Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи аз тобеияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани муассисаи давлатии "Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда"

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" аз тобеияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №435 "Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, шикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва банди 1 калимаҳои ", шикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" ба калимаҳои "ва шикор" иваз карда шаванд;

- аз муқаддима калимаҳои ", моддаи 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" хориҷ карда шаванд.

3. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014, №132 "Дар бораи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

1) дар замимаи 1 "Низомномаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон":

- аз банди 1 калимаҳои "олами набототу ҳайвоноти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда," хориҷ карда шаванд;

- сархати чоруми банди 2 хориҷ карда шавад;

- аз сархати панҷуми зербанди а) банди 5 калимаҳои ", ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" хориҷ карда шаванд:

- аз сархати дуюми зербанди в) банди 5 калимаҳои "Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда," хориҷ карда шаванд;

- сархати чоруми зербанди в) банди 5 хориҷ карда шавад:

- дар сархати дувоздаҳуми зербанди в) банди 5 калимаҳои ", хоҷагиҳои шикорӣ ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" ба калимаҳои "ва хоҷагиҳои шикор" иваз карда шаванд;

- сархати чордаҳуми зербанди в) банди 5 хориҷ карда шавад;

- аз сархати бистуякуми зербанди в) банди 5 калимаҳои "ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" хориҷ карда шаванд;

- аз сархати бистусеюми зербанди в) банди 5 калимаҳои ", Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда," хориҷ карда шаванд;

- аз сархатҳои биступанҷум ва бистушашуми зербанди в) банди 5 калимаҳои ", ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" хориҷ карда шаванд;

- аз сархати сиюми зербанди в) банди 5 калимаҳои "ва олами набототу ҳайвоноти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" хориҷ карда шаванд;

- аз сархати дуюми зербанди г) банди 5 калимаҳои ", ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати чоруми зербанди г) банди 5 калимаҳои ", шикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" ба калимаҳои "ва шикор" иваз карда шаванд;

- банди 9 хориҷ карда шавад;

2) аз замимаи 2 "Сохтори дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва паркҳои миллӣ" хориҷ карда шаванд;

3) аз замимаи 3 "Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" хориҷ карда шаванд.

4. Ба Низомномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, №189 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) дар боби I:

- дар банди 1 пас аз калимаҳои "дар соҳаи ҳифзи муҳити зист," калимаҳои "ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда," илова карда - аз банди 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;

2) дар сархати чоруми боби II пеш аз калимаи "ҳифз" калимаҳои "идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда," илова карда шаванд;

3) дар боби III:

- дар сархати сездаҳум пас аз калимаҳои "кадастри давлатии" калимаҳои "ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда," илова карда шаванд;

- дар сархати бистудуюм пас аз калимаҳои "захираҳои табиӣ," калимаҳои "рушди системаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" илова карда шаванд;

- дар сархати бистусеюм пас аз калимаҳои "сарватҳои табиӣ," калимаҳои "ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" илова карда шаванд.

5. Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, №189 тасдиқ шудааст, сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда"".

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 30 марти соли 2020 №195

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О передаче государственного учреждения "Особо охраняемые природные территории" из подчинения Агентства лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан в подчинение Комитета охраны окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 6 Закона Республики Таджикистан "Об особо охраняемых природных территориях" и статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Передать государственное учреждение "Особо охраняемые природные территории" из подчинения Агентства лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан в подчинение Комитета охраны окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан.

2. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 июля 2014 года, №435 "Об определении полномочного органа в отрасли лесного хозяйства, охоты и особо охраняемых природных территорий" следующие изменения:

- в названии и пункте 1 слова ", охоты и особо охраняемые природные территории" заменить словами "и охоты";

- из преамбулы слова "статья 6 постановление Правительства Республики Таджикистан "Об особо охраняемые природные территории"" исключить.

3. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 февраля 2014 года, №132 "Об Агентстве лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан" следующие изменения:

1) в приложении 1 "Положение об Агентстве лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан":

- из пункта 1 слова "растительного и животного мира, особо охраняемых природных территорий," исключить;

- абзац четвертый пункта 2 исключить;

 - из абзаца пятого подпункта а) пункта 5 слова ", особо  охраняемых природных территорий" исключить;

- из абзаца второго подпункта в) пункта 5 слова "Государственным учреждением особо охраняемых природных территорий," исключить;

- абзац четвертый подпункта в) пункта 5 исключить;

- в абзаце двенадцатом подпункта в) пункта 5 слова ", охотничьих хозяйств и особо охраняемых природных территорий" заменить словами "и охотничьих хозяйств";

- абзац четырнадцатый подпункта в) пункта 5 исключить;

- из абзаца двадцать первого подпункта в) пункта 5 слова "особо охраняемых природных территорий," исключить;

- из абзаца двадцать третьего подпункта в) пункта 5 слова ", Государственного учреждения особо охраняемых природных территорий" исключить;

- из абзаца двадцать пятого подпункта в) пункта 5 слова "и особо охраняемых природных территорий" исключить;

- из абзаца двадцать шестого подпункта в) пункта 5 слова ", особо охраняемых природных территорий" исключить;

- из абзаца тридцатого подпункта в) пункта 5 слова ", объектов растительного и животного мира на особо охраняемых природных территориях" исключить;

- из абзацев второго и четвертого подпункта г) пункта 5 слова ", особо охраняемых природных территорий," исключить;

- часть 9 исключить;

2) из приложения 2 "Структура центрального аппарата Агентства по лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан" слова "Сектор по особо охраняемым природным территориям и национальным паркам" исключить;

3) из приложения 3 "Перечень организаций системы Агентства лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан" слова "Государственное учреждение особо охраняемые природные территории" исключить.

4. Внести в Положение о Комитете по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 24 апреля 2008 года, №189, следующие изменения и дополнения:

1) пункт 1 главы I после слов "охраны окружающей среды," дополнить словами "особо охраняемых природных территорий,";

2) в абзаце четвертом главы II после слова "управление" дополнить словами "особо охраняемыми природными территориями,";

3) в главе III:

- абзац тринадцатый после слов "государственным кадастром," дополнить словами "особо охраняемыми природными территориями,";

- абзац двадцать второй после слов "природных ресурсов," дополнить словами "развитие системы особо охраняемых природных территорий,";

- абзац двадцать третий после слов "природных ресурсов," дополнить словами "в том числе особо охраняемых природных территорий,".

5. Перечень организаций системы Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 24 апреля 2008 года, №189, дополнить абзацем четвертым следующего содержания:

"Государственное учреждение "Особо охраняемые природные территории"".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 30 марта 2020 года, №195