Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 486
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 486 "Дар бораи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2007" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар матни қарор ва Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003- 2007 рақамҳои "2007" ба рақамҳои "2009" иваз карда шаванд.
- банди 2 қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши 100% саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии боқимонда ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар давраи солҳои 2008-2009 дар заминаи корхонаҳои давлатӣ ташкил мешаванд, тибқи боби III Нақшаи стратегии мазкур дар ҳаҷми пурра таъмин намояд".
2. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳоро дар хусуси ба ҷамъиятҳои саҳомӣ табдил додани корхонаю ташкилотҳои таҳти тобеияташон қарордошта ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2008 № 384
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 7 ноября 2003 года №486
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В постановление Правительства Республики Таджикистан от 7 ноября 2003 года №486 "О Стратегическом плане приватизации средних и крупных предприятий и реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий на 2003-2007 годы" внести следующие изменения:
- в тексте постановления и Стратегического плана приватизации средних и крупных предприятий и реструктуризации субъектов естественных монополий и особо крупных предприятий на 2003-2007 годы цифры "2007" заменит на цифры "2009"; пункт 2 постановления изложить в следующей редакции:
"Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан обеспечить продажу 100% акций оставшихся акционерных обществ, а также акционерных обществ, которые будут созданы на базе государственных предприятий в период 2008- 2009 годов согласно III главе настоящего Стратегического плана".
2. Министерствам и ведомствам Республики Таджикистан предоставить предложения об акционировании предприятии и организаций, находящихся в их подчинении, в Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 1 августа 2008 года №384
ш. Душанбе