Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020 № 1684 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 декабри соли 2019, № 1543

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 декабри соли 2019, № 744

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 2, мод. 404; с. 2015, №3, мод. 216; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 293) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- ба сархати дуюм пас аз калимаҳои "ғайритиҷоратие, ки" калимаҳои "бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

- дар сархати чорум калимаҳои "фаъолияти мустақилонаи аз рӯи таваккал" ва "бақайдгирифташудае" мувофиқан ба калимаҳои "фаъолияти мустақили ба таваккал" ва "ба қайди давлатӣ гирифташудае" иваз карда шаванд.

2. Дар қисмҳои 3, 5 ва 6 моддаи 5 адад ва калимаҳои "500000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ", "15000000 (понздаҳ миллион) сомонӣ" мувофиқан ба адад ва калимаҳои "1000000 (як миллион) сомонӣ" ва "25000000 (бисту панҷ миллион) сомонӣ" иваз карда шаванд.

3. Дар сархати чоруми моддаи 7 калимаи "аз" хориҷ ва калимаи "бешаҳрванд" ба калимаи "бешаҳрвандро" иваз карда шавад.

4. Ба қисми 2 моддаи 11 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- суғуртакунӣ;".

5. Ба сархати сеюм моддаи 14 пас аз калимаи "омӯзиш" калимаи ", мониторинг" илова карда шавад.

6. Дар сархати панҷуми моддаи 17 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз ва сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.".

7. Дар моддаи 20:

- ба номи модда пас аз калимаи "Барномаҳои" калимаи "мақсадноки" илова карда шавад;

- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Барномаҳои мақсадноки дастгирии давлатии соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.".

8. Дар матни моддаи 24 калимаҳои "воқеӣ, ҳуқуқӣ" ба калимаҳои "воқеӣ ва ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1684

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ ЗАЩИТЕ И ПОДДЕРЖКЕ ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА"

Принят постановлением МН МОРТ

от 11 декабря 2019 года, №1543

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 25 декабря 2019 года, №744

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 26 июля 2014 года "О государственной защите и поддержке предпринимательства" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2014 г., №7, ч.2, ст. 404; 2015 г., №3, ст. 216; 2017 г., №5, ч. 1, ст. 293) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 1:

- абзац второй после слов "субъектами предпринимательства" дополнить словами "в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан,";

- в абзаце четвёртом слова "осуществляемая на свой страх и риск, лицами, зарегистрированными" заменить словами "основанная на риске, осуществляемая лицами, прошедшими государственную регистрацию".

2. В частях 3, 5 и 6 статьи 5 цифры и слова "500000 (пятисот тысяч) сомони", "15000000 (пятнадцати миллионов) сомони" соответственно заменить цифрами и словами "1000000 (одного миллиона) сомони" и "25000000 (двадцати пяти миллионов) сомони".

3. Часть 2 статьи 11 дополнить абзацем седьмым следующего содержания:

"- страхование;".

4. Абзац третий статьи 14 после слова "изучение" дополнить словом ", мониторинг".

5. В абзаце пятом статьи 17 знак точки заменить знаком точки с запятой ";" и дополнить абзацем шестым следующего содержания:

"- осуществление иных полномочий, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.".

6. В статье 20:

- в названии статьи слово "Программы" заменить словами "Целевые программы";

- часть 2 изложить в следующей редакции:

"2. Целевые программы по государственной поддержке предпринимательства разрабатываются и утверждаются в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 2 января 2020 года, №1684