Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020 № 1681 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 октябри соли 2019, № 1460

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 декабри соли 2019, № 741

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5, мод.316; с.2010, №12, қ.1, мод.828; с.2012, №12, қ.1, мод.1006; с.2015, №11, мод.972; с.2016, №5, мод.370; с.2019, №1, мод.33, №7, мод.475) тағйироти зерин ворид карда шавад:

1. Дар моддаи 6:

- дар қисми 1 калимаҳои "тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" ситонида мешавад" ба калимаҳои "ситонида намешавад" иваз карда шаванд;

- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Пешниҳод намудани иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ва додани маълумотнома дар бораи дар феҳристи мазкур мавҷуд набудани маълумот оид ба субъектҳо ройгон анҷом дода мешавад.".

2. Дар қисми 1 моддаи 11 банди 8) хориҷ карда, банди 9) банди 8) ҳисобида шавад.

3. Дар бандҳои 6) қисмҳои 1 моддаҳои 20, 29 ва банди 7) моддаи 32 аломати нуқта вергул ";" бо аломати нуқта иваз карда, бандҳои 7) қисмҳои 1 моддаҳои 20, 29 ва банди 8) моддаи 32 хориҷ карда шаванд.

4. Аз банди 6) моддаи 22 калимаҳои "пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ, ва (ё)" хориҷ карда шаванд.

5. Аз қисми 5 моддаи 25 калимаҳои ", инчунин пардохтнома (квитансия) дар бораи пардохти боҷи давлатиро пешниҳод намояд" хориҷ карда шаванд.

6. Аз қисми 1 моддаи 27 ва калимаҳои "дар асоси пешниҳоди пардохтномаи (квитансия) боҷи давлатӣ" хориҷ карда шаванд.

7. Қисми 6 моддаи 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"6. Аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ иқтибос дода мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1681