ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӯҲИСТОНИ БАДАХШОН, ВИЛОЯТ, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ШАҲР ВА НОҲИЯ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
13 ноябри соли 2019, № 1501
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 декабри соли 2019, № 730
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия" аз 13 декабри соли 1996 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 23, мод. 348; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 995; с. 2013, № 7, мод. 541, № 12, мод. 906; с. 2017, № 5, қ.1, мод. 289) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 1 калимаи "ифода" ба калимаи "изҳор" иваз карда шавад.
2. Моддаи 3(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 3(1). Савганди вакили Маҷлиси вакилони халқ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ баъди тасдиқи ваколатҳояш дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ чунин савганд ёд мекунад:
"Ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти (шаҳри, ноҳияи) _______ бо дарки масъулият савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, тамоми неру ва донишу таҷрибаи худро барои рушди давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, уҳдадориҳои вакилии худро содиқона ва поквиҷдонона иҷро менамоям.".
3. Дар матни қисми дуюми моддаи 12 калимаҳои "дида бароянд ва" ба калимаҳои "баррасӣ намуда," иваз карда шаванд.
4. Дар ном ва матни моддаи 24 калимаи "бепул" ба калимаи "ройгон" иваз карда шавад.
5. Дар матни моддаи 25 калимаи "ду" ба калимаи "се" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1671