Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020 № 1670 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 ноябри соли 2019, № 1499

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 декабри соли 2019, № 729

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод. 339; с. 2006, № 11, мод. 472; с. 2009, № 12, мод. 814; с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 800; с. 2013, № 3, мод. 179, № 7, мод. 500; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 268; с. 2019, № 7, мод. 462) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Номи Қонуни конститутсионӣ бо ҳарфҳои калон навишта шавад.

2. Аз муқаддима калимаҳои "тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, қабул шуда," хориҷ карда шаванд.

3. Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 15. Вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ намояндаи ваколатдори аҳолии ҳудуди дахлдор буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб шудааст.

Вакили Маҷлиси вакилони халқ дар асоси санадҳои қонунгузорӣ, дастури Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои пешазинтихоботӣ фаъолият карда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, зимни баррасии масъалаҳо ва қабули қарорҳо мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.

Вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқ, инчунин ҳолатҳои пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати ӯро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия" муайян менамояд".

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1670

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МЕСТНЫХ ОРГАНАХ ГОСУДАРСТВЕННОЙ ВЛАСТИ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 13 ноября 2019 года, №1499

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 25 декабря 2019 года, №729

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти" от 17 мая 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., № 5, ст. 339; 2006 г., № 11, ст. 472; 2009 г., № 12, ст. 814; 2010 г., № 12, ч. 1, ст. 800; 2013 г., № 3, ст. 179, № 7, ст. 500; 2017 г., № 5, ч. 1, ст. 268; 2019 г., № 7, ст. 462) следующие изменения:

1. Название конституционного Закона писать прописными буквами.

2. Из преамбулы слова "принят в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан и международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и" исключить.

3. Статью 15 изложить в следующей редакции:

"Статья 15. Депутат Маджлиса народных депутатов

Депутат Маджлиса народных депутатов является полномочным представителем населения соответствующей территории, избранный в соответствии с законодательством Республики Таджикистан о выборах депутатов в местные Маджлисы народных депутатов. Депутат Маджлиса народных депутатов осуществляет свою деятельность на основе законодательных актов, регламента соответствующего Маджлиса народных депутатов, постановлений соответствующего Маджлиса народных депутатов, других нормативных правовых актов и предвыборных программ и вправе свободно выражать свое мнение при рассмотрении вопросов и принятии решений и голосовать по своему убеждению.

Правовой статус депутата Маджлиса народных депутатов, а также случаи досрочного прекращения его полномочий определяется Законом Республики Таджикистан "О правовом статусе депутата Маджлиса народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов".

Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 2 января 2020 года, №1670