ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 октябри соли 2019, № 1456
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 декабри соли 2019, № 722
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193; с. 2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154; с. 2011, №6, мод. 459; с. 2013, №7, мод. 517; с. 2014, №11, мод. 645; с. 2016, №3, мод. 137; с. 2017, №1-2, мод. 10, мод. 11, мод. 12, №5, қ. 1, мод. 298) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддима бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ, низом, сохтор ва ташкили фаъолият, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо, хизмат дар мақомоти Агентӣ, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ, таъминоти молиявӣ, моддию техникии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.".
2. Дар моддаи 3:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо коррупсия;";
- дар сархати дуюм калимаҳои "фаъолияти соҳибкорӣ" ба калимаи "хоҷагидор" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 3 моддаи 5 рақами "24" ба рақами "12" иваз карда шавад.
4. Ба моддаи 6 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии корманди Агентӣ, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳоро истифода мебарад, танҳо дар вақти дастгир намудани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбати корманди Агентӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.".
5. Дар ном ва матни моддаи 7 калимаҳои "талаби" ва "Талаби" мувофиқан ба калимаҳои "талаботи" ва "Талаботи" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 10 калимаҳои "арзу шикоятҳо ва дигар муроҷиати шаҳрвандон ва шахсони" ба калимаҳои "муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва" иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 11:
- ба қисми 3 пас аз калимаи "молиявӣ," калимаҳои "пешгирии коррупсия," илова карда шаванд;
- ба қисми 5 ҷумлаи дуюм дар таҳрири зерин илова карда шавад: "Агентӣ дорои муҳр ва нишони фарқкунанда мебошад.";
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"6. Низомнома дар бораи нишони Агентӣ, тасвир ва тавсифи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Директори Агентӣ тасдиқ карда мешавад.".
8. Дар моддаи 13:
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- низомнома, дастур, дастурамал ва дигар санадҳои меъёрии воҳидҳои сохториро тасдиқ менамояд;";
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- сардорони сарраёсатҳо ва раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанберо бо ризояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;";
- дар сархати шонздаҳум калимаи "фармонҳои" ба калимаи "фармоишҳои" иваз карда шавад.
9. Дар қисми 2 моддаи 14 калимаи "Муовинони" ба калимаҳои "Муовини якум ва муовинони" иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад.
10. Қисми 2 моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Дар Дастгоҳи марказӣ сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо мавҷуданд. Дар сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо ваколатдорони калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим, ваколатдорони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим, ваколатдорони оперативӣ, муфаттишони калон оид ба корҳои махсусан муҳим, муфаттишон оид ба корҳои махсусан муҳим, муфаттишони калон, муфаттишон, сарнозирон, нозирони калон, нозирон, навбатдорони калони оперативӣ, навбатдорони оперативӣ, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон мавҷуданд.".
11. Дар моддаи 17:
- ба қисми 4 пас аз калимаи "нозирон," калимаҳои "навбатдорони калони оперативӣ, навбатдорони оперативӣ," илова карда шаванд;
- аз қисми 7 калимаҳои "фармонҳо ва" хориҷ карда шаванд.
12. Дар ном ва матни моддаи 18 калимаҳои "мақоми" ва "Мақоми" ба калимаҳои "мақомоти" ва "Мақомоти" иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 19:
- дар ном ва матни модда калимаҳои "мақоми" ва "Мақоми" ба калимаҳои "мақомоти" ва "Мақомоти" иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаи "талаби" ба калимаи "талаботи" иваз карда шавад;
- дар сархати даҳум калимаи "соҳибкориро" ба калимаи "хоҷагидориро" иваз карда шавад;
- ба сархати нуздаҳум пас аз калимаҳои "аз ҷумла" калимаҳои "маҷалла ва" илова карда шаванд.
14. Дар моддаи 22:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 22. Изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ";
- дар матни модда калимаҳои "тавқифгоҳҳои" ва "онҳо" мувофиқан ба калимаҳои "изолятори (тавқифгоҳи)" ва "он" иваз карда шаванд.
15. Дар моддаи 26:
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Ба хизмат ба мақомоти Агентӣ шаҳрвандоне, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудаанд ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд, қабул карда намешаванд.";
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Ҳангоми ба мақомоти Агентӣ ба кор қабул шудан шаҳрвандон, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод менамоянд.";
- қисми 4 қисми 5 ҳисобида шуда, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"5. Ишғоли мансаби холӣ дар Агентӣ дар асоси озмун ва ё дар ҳолатҳои зарурӣ бо тариқи гузариш аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи дигар вазорату идораҳое, ки маҳорати баланди касбиро доро мебошанд, дар асоси қарори ҳайати мушовараи Агентӣ ва бо фармоиши Директори Агентӣ амалӣ карда мешавад.";
- қисмҳои 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14 ва 15 мувофиқан қисмҳои 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15 ва 16 ҳисобида шаванд.
16. Моддаи 26(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 26(1). Ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда дар мақомоти Агентӣ
1. Бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти коррупсионӣ ва бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ дар мақомоти Агентӣ ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда гузаронида мешавад.
2. Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти Агентиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.".
17. Моддаи 32(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 32(1). Пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони мақомоти Агентӣ
Кормандони мақомоти Агентӣ (ба истиснои хизматчиёни гражданӣ) эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1663