Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2011, № 1173
Бо мақсади таъмини фаъолияти мукаммали Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назорати давлатии молиявӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Дар банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2011, №1173 "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "65" ба рақами "110" иваз карда шавад.
2. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкил ва ҷобаҷогузории кадрҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ ҳал намояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷоти нигоҳдории (пардохти музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ) воҳидҳои иловагии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2015 аз ҳисоби маблағҳои дар сметаи хароҷотии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда бо роҳи ворид намудани тағйироти дахлдор ба он амалӣ намуда, дар солҳои минбаъда дар буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои заруриро барои ин мақсад пешбинӣ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
29 ноябри соли 2014 № 289