Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024
Мутобики моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, инчунин ҷалби маблағҳои сармоягузории (грантии) ташкилотҳои хориҷӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда шавад.
3. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор амалисозии самараноки Барномаи мазкурро таъмин намуда, оид ба иҷрои он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 ноябри соли 2019 № 537
ш.Душанбе