Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" ноябри соли 2019, № 537
Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024
Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2024 (минбаъд - Барнома) ҳадаф, вазифа ва самтҳои асосии рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дар назар доштани таъсироти танзими гумрукӣ ҳамчун васоити танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ ба раванди ҳамгироии иқтисодиёти миллӣ дар фазои иқтисодиёти байналмилалӣ муайян менамояд.
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2024 самтҳои асосии рушд ва таҷдиду азнавсозии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои 5 соли оянда бо дар назар доштани маҳдудиятҳои буҷетии мавҷуда ва имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ муайян мекунад.
2. Барнома дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии соҳаи фаъолияти гумрукии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофнамуда, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (минбаъд-Конвенсияи Киото), ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2015, №127 тасдиқ карда шудааст ва Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдоро (минбаъд - Созишномаи СУС), ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2015, №78 тасдиқ карда шудааст, ба эътибор мегирад.
3. Таҷрибаи ҷаҳонии даҳсолаҳои охир нишон дод, ки омили асосии таъмини суръати баланди рушди иқтисодӣ ин сатҳи баланди якҷояшавӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ки яке аз нишондиҳандаи он ҷонибдории кишвар аз баланд бардоштани сатҳи ошкор ва дастрасӣ дар соҳаи тиҷорати байналмилалӣ аст. Тадбири муҳимми бештар ба рушди савдо мусоидаткунанда, ин ташкили системаи боэътимод фаъолияткунандаи гумрукӣ бо расмиёти стандартишуда, содагардонидашудаи, ҳамоҳангшуда, шаффоф ва пешгӯишаванда, назорат ва барасмиятдарории гумрукӣ, ки интиқоли босуръати молро тавассути сарҳад таъмин мекунад, мебошад.
4. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои ба қоидаҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани низоми гумрукӣ хеле пеш рафтааст. Бо вуҷуди ин, тамоюли ҷаҳонӣ ва талаботи иқтисодии солҳои охир, аз нав дида баромадани сиёсати вобаста ба рушди мақомоти гумруки ҷумҳуриро талаб менамояд, чунки айни замон онҳо имкониятҳои кифояи мувофиқати фавриро ба талаботи муосири сиёсати мутавозуни мусоидати тиҷорат ва таъмини самаранокии назорати гумрукӣ надоранд.
2. АРЗЁБИИ ВАЗЪИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТИ АСОСИИ РУШДИ МАҚОМОТИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми даҳсолаи охир як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, ки барои рушди мақомоти гумруки ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд, қабул гардид. Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалии муҳим, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалии почта (соли 1964), Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мувофиқакунонии шартҳои гузаронидани назорати бор дар сарҳад (соли 1982), Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи Низоми ҳамоҳангшудаи тасвир ва рамзгузории молҳо (соли 1983), Конвенсияи байналмилалӣ оид ба воридоти муваққатӣ (соли 1990), Созишномаи генералӣ оид ба тариф ва савдои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (соли 1994), Созишнома оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ (соли 1994), ҳаммонанд ва ҳамоҳанг карда шуд.
6. Дар самти фаъолияти гумрукӣ аз миёни санадҳои ҳуқуқии зикргардида Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (соли 1994) нақши назаррас дорад. Созишнома барои ташкили заминаи меъёрии таъсирбахш ҷиҳати амалӣ намудани ислоҳоти содагардонии минбаъдаи расмиёти савдо имконият медиҳад. Созишномаи мазкур аз моҳи феврали соли 2017 ба таври расмӣ мавриди амал қарор дода шуда, муқаррароти он барои иҷро аз ҷониби мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ гардидааст.
7. Ислоҳоти қаблан дар соҳаи танзими гумрукӣ гузаронидашуда имкон дод, ки истифодаи якхелаи меъёрҳои қонунгузории гумрукӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то андозае таъмин гардад. Дар доираи ислоҳоти гузаронидашуда системаи иттилоотии мақомоти гумрук ба таври қатъӣ рушд ёфт. Ислоҳот имконият дод, ки ба самаранок ва оқилона истифодабарии расмиёти гумрукӣ ноил гардида, сифати маъмуригардонии гумрукӣ баланд бардошта шавад. Эъломиякунонии электронии молу воситаҳои нақлиёт тавассути Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи (минбаъд - СИАЯ) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккул ва суръат бахшидани расмиёти назорату барасмиятдарории гумрукӣ имкон медиҳад ва ба ин восита дар фаъолияти савдои хориҷӣ муҳити мусоиди рақобатро фароҳам меорад. Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амалисозии вазифаҳои назоратӣ дар асоси усулҳои санҷишии баъди иҷозати мол барои гардиш дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ карда, низоми идоракунии таваккалро такмил медиҳанд.
8. Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ ва назораткунанда дар сатҳи нав қарор дода, оид ба тартиби мубодилаи маълумот ба мувофиқаи умум расиданд. Пешравиҳои муайян дар масъалаҳои ҳамкории мақомоти гумруки ҷумҳурӣ бо доираи тоҷирону соҳибкорон низ ба назар мерасад. Ин ҳамкорӣ дар шакли машварати расмӣ, аз ҷумла бо истифодаи имкониятҳои Шӯрои машваратии ҷамъиятии назди сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ба роҳ мондани мубодилаи иттилоотӣ аҳамияти фавридошта бо мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ вусъат ёфта истодааст.
9. Технологияи ташаккул ва пешбурди маълумоти омори гумрукӣ такмил дода шудааст. Дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук системаи тайёрӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо барои мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дараҷаи кофӣ ба роҳ монда шудааст.
10. Бо вуҷуди ин, айни замон фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои муайяннамудаи Созмони Умумиҷаҳонии Гумрукӣ (минбаъд - СУГ) барои мақомоти гумрук дар асри 21, ки бояд уҳдадориҳои нақшавии худро оид ба таъмини воридоти андоз ба буҷети давлатӣ бо расмиёти содагардонидашудаи ба интиқоли босуръати молу одамон мусоидаткунанда тавассути сарҳади гумрукӣ мувофиқ намоянд, ба қадри кофӣ ҷавобгӯй нест. Муқаррароти асосии расмиёти содагардонидашуда бо Конвенсияи таҷдидиназаршудаи Киото, Созишномаи СУС, инчунин, тавсияҳои СУГ муайян карда шудааст.
11. Мушкилоти алоҳидаи рушди институтсионалӣ ва техникии мақомоти гумруки ҷумҳурӣ, ҳалли худро наёфтанд, ки барои пурра ва куллан мутобиқ шудан ба таҷрибаи савдои мунтазам тағйирёбанда имкон намедиҳанд ва дар навбати худ ба коҳишёбии самарабахши маъмуригардонии гумрукӣ, рақобати бевиҷдонона ва афзоиши интиқоли ғайриқонунии мол тавассути сарҳади гумрукӣ, ба бозори дохилӣ роҳ ёфтани молҳои воридотии пастсифат ва зуҳуроти дигари манфӣ оварда мерасонанд. Ба номгӯи мушкилоти асосӣ инҳо мансуб мебошанд:
- ба мушоҳида расидани қафомонии ҷиддӣ аз таҷрибаи кории муосир, ки огоҳонии пешакӣ оид ба амалиёти тиҷорати хориҷӣ, истифодаи дастгоҳҳои системаи пайгирӣ намудани масири гардиши мол ва воситаҳои нақлиётро дар бар мегирад;
- фаъолияти нопурраи низоми идоракунии таваккал, набудани дарки нақши пешбарандаи низоми идоракунии таваккал;
- сатҳи баланди дучоршавии расмиёти гумрукӣ ба равандҳои коррупсионӣ, ки воридоти маблағҳоро ба буҷети давлатӣ ба таври назаррас коҳиш медиҳанд;
- истифодаи нопурраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки метавонанд ба расмиёти назорат ва барасмиятдарории гумрукӣ таъсири манфӣ расонанд;
- истифода набурдани имкониятҳои ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ва воситаҳои шарикии давлату бахши хусусӣ барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи гумрук ва соҳаҳои ба он наздик;
- сатҳи нокифояи таъминоти таҳлилию иттилоотии фаъолияти мақомоти гумрук;
- ҳамоҳангии нокифояи амалҳо байни мақомоти гуногуни давлатии амаликунандаи назорати сарҳадӣ;
- набудани дарки равшани нақши муосири мақомоти гумрук ҳамчун ҳамоҳангсози ҳамаи расмиёти содироту воридот ва транзити мол, аз ҷумла ҳангоми амалисозии назорати сарҳадӣ;
- рушди нокифояи муносибатҳои дуҷониба бо иштирокчёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (минбаъд-ФИХ), махсусан дар масъалаҳои иҷрои санадҳои меъерии ҳуқуқии дахлдор;
- сатҳи пасти иттилоотонии иштирокчиёни ФИХ ва тарафҳои дигари манфиатдор оид ба расмиёти гумрукӣ, меъёрҳои қонунгузории гумрукӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои тавассути технологияҳои иттилоотӣ пешниҳодшаванда;
- сатҳи нокифояи рушди инфрасохтори гумрукӣ ва инфрасохтори назорати сарҳадии истиснокунандаи такроршавии вазифаҳои назоратӣ;
- мавҷуд набудани маблағҳои худӣ барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва инфрасохтори гумрукию назорати сарҳадӣ;
- пешбурди кори пастсифат дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар робита ба набудани иқтидори кофӣ;
- имкониятҳои маҳдуди иттилоотикунонии воҳидҳои сохтории мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва коррупсия;
- истифодаи бесамари захираҳои техникӣ ва инсонӣ.
12. Дар шароити кунунии рушди мубодилаи байналмилалии мол ва тағйироти иқтисодии ҷаҳонӣ, ки мақомоти гумрук яке аз воситаи асосии тиҷорати байналмилалӣ мебошад, инчунин бо дар назар доштани афзоиши таҳдиди терроризми байналмилалӣ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва фаромарзӣ, зарурати таҷдид намудани маъмуригардонии гумрукӣ ва назорати сарҳадӣ мутобиқи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ пеш меояд.
13. Таҷдиди низоми муносибатҳои дохилӣ ва берунаи мақомоти гумрук бояд имкониятҳои мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти эътиногирии самаранок ва фаврӣ ба тағйироти дар соҳаи иқтисодиёт рӯйдиҳанда зиёд намуда, ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ бошад.
14. Мақомоти гумруки ҷумҳурӣ бояд тарзе азнавсозӣ карда шаванд, ки барои савдо шароити мусоиди содагардонидашударо фароҳам оранд ва он ҳамзамон воридоти бехатар ва муттасили маблағҳоро ба буҷети давлатӣ таъмин намояд.
15. Заминаҳои таҷдиду азнавсозии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳалли масъалаҳои дохилисистемавии дар банди 11 нишондода аз инҳо иборатанд:
- иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Созишномаи СУС, Конвенсияи Киото ва конвенсияҳои дигари соҳаи гумрукӣ, ки ташаккули қоидаҳои муфассали муассир ва шаффофи назорати гумрукиро талаб мекунанд;
- таваҷҷуҳи зиёди ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои амният ва зарурати таҳкими нақши мақомоти гумрук дар мубориза бо ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва сохторҳои ҷиноии фаромиллӣ;
- рақобати тақвиятёфтаистода дар савдо ва транзити мол дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳон;
- афзоиши миқдори шартномаҳои минтақавӣ ва дуҷонибаи тиҷоратии тақвиятдиҳандаи ҳамгироии минтақавӣ;
- тамоюли савдои байналмилалӣ оид ба коҳиш додани меъёрҳои тарифӣ дар натиҷаи сиёсати савдои озод ва нисбатан камшавии ҳиссаи пардохти боҷи гумрукӣ дар ҳаҷми умумии воридоти андозӣ;
- тавсеаи таҷрибаи байналмилалӣ оид ба татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда (муттаҳид)-и назорат дар сарҳад ва таҳкими масъулияти мақомоти гумрук дар ташкили ҳамкориҳо ҳангоми амалӣ намудани назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳои гумрукӣ;
- ҳадафгузории меъёрҳо ва қоидаҳои байналмилалӣ (тавсияҳои Комиссияи Иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид ва СУГ) оид ба рушд ва истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар савдои байналмилалӣ, ки силсилаи таъминоти байналмилалиро бо усули "савдои наздисарҳадии бекоғаз" осон мекунанд.
3. ҲАДАФҲОИ АСОСӢ ВА АФЗАЛИЯТҲОИ БАРНОМА
16. Барнома барои баланд бардоштани шаффофият ва сифати хизматрасониҳои гумрукии пешниҳодшаванда ҳадафгузорӣ шудааст. Пешбинӣ мешавад, ки беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои гумрукӣ бояд барои рушди савдои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам орад.
17. Баланд бардоштани сифат ва шаффофияти хизматрасонии гумрукиро бе таҷдиди расмиёти гумрукӣ ва мутобиқгардонии усулҳои назорати гумрукӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи Конвенсияи Киото, Созишномаи СУС ва тавсияҳои СУГ амалӣ намудан имконнопазир аст.
18. Дар Барномаи мазкур диққати асосӣ ба ҷорӣ намудани муносибатҳои зерини дар таҷрибаи байналмилалии маъмуригардонии гумрукӣ истифодашаванда дода мешавад:
- баланд бардоштани нақши мақомоти гумрук дар роҳандозии ҳамкориҳои байниидоравӣ зимни идоракунии ҳамгироишудаи сарҳад, ки такроршавии назорати сарҳадии молу борро барҳам медиҳад;
- рушди ҳамкориҳои мақомоти гумрук бо иштирокчиёни ФИХ, ки ба талаботи Созишномаи СУС оид ба таъмини амнияти савдо ва рушди муносибатҳои мунтазами машваратӣ бо иттиҳодияҳои тиҷоратӣ асос ёфта, барои коркарди қоидаҳо ва расмиёти бо дар назар доштани манфиати тарафҳо мувофиқашуда зарур мебошад;
- таъмини тартиби содагардонидашудаи савдо барои иштирокчиёни бовиҷдонаи ФИХ, аз ҷумла амалӣ намудани талаботи байналмилалӣ барои танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ;
- гузаронидани муҳиммияти назорати гумрукӣ аз марҳилаи барасмиятдарорӣ ба марҳилаи баъди иҷозати мол бо ёрии низоми идораи таваккал;
- рушди ҳамкории байниидоравии электронӣ ва гирифтани маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ бо усули "Равзанаи ягона", "Истгоҳи ягона" ва ҷорӣ намудани усули "савдои бекоғаз";
- ҷорӣ намудани иттилоотонии пешакии мусоидаткунандаи кам кардани муҳлат ва суръатбахшии низоми иҷозати мол барои муомилоти озод;
- таъмини дастрасии озоди шахсони бо савдо машғулбуда, тарафҳои дигари манфиатдор ва шахсони дигар ба иттилооти тиҷоратии дахлдор.
19. Амалӣ намудани Барнома динамикаи афзоиши тиҷорати байналмилалӣ, афзалиятҳои миллӣ, инчунин, афзоиши таҳдидҳои террористии фаромиллӣ ва фаромарзиро ба инобат мегирад.
21. Барнома тақким бахшидани заминаҳои моддию техникӣ ва махзани иттилоотии мақомоти гумруки ҷумҳурӣ, васеъ намудани имкониятҳои онҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои мақоми мутобиқаткунандаи ҳамаи расмиёти содироту воридот ва транзити мол, аз ҷумла ҳангоми амалисозии назорати сарҳадӣ пешбинӣ менамояд.
22. Барои амалӣ намудани муносибатҳои нав дар фаъолияти мақомоти гумруки ҷумҳурӣ бояд ҳалли масъалаҳои афзалиятнокро дар самти такмили фаъолияти гумрукӣ таъмин намуд.
4. САМТҲОИ АСОСИИ ТАКМИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ
§1. Такмил додани қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
22. Бо мақсади такмил додани қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани ин корҳо зарур аст:
- таъмини ҳаммонандкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ бо санадҳои СУС, СУГ, кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд - ИДМ) ва ташкилоту сохторҳои дигари молиявию иқтисодии байналмилалӣ;
- такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
- беҳтар намудани сифати батанзимдарории гумрукӣ бо мақсади фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиш додани воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ, ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ, ҳимояи объектҳои моликияти зеҳнӣ ва дастгирии фаъолияти савдои хориҷӣ;
- такмил додани маъмурикунонии гумрукӣ, аз ҷумла вусъат бахшидани системаи идоракунии таваккал дар асоси татбиқи расмиёти гумрукӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ;
- таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, муқовимат ба ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва андешидани тадбирҳо дар соҳаҳои амнияти иқтисодӣ, экологӣ, биологӣ, беҳдоштӣ, эпидемиологӣ, иттилоотӣ, радиатсионӣ ва ғайра;
- рушди эъломиякунонии гумрукии электронӣ, вусъат бахшидани ҷараёни татбиқи лоиҳаи ташкили равзанаи ягонаи гумрукӣ, аз ҷумла содагардонӣ ва марказикунонии низоми супоридани пардохтҳои гумрукӣ;
- таҳкими ҳамкориҳои мақомоти гумрук бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ;
- тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти гумрук дар мубориза бар зидди қочоқ;
- таҳияи чорабиниҳо ҷиҳати бартараф намудани хавфу хатар ва таҳдидҳо ба муҳити зист ва пешгирии воридоту содироти ғайриқонунии объектҳои олами наботот ва ҳайвонот;
- андешидани тадбирҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус даст кашидан аз воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, доруворӣ, биологӣ ва маҳсулоти дигари ба саломатии инсон зараровар, аз ҷумла организмҳои аз ҷиҳати ирсӣ (генетикӣ) тағйирёфта;
- анҷомбахшии корҳо оид ба таъмин намудани мақомоти андоз бо маълумоти омори гумрукӣ дар бораи содироту воридот дар шакли электронӣ;
- такмили технологияҳои ташаккул, коркард ва пешбурди маълумоти омори гумрукӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ.
§2. Такмили маъмуригардонии гумрукӣ
23. Такмили кори мақомоти гумрук дар гузаргоҳҳои назоратӣ бо рушди технологияҳои иттилоотӣ ва иттилоотонии пешакӣ алоқаи ҷудонопазир дорад. Маълумоти пешакӣ, ки дар худ ҳамаи иттилооти заруриро дар бар мегирад, барои аз ҷониби мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон кам кардани ҳолатҳои истифодаи воситаҳои иловагии назорат, воситаи асосӣ мебошад. Бо мақсади такмил додани механизмҳои назорати давлатӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар саросари Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки пешбурди маълумотдиҳии ҳатмии пешакиро оид ба моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, анҷом диҳанд.
24. Омили асосии расидан ба ҳадафҳои пешгузоштаи мақомоти гумрук дар самти коҳиш додани вақти анҷомдиҳии амалиёти гумрукӣ ва мусоидатнамоӣ ба тиҷорати байналмилалӣ, ин худкоркунонии равандҳои назорати гумрукӣ мебошад. Ҷорӣ намудани дарҳол қабулшавии қарор ҳангоми эъломиякунонии молҳо рушди минбаъдаи системаи электронии эъломиякунониро талаб мекунад, ки кори он танҳо ба истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ асос ёфтааст. Бо мақсади рушди минбаъдаи эъломияи электронӣ, такмил додани технологияи транзити электронӣ низ пешбинӣ шудааст. 25. Гузаштан ба эъломиякунонии электронии моли таҳти расмиёти гумрукии транзит қарордошта, барои коҳиш додани муҳлати анҷомдиҳии амалиёти гумрукӣ имкон медиҳад, сатҳи ҳамкории иттилоотии мақомоти гумрук ва иштирокчиёни ФИХ ба таври назаррас боло рафта, коркарди худкори маълумоти дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда мавҷудбударо таъмин менамояд ва дар натиҷа қабули ҳар чи тезтари қарорҳоро амалӣ месозад, инчунин, ба иштирокчиёни ФИХ пешниҳоди якмаротибаинаи ҳуҷҷатҳои барои гузаронидани амалиёти гумрукӣ зарурӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо дар ҳама марҳилаҳои амалиёти гумрукӣ таъмин мегардонад.
26. Эъломиякунонии электронии расмиёти гумрукии транзит имкон медиҳад, ки чанд мушкилоти зерин ҳалли худро ёбад:
- гузаронидани арзёбии таваккал то ба гузаргоҳи назоратӣ ворид шудани воситаи нақлиёти бордор;
- ба роҳ мондани банақшагирии чорабиниҳои назорати гумрукӣ нисбати молу воситаҳои нақлиёт, ки дар гузаргоҳҳои назоратӣ гузаронида мешаванд;
- кам кардани вақти қарордошти воситаи нақлиёти бордор дар гузаргоҳҳои назоратӣ;
- афзоиш додани ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби суръатбахшии вақти гузаронидани расмиёти гумрукӣ;
- коҳиш додани сатҳи коррупсия тавассути низоми ҳамаҷонибаи худкори баҳисобгирӣ ва назорат;
- пешбурди гардиши электронии ҳуҷҷатҳо бо истифодаи тағйирёбии минбаъдаи иттилоот (аз ҷумла, истеъмолунандаи ниҳоии мол).
27. Такмил додани маъмурикунонии гумрукӣ дар самти татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ҳангоми эъломиякунонии гумрукӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- таъсиси марказҳои ҳудудии тақсимоти эъломиякунонии электронӣ;
- мутамарказонии эъломиякунонии молҳо дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ - марказҳои эъломиякунонии электронӣ;
- ҷойгиронии дидбонгоҳҳои гумрукӣ-марказҳои эъломиякунонии электронӣ дар ҷойҳои ба моликияти давлат мансуббуда;
- иҷрои амалиёти гумрукии марбут ба бақайдгирии эъломияи молҳо ва иҷозати молҳои бе таваккал, аксаран дар низоми худкор;
- содагардонии маъмуригардонии гумрукӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди гумрукӣ;
- анҷом додани арзёбии таваккал то ба гузаргоҳи назоратӣ ворид шудани воситаи нақлиёти бордор;
- банақшагирии баргузории чорабиниҳои назорати гумрукӣ нисбат ба молу воситаҳои нақлиёте, ки дар гузаргоҳҳои назоратӣ гузаронида мешаванд;
- истифодаи маҷмааҳои бозрасию санҷишӣ ва системаҳои гумрукии сайёр барои ошкор намудани маводи ядроии тақсимшаванда ва радиоактивӣ; - навсозии маҷмааҳои бозрасию санҷишӣ бо мақсади беҳтар намудани хусусиятҳои техникию истифодабарӣ ва васеъ кардани захираҳои техникии таҷҳизоти технологӣ;

- пешбурди гардиши электронии ҳуҷҷатҳо бо истифодаи тағйирёбии минбаъдаи иттилоот (аз ҷумла, аз ҷониби истеъмолунандаи ниҳоии мол).
28. Айни замон, такмил додани назорати гумрукӣ баъди иҷозати мол яке аз самтҳои афзалиятноки рушди мақомоти гумрук мебошад. Мақсадҳои асосии такмил додани назорати гумрукӣ баъди иҷозати мол чунин аст:
- ташкили механизми пайгирикунандаи гардиши мол аз лаҳзаи ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан то лаҳзаи ба истеъмолкунанда додани он, инчунин рушди ниҳоди тамғагузории мол бо мақсади аз байн бурдани истифодабарии нақшаҳои гуногуни саркашӣ кардан аз пардохтҳои гумрукӣ ва дигар аз ҷониби санҷишкунандагон, ки ситонидани пардохтҳо ба зиммаи мақомоти гумрук вогузор шуда, ба самаранок гузаронидани назорати гумрукӣ мусоидат мекунад, аз ҷумла аз шахсоне, ки савдои яклухт ва чаканаи моли ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшударо ба роҳ мондаанд;
- таъсиси механизми ягонаи маъмуригардонии гумрукию андоз, инчунин, назорати асъори ба таъсис ва истифодаи технологияҳои иттилоотию телекоммуникатсионии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ асосёфта;
- такмили воситаҳои таъсисёфтаи ба таъмини ҷамъоварии пурраи пардохтҳои гумрукӣ ва дигар равонашуда, бо дар назар доштани азнавтақсимкунии сарбории маъмурӣ оид ба назорати гумрукӣ нисбати иштирокчиёни бовиҷдони ФИХ аз марҳилаи эъломиякунонии гумрукӣ ва иҷозати мол ба марҳилаи баъди иҷозати мол;
- худкории интихоби объектҳои назорат, инчунин, равандҳо, (функсияҳо) бо мақсади амалисозии назорати баъди иҷозати мол;
- коҳиши ҳаддиақалии истифодаи миқдори шаклҳои назорат бо ҳамзамон баланд бардоштани самаранокии онҳо.
29. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми назорати гумрукӣ пас аз иҷозати мол дар шароити содагардонии анҷом додани амалиёти гумрукӣ самтҳои асосӣ инҳоянд:
- такмили ҳамкориҳои байниидоравӣ бо мақомоти давлатӣ ва дигари назораткунанда, инчунин, намояндагони иттиҳодияҳои бузурги тиҷоратӣ, бо мақсади муқовимат ба гардиши ғайриқонунии мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- давра ба давра ба марҳилаи баъди иҷозати мол гузаштани таваҷҷӯҳи назорати гумрукӣ.
§3. Рушди низоми идоракунии таваккал
30. Таъмини муносибати ягона ба гузаронидани назорати гумрукӣ бо истифода аз низоми идоракунии таваккал дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи Хадамоти гумрук мутамарказонии функсияҳои истифодабарии воситаҳои идоракунии таваккалро, ки барои татбиқи тадбирҳои коҳиши ҳаддиақали таваккалро нисбати ду ё зиёда аз он миқдори (партияи) молӣ пешбинӣ шудааст, талаб менамояд.
31.Рушди минбаъдаи системаи марказҳои пайгирӣ (мониторинг)-и фаврӣ ва идоракунии таваккал барои таъмини назорати фаврӣ аз болои равандҳои анҷом додани амалиёти гумрукӣ ва андешидани чораҳои эътиноӣ нисбати таваккалҳои ошкоршудаи вайронкунии қонунгузории гумрукӣ шарти зарурӣ мебошад.
32. Аз ҷониби Хадамоти гумрук ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ ва маҷмӯи низомҳои амалкардҳои худкор, бояд талаботи навро ба раванди идоракунии таваккал дар мақомоти гумрук оид ба татбиқи назорати ҳамаҷонибаи фаврӣ муқаррар намояд. Илова бар ин, зарур аст, ки принсипи муҳимтарини татбиқи системаи идоракунии таваккал - гузаронидани назорати гумрукӣ дар ҳаҷми ҳадди ақали барои таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, дар амал татбиқ шавад.
33. Вазифаҳои асосии такмилдиҳӣ ва рушди низоми идоракунии таваккал чунин аст:
- таъмини худкоркунонии равандҳои муайянкунии таваккал бо истифодаи барномаҳои махсус дар сатҳи на камтар аз 50 фоиз то соли 2024;
- татбиқи намунаи ба субъект нигаронидашудаи низоми идоракунии таваккал дар асоси се сатҳи дараҷабандии таваккал ҳангоми гурӯҳбандии иштирокчиёни ФИХ ва такмили минбаъдаи муносибатҳо ба ҳаммонандкунии сатҳи таваккали қонунвайронкуниҳои гумрукӣ аз тарафи иштирокчиёни ФИХ;
- тақсимоти татбиқи тадбирҳо оид ба коҳиши ҳаддиақалии таваккал дар марҳилаи то ва баъди иҷозати мол вобаста ба дараҷаи хавфи вайронкунии қонунгузории гумрукӣ аз ҷониби иштирокчиёни ФИХ;
- стандартизатсияи фаъолияти санҷишӣ, аз ҷумла бо инобати истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит (тавсияҳои идоракунии таваккали СУГ);
- таъсиси воситаҳои ҳисобдорӣ ва банақшагирии чорабиниҳои санҷишӣ бо мақсади таъмини саривақтӣ ва баҳисобгирии пурраи натиҷаҳои фаъолияти санҷишӣ дар доираи татбиқи назорати гумрукии баъди иҷозати мол бо истифодаи воситаҳои барномавии махсус;
- андешидани чораҳо дар самти коҳиш додани ҳолатҳои ба миён омадани қарздорӣ оид ба пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳо аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти санҷишӣ дар доираи амалисозии назорати гумрукии баъди иҷозати мол бо истифода аз воситаҳои барномавии махсус;
- ҷорӣ намудан ва истифодабарии таҳлилҳои маълумоти зеҳнӣ дар раванди идоракунии таваккал.
§4. Такмил додани амалисозии иҷрои вазифаҳои молиёт (фискал)-ӣ
34. Такмил додани амалисозии вазифаҳои молиёт (фискал)-ӣ ба татбиқи босамари назорати риояи меъёрҳои қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андоз ва пардохтҳо, дурустии ҳисобкунӣ ва сари вақт супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳо бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ асос меёбад.
35. Бо мақсади такмил додани фаъолият дар татбиқи функсияҳои молиёт (фискал)-ӣ иҷрои вазифаҳои зерин заруранд:
- диверсификатсия ва автоматикунонии механизмҳои супоридани пардохтҳои гумрукӣ, аз ҷумла бо мақсади кам кардани сарбории маъмурӣ ба иштирокчиёни ФИХ ва баланд бардоштани самаранокии назорат аз болои дурустии ҳисобкунӣ ва пардохти саривақтии онҳо, таҳияи системаҳои онлайн (online)-и супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва пардохтҳои дигаре, ки аз ҷониби мақомоти гумрук идора карда мешаванд;
- таҳияи баҳисобгирии мутамарказонидашудаи маблағҳои пулии пардохткунандагон бо мақсади кам кардани муҳлати анҷом додани амалиёти гумрукӣ ва коҳиши ҳаддиақалии хароҷоти пардохткунандагони пардохтҳои гумрукӣ;
- такмили тадбирҳое, ки ба коҳиши ҳаддиақалии ҳолатҳои ба вуҷуд омадани қарзҳо дар супоридани пардохтҳои гумрукӣ, пардохтҳои дигар, ҷаримаҳо ва фоизҳо, аз ҷумла тавассути таъмини иҷрои уҳдадории супоридани пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ нигаронида шудаанд;
- истифодаи технологияҳои электронӣ ҳангоми маъмурикунонии таъмини иҷрои уҳдадориҳо оид ба супоридани пардохтҳои гумрукӣ;
- истифодаи технологияҳои электронӣ ҳангоми ташкили ситонидани қарздории бавуҷудомада дар пардохти боҷҳои гумрукӣ ва ҷаримаҳо дар доираи ҳамкории байниидоравӣ;
- ташкил ва рушди хизматрасонии иттилоотии ҳисоби шахсӣ дар утоқи шахсии иштирокчиёни ФИХ дар сомонаи расмии Хадамоти гумрук, аз ҷумла муносибгардонии равандҳои идоракунӣ ва назорати маблағҳои пулӣ;
- ба роҳ мондани корҳои таҳлилӣ дар доираи назорати пурра ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва пардохтҳои дигар дар шароити баҳисобгирии мутамарказонида;
- такмил додани механизми пешниҳоди батаъхирандозӣ ва дароз кардани муҳлати супоридани пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми эъломиякунонии мол ва назорати муҳлати пардохти онҳо;
- такмили маъмуригардонии имтиёзҳо оид ба супоридани пардохтҳои гумрукӣ чи дар марҳилаи эъломиякунонии мол ва чи дар марҳилаи баъди иҷозати мол;
- фароҳам овардани шароитҳои барҳамдиҳандаи истифодабарии нақшаҳои ҳаргунаи саркашӣ аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва ошкор намудани интиқоли пинҳонии молу маблағҳо;
- таъмини пуррагӣ ва саривақтии гузаронидани пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ;
- таҳияи низоми пардохтҳои фосилавии гумрукӣ;
- ба роҳ мондани ҳамкории судманди мақомоти гумрук ва андоз дар ташкили механизми ягонаи маъмуригардонии андоз ва пардохтҳои гумрукӣ.
§5. Амалисозии назорати асъор
36. Шароити нави фаъолияти Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тағйироти глобалӣ зарурати рушд ё такмили минбаъдаи назорати асъорро, ки аз ҷониби мақомоти гумрук амалӣ мегардад, ба миён меорад. Ташкили механизми ҳуқуқии муассири назорати асъор шарти зарурии таъмини манфиатҳои иқтисодии давлатӣ ба ҳисоб меравад. Мақсадҳои асосии роҳандозии назорати асъор чунин аст:
- таъмини тадбирҳои пешгирикунандаи ба бартараф намудани вайронкуниҳои қонунгузории асъорӣ аз ҷониби ташкилотҳо дар бахши воқеии иқтисодиёт нигаронидашуда тавассути ноилшавӣ ба сатҳи баланди ташкили аз ҷониби мақомоти гумрук амалисозии назорати амалиёти асъории марбут ба интиқоли мол;
- таҳия ва амалисозии чорабиниҳои маҷмӯӣ дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук, ки вазифаҳоро дар самти назорати асъор татбиқ месозанд ва бо воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти гумрук;
- такмили системаи ҳамкориҳои байниидоравии иттилоотӣ дар самти гирифтани маълумот ва муайян кардани амалиёти молиявии шубҳаноке, ки резидентҳо анҷом медиҳанд, бо мақсади бартараф намудани сарбории зиёди маъмурӣ барои иштирокчиёни бовиҷдони ФИХ.
§6. Такмил додани фаъолияти мақомоти гумрук дар самти таъмини риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳо, ҳамчунин, ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ нисбат ба молҳои воридотӣ (содиротӣ)
37. Мақсадҳои асосии такмил додани фаъолияти мақомоти гумрук бо дар назар доштани риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳо, инчунин, ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ нисбат ба молҳои воридотӣ (содиротӣ) чунинанд:
- ноил гардидан ба сатҳи фаъолияти унсурҳои алоҳидаи механизми ягонаи худкори анҷомдиҳандаи амалиёти гумрукӣ, ки ба амалисозии ҳамкории байни мақомоти гумрук ва ҷонибҳои манфиатдор бо иштироки ҳадди ақалли шахсони мансабдори мақомоти гумрук ва дар низоми вақти ба воқеият наздик, имконият медиҳад;
- ҷамъоварии қувваҳои асосӣ ва воситаҳои таъминкунандаи риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳои мақомоти гумрук, инчунин, ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар марҳилаи анҷомёбии амалиёти гумрукии пеш аз пешниҳоди эъломияи гумрукӣ ва (ё) баъди иҷозати мол;
- ҳифзи захираву имконоти низоми мақомоти гумрук ҷиҳати роҳ надодан ба зарар овардан ба манфиатҳои ҳифзи амнияти миллӣ, ҳаёт ва саломатии инсон, олами наботот ва ҳайвонот, муҳити зист, инчунин ҳимояи ҳуқуқҳо ба объектҳои моликияти зеҳнӣ;
- фароҳам оварадни шароитҳое, ки зимни онҳо истифодабарии мамнӯият ва маҳдудиятҳо нисбати мол барои истифодаи технологияҳои бақайдгирии худкор монеа намешаванд;
- ҷорӣ намудани механизми "Равзанаи ягона" бо дар назар доштани таҷриба ва амалияи байналмилалии умумиқабулшуда;
- такмил намудани принсипи "Истгоҳи ягона" бо дар назар доштани таҷриба ва амалияи байналмилалии умумиқабулшуда;
- амалӣ намудани механизмҳои иттилоотонии пешакии ҳатмӣ дар самти коҳиши ҳаддиақалии таваккалҳои риоя нашудани ҳуқуқҳои вобаста ба риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳо;
- нораво будани татбиқи расмиёти содагардонидашуда ҳангоми анҷом додани амалиёти гумрукӣ бо молҳое, ки бояд таҳти назорати иловагии назорати давлатӣ қарор гиранд ва ҳамчун молҳои таваккалӣ ҳаммонанд шуда, санҷиши иловагиро талаб мекунанд;
- такмили системаи ҳамкории байниидоравии электронӣ бо мақсади таъмини имконияти гирифтани ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти аз онҳо зарур ҷиҳати анҷом додани амалиёти гумрукӣ аз системаи иттилоотии мақомоти давлатии (ташкилотҳои) давлатҳои узви ИДМ дар доираи ҳамкориҳои иттилоотии мақомоти гумрукӣ, инчунин, мақомоти (ташкилотҳои) ғайридавлатӣ.
§7. Рушди фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ
38. Муқовимат бар зидди даъвату таҳдидҳо дар соҳаи амнияти миллии давлат, ҳадафи асосии такмил додани фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ мебошад. 39. Хавфи асосӣ ба амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аз ҷониби субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии содиркунандаи кирдорҳои ғайриқонунии дорои аломатҳои ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ мебошад. Дар робита ба ин, кӯшишҳои асосии воҳидҳои сохтории ҳифзи ҳуқуқии мақомоти гумрук ба огоҳкунӣ, пешгирӣ, ошкор ва кушодани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии марбут ба салоҳияти мақомоти гумрук, пешгирии роҳҳои қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи муташаккил дар самти фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ҷуброни зарари иқтисодии тавассути содиркунии ҷиноят ба давлат расонидашуда равона карда шудааст. Вазифаҳои асосӣ оид ба рушди фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ чунинанд:
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар робита бо кам кардани муҷозот барои ҳуқуқвайронкуниҳои сабук;
- такмили ташкили кори мақомоти гумрук оид ба иҷрои қарорҳои марбут ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- баланд бардоштани сифати истеҳсолоти маъмурӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла бо роҳи васеъ намудани имкониятҳои ташаккули маҳзани исботкунанда оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ бо истифода аз системаҳои иттилоотии мақомоти гумрук ва мақомоти дигари ҳокимияти иҷроия;
- такмили назорати дохилиидоравии фаъолияти оперативӣҷустуҷӯии мақомоти гумрук, ки ба баланд бардоштани сифати пешбурд ва натиҷабахшии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нигаронида шудааст;
- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти воҳидҳои сохтории оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти гумрук оид ба ошкор, пешгирӣ, ва бартараф намудани ҷиноятҳои вобаста ба саркашӣ кардан аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва мубориза бар зидди намудҳои махсусан хатарноки қочоқ;
- такмили низоми пешгирикунандаи ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи гумрук;
- такмили низоми пайгирӣ (мониторинг) ва назорати интиқоли маблағҳои пули нақд ва ё воситаҳои пулӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин андешидани маҷмӯи тадбирҳо оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҳангоми интиқоли пули нақд ва ё воситаҳои пулӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тавсияҳои Гурӯҳи таҳияи чораҳои молиявии мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо (ФАТФ);
- коҳиш додани ҳаҷми интиқоли ғайриқонунии сармоя аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муқовимат ба нақшаҳои ғайриқонунии интиқоли маблағ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, аз ҷумла дар доираи амалиёти бардурӯғ (қалбакӣ) анҷомдодашаванда;
- таъмини воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ бо системаҳои муосири иттилоотии ҷустуҷӯи зеҳнии маълумот аз манбаъҳои кушодаи иттилоот ва пайгирӣ (мониторинг)-и воситаҳои ахбори омма;
- такмили ҳамкории дохилиидоравӣ, байниидоравӣ ва байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии таъмини мамнӯияту маҳдудиятҳо, муқовимат ба гардиши молҳои қалбакӣ, муқовимат ба интиқоли сармоя ба хориҷа, ки бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм алоқаманд аст, аз ҷумла бо роҳи васеъ кардани доираи ваколатҳои мақомоти гумрук ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо дар ин соҳаҳо.
§ 8. Такмили таъминоти ҳуқуқии фаъолияти мақомоти гумрук
40. Яке аз омилҳои асосии расидан ба ҳадафҳои стратегии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ин риояи талаботи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиёни ФИХ, шахсони ба фаъолияти гумрукӣ машғулбуда, шахсони воқеӣ, инчунин мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори он мебошад. Ҳадафҳои асосии такмилдиҳии заминаи ҳуқуқии фаъолияти мақомоти гумрук чунин аст:
- таъмини риояи ягонаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон чи аз ҷониби мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори он ва чи аз ҷониби иштирокчиёни ФИХ, шахсони ба фаъолияти гумрукӣ машғулбуда ва шахсони воқеӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баланд бардоштани сатҳи қонунияти қарорҳо, амалҳои (беамалии) дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ қабулшаванда (иҷрошаванда);
- баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии иштирокчиёни ФИХ, шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ машғулбуда ва шахсони воқеӣ ба шикоят овардан тариқи маъмурӣ аз болои қарорҳо, амали (беамалии) қабулшуда дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
- такмили механизми мавҷуда ва таъсиси механизмҳои нави фаъолияти ҳуқуқӣ бо дар назар доштани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи бадастомада;
- рушди корҳои иттилоотию таҳлилии соҳаи ҳуқуқӣ дар мақомоти гумрук;
- такмили тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои мақомоти гумрук оид ба маълумотдиҳӣ дар бораи санадҳои қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, инчунин корҳои машваратӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои гумрукӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба салоҳияти мақомоти гумрук;
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии шахсони мансабдори мақомоти гумрук ва сатҳи касбии онҳо тавассути ба роҳ мондани корҳои системавии таълимию методӣ.
§9. Рушди технологияҳои иттилоотӣ- коммуникатсионии мақомоти гумрук
41. Истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон сифати маъмуригардонии гумрукиро беҳтар менамояд, худкории раванди ворид гардидани даромадҳоро ба буҷети давлатӣ таъмин менамояд, хароҷоти иштирокчиёни ФИХ-ро вобаста ба иҷрои амалиёти гумрукӣ ба ҳадди ақал коҳиш медиҳад, риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳоро таъмин менамояд, инчунин, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҳифзи моликияти зеҳниро кафолат медиҳад.
42. Самаранокии фаъолияти гумрукӣ бевосита аз вазъи таъминоти иттилоотию техникии мақомоти гумрук вобаста аст, ки рушди он бояд дар самтҳои зерин амалӣ карда шавад:
- фароҳам овардани шароитҳои мусоиди таъминкунандаи фаъолияти устувори воситаҳои иттилоотию техникии мақомоти гумрук;
- рушди воситаҳои барномавию иттилоотӣ;
- давра ба давра таҷҳизонидани мақомоти гумрук бо воситаҳои иттилоотию техникӣ ва таъминоти барномавии ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ.
43. Ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои молиявие, ки барои технологияҳои иттилоотию алоқа ҷудо карда мешаванд, дар ояндаи наздик барои рушди таъминоти иттилоотию техникии мақомоти гумрук бояд чорабиниҳои афзалиятнок гузаронида шавад, аз ҷумла:
- пешниҳоди хизматрасониҳои алоқа ва таъмини мубодилаи иттилоот;
- истифодабарии воситаҳои иттилоотию техникии мақомоти гумрук;
- навсозӣ ва пешбурди таъминоти барномавии махсуси СИАЯ-и мақомоти гумрук;
- ҷорӣ намудани коргузории электронӣ дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва воҳидҳои сохтории минтақавии он;
- қисман нав намудани таҷҳизоти компютерӣ, воситаҳои ҳимояи иттилоотию алоқа, идора ва интиқоли иттилооти муҳлати истифодабариашон гузашта;
- давра ба давра навсозии маркази асосии барномавию коммуникатсионии коркарди маълумот, аз ҷумла ба воҳиди мустақил ҷудо намудани маҷмӯи воситаҳои ҳисоббарории дорои замимаҳои дар низоми вақти воқеӣ фаъолияткунанда.
§10. Такмили кор бо кадрҳо
44. Расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои ба зиммаи мақомоти гумрук вогузоршуда тавассути мунтазам ва мақсаднок амалисозии сиёсати кадрӣ ба роҳ монда мешавад. Самтҳои асосии такмили кор бо кадрҳо чунин аст:
- такмили кор бо кадрҳо
- интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо;
- таъмини сатҳи зарурии касбии шахсони мансабдори мақомоти гумрук;
- риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат бо коррупсия дар мақомоти гумрук;
- такмили идоракунии ҳайати кадрии мақомоти гумрук ва баланд бардоштани сифати ташаккули ҳайати кадрӣ;
- такмили системаи рушди тахассусии шахсони мансабдори мақомоти гумрук, баланд бардоштани сатҳи касбият ва салоҳиятнокии онҳо;
- такмили заминаҳои таълимию методӣ ва илмии Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук бо дар назар доштани тавсияҳои СУГ;
- баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии шахсони мансабдори мақомоти гумрук тавассути бонизом ва мақсаднок ба роҳ мондани корҳои таълимию методӣ;
- такмили механизмҳои зиддикоррупсионӣ.
§11. Рушди экспертиза ва таҳқиқот ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ
45. Вазифаи асосии Озмоишгоҳи гумрукии марказии Хадамоти гумрук таъмини мутахассисони баландихтисос ва таъминоти таҳқиқии пурраи мақомоти гумрук ҳам барои мақсадҳои назорати гумрукӣ ва ҳам барои мақсадҳои ҳифзи ҳуқуқӣ мебошад.
46. Ҳадафи рушди минбаъдаи экспертиза ва таҳқиқот дар татбиқи назорати гумрукӣ чунин аст:
- таъмини сатҳи баланди илмӣ-техникии заминаҳои техникии Озмоишгоҳи гумрукии марказии Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани экспертизаҳои гумрукӣ ва инфрасохтори ҷавобгӯи талаботи стандартҳои озмоишгоҳҳои гумрукӣ (тавсияҳои СУГ);
- ташкил ва бо пойгоҳи техникии (асбобии) муосир муҷаҳҳазсозии озмоишгоҳҳои минтақавии гумрукӣ барои иҷрои экспертизаҳои гумрукӣ;
- вусъат бахшидани таҷрибаи истифодаи низоми ҳамкориҳои дохилиидоравии электронӣ бо мақсади кам кардани вақти қабули қарорҳо;
- коҳиш додани вақти гузаронидани экспертизаҳои гумрукӣ, инчунин, экспертизаҳое, ки нисбати парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ бо роҳи сермаҳсулии истеҳсолот таъин карда мешаванд;
- таъсиси воситаҳои баҳисобгирии натиҷаҳои экспертизаҳои гумрукӣ дар доираи ташкили идоракунии таваккал бо истифода аз воситаҳои барномавии махсус.
§12. Такмил додани инфрасохтори гумрукӣ
47. Бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳои ба зиммаи мақомоти гумрук вогузоршуда, бунёди инфрасохтори ҷавобгӯи талаботи муосир зарур мебошад. Барои ҳалли ин масъалаҳои зерин зарур аст:
- дар доираи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва идоравӣ сохтмон ва таҷдиду азнавсозии биноҳои хизматию истеҳсолӣ, аз ҷумла наздик ба сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз рӯи зарурат хариди объектҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ё маблағҳои махсус;
- муҷаҳҳазсозии дидбонгоҳҳои гумрукӣ бо воситаҳои муосири техникии назорати гумрукӣ, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд;
- ҷалби сармоя ҷиҳати бакорандозии объектҳои сохтмонашон нотамом ва қитъаҳои замини ба мақомоти гумрук ва муассисаҳои пешниҳодгашта, ки дар тобеияти Хадамоти гумрук қарор доранд;
- ҷалби маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ барои сохтмон ва муҷаҳҳазсозии дидбонгоҳҳои гумрукӣ.
§13. Рушди ҳамкории байниидоравӣ
48. Самтҳои асосии рушди ҳамкориҳои байниидоравӣ:
- аз ҷониби Хадамоти гумрук такмил додани воситаҳои дохилии механизми "Равзанаи ягона" ва " Истгоҳи ягона";
- эъломиякунонии электронӣ бо риояи ҳатмии пешниҳоди яккаратаи ҳуҷҷатҳо дар доираи ҳамкориҳои иттилоотии байниидоравӣ;
- тариқи худкор қабул гаштани қарорҳои қонунан муҳим, аз ҷумла бақайдгирии бевоситаи эъломияи молҳо, иҷозати худкори мол дар асоси иҷозатномаҳои аз ҷониби мақомот додашуда ва маълумот аз СИАЯ-и мақомоти гумрук;
- татбиқи равандҳои умумии ҳамкориҳои мутақобилаи иттилоотӣ дар байни ҳамаи иштирокчиёни манфиатдори равандҳои тиҷоратӣ;
- аз ҷониби мақомоти гумрук густариш бахшидани самтҳои истифодаи маълумоти пешакӣ ҳангоми анҷоми амалиёти гумрукӣ ва эъломиякунонӣ, татбиқи расмиёти гумрукӣ, аз ҷумла ҳангоми иҷозати мол;
- таъмини мамнӯият ва маҳдудиятҳо, назорати асъор ва ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, ки ба ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук ва ҷонибҳои манфиатдор танҳо дар шакли электронӣ дар низоми вақти воқеӣ, бе иштироки шахсони мансабдори мақомоти гумрук дар марҳилаи эъломиякунонӣ ва иҷозати мол имконият медиҳад;
- густариши ҳамкории иттилоотонӣ дар шакли электронӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои ташкилию техникӣ барои давра ба давра ҷойгиркунии маълумот дар манбаъҳои иттилоотии байниидоравӣ;
- муҳимгардонии шартномаҳои амалкунанда оид ба ҳамкории иттилоотии Хадамоти гумрук бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, навсозии воситаҳои иттилоотию техникии СИАЯ-и мақомоти гумрук дар асоси технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ ва ҳалли техникию барномавӣ.
§14. Рушди низоми пешниҳоди хизмати давлатӣ
49. Хадамоти гумрук хизматрасонии давлатиро дар асоси таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорону тоҷирон пешниҳод менамояд.
50. Вазифаҳои асосии рушди системаи пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ чунин аст:
- баланд бардоштани сатҳи қаноатмандии иштирокиёни ФИХ, шаҳрвандон ва ташкилотҳо аз натиҷаи ҳамкориҳо бо мақомоти гумрук ҳангоми гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи гумрук;
- содагардонии дастрасии хизматҳо барои шаҳрвандон ва ташкилотҳо, инчунин расмиёти ҳамкорӣ бо мақомоти гумрук, хизматрасонӣ, коҳиш додани хавфи коррупсионӣ, такмил додани самаранокии хароҷоти буҷет. Рушди минбаъдаи низоми пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тавассути баргузории чорабиниҳо ҷиҳати васеъ намудани номгӯи хизматрасониҳои давлатии аз ҷониби Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда ва навсозии СИАЯ-и мақомоти гумрук бо дар назар доштани талаботи Созишномаи СУС оид ба таъмини амнияти савдо ва мусоидати тиҷорат амалӣ карда мешавад.
§15. Рушди ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ
51. Фаъолияти байналмилалии Хадамоти гумрук дар шароити ҳозира густариш ёфт. Ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тавассути содагардонӣ ва коҳиш додани расмиёти гумрукӣ ҳангоми содирот ва воридот мебошад. Амалигардонии ин мақсадҳо тавассути ташкили лоиҳаҳо дар соҳаи гумрук, ба монанди "долони сабз", эътирофи дуҷонибаи натиҷаҳои назорати гумрукӣ, мубодилаи аксҳои системаи маҷмӯии назоратию санҷишӣ, инчунин, ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.
52. Фаъолияти асосӣ дар соҳаи ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ чунин роҳандозӣ мегардад:
- ташкили фаъолияти байналмилалии Хадамоти гумрук дар доираи салоҳияташ дар татбиқи равандҳои ҳамгироӣ дар ҳудуди ИДМ ва дар доираи ИИАО;
- ташкили ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ;
- ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ), Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (CAREC) ва ғайра;
- бо мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ бастани шартномаҳои байналмилалӣ оид ба ташкили мубодилаи маълумоти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёт;
- ташкили заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ бо мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ бо мақсади муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;
- васеъ намудани доираи ҳамкорӣ дар самти мубодилаи маълумот оид ба арзиши гумрукии мол бо хизматрасонии гумрукии давлатҳои хориҷӣ бо мақсади суръатбахшии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ ва тасдиқи маълумоте, ки аз ҷониби содироткунандагон дар эъломияи гумрукӣ дарҷ карда мешавад,
- васеъ намудани доираи ҳамкорӣ бо мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи таъмини риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳо, ҳифзи ҳуқуқӣ, моликияти зеҳнӣ ва назорати асъор.
5. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
53. Маблағгузории умумии Барнома аз ҳисоби маблағҳои ҳамасолаи аз Буҷети давлатии барои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошаванда, инчунин маблағҳои суратҳисоби махсуси мақомоти гумрук, кумакҳои хайриявию техникии ташкилотҳои байналмилалӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузории бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънагардида амалӣ мешавад.
54. Ҳамоҳангии маблағгузории сармояҳои ниҳодҳои байналмилалӣ аз ҷониби гурӯҳи кории муштарак ба роҳ монда мешавад, ки бо мақсади амалӣ намудани Барномаи мазкур созмон дода шудааст.
6. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШАВАНДА АЗ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
55. Мақсади асосии чорабиниҳои дар доираи ин Барнома амалишаванда дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои муштарӣ аз ҷониби Хадамоти гумрук, ҳамзамон болоравии сатҳи бовиҷдонии иштирокчиёни ФИХ, ки ба риояи ихтиёрии қоидаҳои гумрукӣ асос ёфтааст, мебошад. Чунин шароити пешбурди тиҷорати хориҷӣ фароҳам оварда шавад, ки дар он барои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ вайрон кардани қонунгузории гумрук беманфиат мебошад. Андозаи талафоти молиявӣ ва нуфузу эътиборнокӣ ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ва андоз бояд иштирокчиёни ФИХ-ро барои пешбурди тиҷорати софдилона ҳавасманд кунад. Фаъолияти Хадамоти гумрук бояд дар асоси шаффофият, пешгӯишавандагӣ, қонуният ва асоснокӣ ба роҳ монда шавад.
56. Барнома худкоркунонии равандҳои тиҷоратии марбут ба идоракунии гумрукӣ ва ҳамкории мақомоти гумрукро бо доираи соҳибкорону тоҷирон, асосан, дар шакли электронӣ таъмин намуда, хароҷоти молиявӣ ва вақти зиёдатиро барои иштирокчиёни ФИХ кам мекунад, инчунин самаранокии назорати гумрукиро баланд мебардорад.
57. Такмил додани равандҳои маъмуригардонии гумрукӣ рақобатпазирии иштирокчиёни ФИХ-и ватанӣ ва ҷалби сармоягузории давлатро дар бозори байналмилалӣ баланд мебардорад, инчунин ба рушди инфрасохтори нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Амалӣ намудани Барнома, ҳамчунин нақши мақомоти гумрукро дар таҳкими амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он баланд бардошта, ба афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷӣ ва зиёд шудани даромади буҷети давлатӣ таъсири мусбӣ хоҳад расид.
Замимаи 2