Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2019 № 492 "Дар бораи муассисаи давлатин "Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 ҚАРОР

Дар бораи муассисаи давлатин "Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади такмил додани сохтори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист" таъсис дода шавад.

2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи давлатии "Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист"-ро ҳал намояд.

3. Муассисаи давлатии "Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист" дар бинои якошёна, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко, 47 ҷойгир карда шавад.

4. Дар Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, № 189 "Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист"".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 4 октябри соли 2019 № 492

ш.Душанбе