Низомномаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи "Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак" аз 4 октябри соли 2019 № 490

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2019, № 490

 

Низомномаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи "Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак"

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи "Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак" (минбаъд - кумита) мақоми олии машваратии ҳамоҳангсози фаъолияти лоиҳаи "Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак" ба ҳисоб меравад.

2. Кумита фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст ва низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

3. Фаъолияти ташкилию техникӣ ва иттилоотии кумита дар якҷоягӣ бо мақсади ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мегардад.

4. Дар кори кумита бо ҳукуқи машваратӣ метавонанд намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва созмонҳое, ки дар самти рушди хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак фаъолият доранд, иштирок намоянд.

2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ КУМИТА

5. Вазифаҳои асосии кумита аз инҳо иборатанд:

- таъмини ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар дар самти рушди хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба амалигардонии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар самти рушди хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак;

- ташкили мониторинг ва арзёбии ҳолати рушди хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкили ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ дар самти рушди хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак;

- таҳияи тавсия ва пешниҳодҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани таҷрибаи кишварҳои дигар барои такмили низоми рушди хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак;

- мусоидат дар ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои таъмини муносибати мувофиқашуда дар самти рушди хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак;

- арзёбии фаъолиятҳои лоиҳа ва натиҷаҳои фосилавӣ дар ҳисоботи семоҳа;

- омӯзиш ва таҳлили вазъи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар самти рушди хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак, таҳияи пешниҳодҳо доир ба беҳтар намудани он дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- баррасӣ ва тасдиқи нақшаҳои корӣ, харид ва молиявии лоиҳа;

- шунидани ҳисоботи агентии иҷрокунанда оид ба раванди амалисозии лоиҳа;

- мусоидат намудан ба ҳалли саривақтии мушкилот ва монеаҳои дар доираи лоиҳа бамиёномада;

- ҳалли масъалаҳои дигари марбут ба самти рушди хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак.

3. РОҲБАРИ КУМИТА

6. Ваколатҳои роҳбари кумита:

- даъват ва гузаронидани ҷаласаҳои кумита;

- тасдиқи нақшаи кории кумита;

- шунидани ҳисоботи агентии иҷрокунандаи лоиҳа аз натиҷаҳои тадбирҳои андешидашуда ва вазъияти ҷорӣ вобаста ба ҷараёни амалигардонии лоиҳаи "Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак";

- иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. МУОВИНИ РОҲБАРИ КУМИТА

7. Ваколатҳои муовини роҳбари кумита:

- дар мавриди набудани роҳбар маҷлиси кумитаро раисӣ менамояд;

- дар ташкили кори кумита ва омода намудани нақшаи кори он иштирок менамояд;

- иҷрои супоришҳои дигари роҳбари кумитаро таъмин менамояд;

- ҷараёни иҷрои қарорҳои роҳбар ва нақшаи кори кумитаро назорат менамояд;

- ҷиҳати тақвият бахшидан ба амалигардояи дар самти хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак чораҳо пешниҳод мекунад.

5. АЪЗОИ КУМИТА

8. Ваколатҳои аъзои кумита:

- иштироки фаъол дар ҷаласаҳон кумита;

- иҷрои саривақтии нақшаи кори кумита ва вазифаҳои аз ҷониби роҳбар гузошташуда;

- омода намудани гузориш мутобиқи нақшаи кори кумита оид ба фаъолияти вазорат, идора ва ташкилот, ки онҳо намояндагӣ мекунанд;

- пешниҳоди таклифҳои мушаххас барои ворид намудан ба нақшаи кори кумита;

- иҷрои супоришҳои дигари алоқаманд ба роҳбари кумита.

5. КОТИБОТИ КУМИТА

9. Барои ҳалли масъалаҳои ҷории фаъолияти кумита дар назди кумита котибот фаъолият менамояд.

10. Ваколатҳои котиботи кумита:

- тартиб додани рӯзнома ва протоколҳои ҷаласаҳои кумита;

- пешниҳоди масъалаҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои кумита;

- баррасии масъалаҳои вобаста ба амалигардонии қарорҳои кумита, аз ҷумла масъалаҳои ташкили фаъолияти гурӯҳҳои кории соҳавӣ;

- ҳамоҳанг намудани фаъолияти кумитаҳои машваратӣ ва гурӯҳҳои кории соҳавӣ оид ба масъалаҳои рушди хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак;

- назорати ҷараёни иҷрои қарорҳои роҳбар ва нақшаҳои кори кумита;

- омода намудани маълумот оид ба натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии ҳолати татбиқи рушди хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак;

- иҷрои супоришҳои дигари алоқаманд ба роҳбари кумита.

11. Қарорҳои кумита дар шакли протокол ба расмият дароварда, аз ҷониби роҳбар ва ҳамоҳангсози миллии котиботи кумита имзо карда мешаванд.

7. ТАШКИЛИ КОРИ КУМИТА

12. Мақомоти кории кумита котиботи кумита, ҳамоҳангсози миллии котиботи кумита, мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак мебошанд, ки ба кумита оид ба масъалаҳои рушди хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак маълумоти зарурӣ пешниҳод менамоянд.

13. Ҳамоҳангсози миллии котиботи кумита, мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии фаъолияти сохторҳои дахлдорро оид ба амалигардонии қарорҳои кумита ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак қабулгардидаро анҷом медиҳанд.

14. Кумита мутобиқи вазифаҳои асосии ба зиммааш гузошташуда аз ҳисоби аъзои худ, ҳамчунин аз ҳисоби намояндагони мақомоту ташкилотҳои ба ҳайати кумита дохилнашуда гурӯҳҳои кории соҳавиро оид ба самтҳои фаъолияти худ таъсис медиҳад.

15. Ҷаласаҳои кумита тибқи нақшаи тасдиқшуда на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ ҷаласаи ғайринавбатӣ гузаронида мешавад.

16. Ҷаласаҳои кумита дар сурати иштирок доштани на камтар аз ду як ҳиссаи ҳайати он эътибор пайдо мекунанд.

17. Қарорҳои кумита оид ба масъалаҳои баррасишаванда бо аксарияти овозҳо аз шумораи ҳайати иштироккунанда дар шакли протокол қабул карда мешаванд.

18. Қарорҳои кумита хусусияти тавсиявӣ дошта, ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо пешниҳод карда мешаванд.

19. Лоиҳаи ҳуҷҷатҳо оид ба масъалае, ки дар ҷаласаи кумита баррасӣ мегардад, аз тарафи вазорат, идора, ташкилоти дахлдор, ки бо ташаббуси он масъалаи мазкур пешниҳод гардидааст, таҳия карда мешавад.

8. ВАКОЛАТИ ҲАМОҲАНГСОЗИ МИЛЛИИ КОТИБОТИ КУМИТА

20. Ваколатҳои ҳамоҳангсози миллии котиботи кумита:

- таъмини иттилоотию таҳлилӣ ва ташкилию техникии фаъолияти кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ;

- тартиб додани лоиҳаҳои нақшаҳои корӣ ва барои мувофиқа ба аъзои кумита ва дигар ташкилотҳои дахлдор пешниҳод намудани онҳо;

- ташкили заминаи таҳия ва ворид намудани пешниҳодҳо ба нақшаи кори кумита;

- таҳияи лоиҳаҳои мувофиқашудаи қарорҳои кумита ва ба роҳбари кумита пешниҳод намудани онҳо;

- назорат, таҳлили рафти иҷрои нақшаҳо ва қарорҳои кумита ва пешниҳоди маълумот ба роҳбари кумита аз натиҷаи онҳо;

- иҷрои супоришҳои дигари роҳбари кумита.

 

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2019, № 490

 

Ҳайати кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи "Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак"

- муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа роҳбари кумита;

- вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон - муовини роҳбари кумита;

- муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби масъули кумита.

Аъзои кумита:

- сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 4 октября 2019 года, №490

Положение о межведомственном руководящем комитете по реализации проекта "Интегрированные услуги матерям и детям"

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Межведомственный руководящий комитет по реализации проекта "Интегрированные услуги матерям и детям" (далее - комитет) является высшим консультационным и координирующим органом проектной деятельности "Интегрированные услуги матерям и детям".

2. Комитет осуществляет свою деятельность на основании Конституции Республики Таджикистан, Кодекса здравоохранения Республики Таджикистан и других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном и настоящего положения.

3. Организационно-техническая и информационная деятельность комитета осуществляется совместно с уполномоченным государственным органом в сфере здравоохранения и социальной защиты населения.

4. В работе комитета с правом совещательного голоса могут принимать участие представители местных исполнительных органов государственной власти и организаций, осуществляющих деятельность в сфере интегрированных услуг матерям и детям.

2. ОСНОВНЫЕ ЗАДАЧИ КОМИТЕТА

5. Основными задачами комитета являются:

- обеспечение двухстороннего сотрудничества государственных органов с местными исполнительными органами государственной власти, общественными организациями, предприятиями, другими физическими и юридическими лицами в сфере интегрированных услуг матерям и детям;

- подготовка предложений о реализации основных направлений государственной политики в сфере интегрированных услуг матерям и детям;

- организация мониторинга и оценки состояния развития интегрированных услуг матерям и детям в учреждениях здравоохранения пилотных районов Республики Таджикистан;

- организация сотрудничества местных исполнительных органов государственной власти с коммерческими, а также международными организациями в сфере интегрированных услуг матерям и детям;

- разработка рекомендаций и предложений по внедрению опыта других стран для совершенствования системы интегрированных услуг матерям и детям;

- содействие в координировании деятельности министерств, ведомств и общественных организаций для обеспечения согласованного подхода в сфере интегрированных услуг матерям и детям;

- - оценка проектной деятельности и промежуточных результатов в квартальных отчетах;

- изучение и анализ правового, экономического и социального состояния в сфере интегрированных услуг матерям и детям, разработка предложений по их улучшению в учреждениях здравоохранения пилотных районов Республики Таджикистан;

- рассмотрение и утверждение плана работы, закупки и финансов проекта; заслушивание отчётов исполнительного агентства о ходе реализации проекта;

- содействие в своевременном решении проблем и барьеров, возникших в рамках Проекта;

- решение других вопросов, связанных со сферой интегрированных услуг матерям и детям.

3. ПОЛНОМОЧИЯ РУКОВОДИТЕЛЯ КОМИТЕТА

6. Полномочия руководителя комитета:

- созыв и проведение заседаний комитета;

- утверждение плана работы комитета;

- заслушивание отчёта исполнительного агентства проекта по результатам принятия мер и текущего состояния связанными с ходом реализации Проекта "Интегрированные услуги матерям и детям";

- исполнение других полномочий, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.

4. ПОЛНОМОЧИЯ ЗАМЕСТИТЕЛЯ РУКОВОДИТЕЛЯ КОМИТЕТА

7. Полномочия заместитель руководителя комитета:

- при отсутствии руководителя комитета председательствует на заседании комитета;

- участвует в организации и подготовке плана работы комитета;

- выполняет иные поручения руководителя комитета;

- контролирует ход исполнения решений руководителя и плана работы комитета;

- принимает меры по улучшению реализации Проекта в сфере интегрированных услуг матерям и детям.

5. ПОЛНОМОЧИЯ ЧЛЕНОВ КОМИТЕТА

8. Полномочия членов комитета:

- активное участие на заседаниях комитета;

- своевременное выполнение плана работы и задач, поставленных руководителем комитета;

- подготовка отчётов, в соответствии с планом работы комитета о деятельности министерств, ведомств, организации, учреждений, которые они представляют;

- представление конкретных предложений для включения в план работы комитета;

- выполнение иных поручений руководителя комитета.

6. СЕКРЕТАРИАТ КОМИТЕТА

9. Для решения текущих вопросов деятельности комитета при комитете функционирует секретариат комитета.

10. Полномочия секретариата комитета:

- разработка повестки дня и протоколов заседаний комитета;

- рассмотрение вопросов, связанных с реализацией решений комитета, в том числе вопросов организации деятельности межотраслевых рабочих групп;

- координация деятельности консультативных комитетов и межотраслевых рабочих групп по вопросам развития интегрированных услуг матерям и детям;

- контроль за ходом исполнения решений руководителя и планов работы комитета;

- подготовка информации о результатах мониторинга и оценки состояния реализации развития интегрированных услуг матерям и детям;

- выполнение иных поручений руководителя комитета.

11. Решения комитета оформляются протоколом, который подписывается руководителем и национальным координатором секретариата комитета.

7. ОРГАНИЗАЦИЯ РАБОТЫ КОМИТЕТА

12. Рабочими органами комитета является секретариат комитета, национальный координатор секретариата комитета, государственный уполномоченный орган в сфере интегрированных услуг матерям и детям, которые предоставляют комитету необходимую информацию по вопросам развития интегрированных услуг матерям и детям.

13. Национальным координатором секретариата комитета является государственный уполномоченный орган в сфере интегрированных услуг матерям и детям, который осуществляет координацию и оценку деятельности соответствующих структур по реализации решений комитета и нормативных правовых актов в сфере интегрированных услуг матерям и детям,

14. Комитет в соответствии с возложенными на него основными задачами создаёт из числа своих членов, представителей органов и организаций, не входящих в ю состав комитета, межотраслевые рабочие группы по направлениям своей деятельности.

15. Заседания комитета проводятся согласно утвержденному плану не реже двух раз в год. В случае необходимости проводится внеочередное заседание.

16. Заседания комитета правомочны при участии на них не менее одной трети его состава.

17. Решения комитета по рассматриваемым вопросам принимаются в форме протокола большинством голосов из числа присутствующего состава.

18. Решения комитета рекомендательного характера направляются министерствам, ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти и организациям, независимо от их организационно-правовой формы.

19. Проекты документов по вопросам, рассматриваемым на заседании комитета, готовятся соответствующими министерствами, ведомствами, организациями или учреждениями, по инициативе которых представлен этот вопрос, либо созданным для этих целей рабочим комитетом.

8. ПОЛНОМОЧИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО КООРДИНАТОРА СЕКРЕТАРИАТА КОМИТЕТА

20. Полномочия национального координатора секретариата комитета:

- информационно-аналитическое и организационно-техническое обеспечение деятельности межведомственного руководящего комитета;

- составление проектов рабочих планов и представление их на согласование членам комитета и другим соответствующим организациям;

- организация подготовки и внесения предложений в план работы комитета;

- подготовка согласованных проектов решений комитета и их представление руководителю комитетом;

- анализ и контроль за ходом выполнения планов и решений комитета, предоставление информации руководителю комитета о их результатам;

- выполнение иных поручений руководителя комитета.

Приложение 2

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 4 октября 2019 года, №490

Состав межведомственного руководящего комитета по реализации проекта "Интегрированные услуги матерям и детям"

- заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан, курирующий отрасль - руководитель комитета;

- министр здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан - заместитель руководителя комитета;

- первый заместитель министра здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан - ответственный секретарь комитета.

Члены комитета:

- начальник управления социального развития Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;

- заместитель министра финансов Республики Таджикистан;

- заместитель министра экономического развития и торговли Республики Таджикистан;

- заместитель министра образования и науки Республики Таджикистан;

- первый заместитель председателя Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан.