Тартиби хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ, талабот нисбати кормандони муассисаҳои мазкур ва номгӯи хизматҳои пешниҳодшаванда аз 4 октябри соли 2019 № 489

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2019, № 489

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР ХОНА, ДАР МУАССИСАҲОИ БУДУБОШИ МУВАҚҚАТӢ, МУАССИСАҲОИ БУДУБОШИ ДОИМИИ ХАДАМОТИ ИҶТИМОӢ, ТАЛАБОТ НИСБАТИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ МАЗКУР ВА НОМГӮИ ХИЗМАТҲОИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 681) 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ, талабот нисбати кормандони муассисаҳои мазкур ва номгӯи хизматҳои пешниҳодшаванда (минбаъд - Тартиби мазкур) тартиби қабул ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат мекунанд, инчунин номгӯйи хизматҳо ва талабот нисбати кормандони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, муассисаҳои будубоши муваққатӣ ва доимиро муқаррар менамояд.

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

- кейс-менеҷмент - (идоракунии ҳолатҳо) - технологияи роҳбаладии инфиродии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ;

- нақшаи инфиродии хизматрасонӣ ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ - барномаи (нақшаи) пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ мебошад, ки дар асоси баҳодиҳии эҳтиёҷот таҳия гардидааст.

3. Пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ дар ҷойи истиқомат тавассути хизматрасонӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ ба қонеъгардонии эҳтиёҷоти асосии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ ва дастгирии сатҳи зарурии ҳаётгузаронӣ равона гардидаанд.

4. Хизматҳои иҷтимоӣ ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ дар асоси таснифот ва стандартҳои категорияҳои хизматҳои иҷтимоие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ шудаанд, пешниҳод мегарданд.

5. Хизматрасонии иҷтимоӣ ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ бо дар назар доштани эҳтиёҷоти инфиродии онҳо, ки дар нақшаи инфиродии хизматрасонӣ ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ (минбаъд - нақшаи инфиродӣ) дарҷ ёфтааст, амалӣ мегардад.

6. Ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ уҳдадор аст:

- ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро риоя намояд;

- дахлнопазирии шахсият ва бехатарии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоиро таъмин намояд;

- шиносоии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоиро (намояндагони ҳуқуқии онҳоро) бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, ки дар асоси онҳо муассисаҳои иҷтимоӣ фаъолияташонро амалӣ намуда, хизматҳои иҷтимоӣ мерасонанд, таъмин намояд;

- шароити истиқомати истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоиро дар мутобиқат бо талаботи санитарию гигиенӣ, ҳамчунин нигоҳубини зарурӣ таъмин намояд.

7. Хадамоти иҷтимоӣ ҳукуқ дорад:

- аз мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маълумоти заруриро ҷиҳати ташкил намудани хизматрасонии иҷтимоӣ дархост намояд;

- пешниҳод намудани хизматҳои иҷтимоиро ба истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ дар ҳолати аз ҷониби ӯ риоя нагардидани шартҳои шартномаи хизматрасонии иҷтимоӣ, ки бо хадамоти иҷтимоӣ баста шудааст, рад намояд;

- ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ дар асоси хоҳиши онҳо, ки дар шакли хаттӣ баён ёфтааст, хизматҳои иҷтимоии иловагии музднокро пешниҳод намояд.

8. Хизматрасонии иҷтимоӣ ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ дар асоси шартнома дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ, ки дар байни хадамоти иҷтимоӣ ва истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ ё намояндаи қонунии он баста мешавад, пешниҳод мегардад.

9. Бо мақсади расонидани хизматҳои иҷтимоии таъҷилӣ дар байни хадамоти иҷтимоӣ ва истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ шартнома баста намешавад.

10. Қарори муассисаҳои иҷтимоӣ асос барои пешниҳоди хизматҳои иҷтимоии таъҷилӣ маҳсуб меёбад. Хизматрасониҳои иҷтимоии таъҷилӣ

ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ бевосита дар марказ ё дар маҳалли зист (хона) низ расонида мешаванд.

11. Хадамоти иҷтимоӣ пас аз қабули қарор дар хусуси расонидани хизматҳои иҷтимоии таъҷилӣ, дар давоми як рӯз аз лаҳзаи гирифтани он хизматҳои иҷтимоии таъҷилиро ба шахси истифодабаранда мерасонад.

12. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хизматҳои иҷтимоии таъҷилии расонидашуда санад дар бораи пешниҳоди хизматҳои иҷтимоии таъҷилӣ (минбаъд-санад) маҳсуб меёбад, ки дорои маълумот дар бораи муддат, мазмун ва шартҳои пешниҳоди хизматҳо мебошад. Санад бо имзои истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоии таъҷилӣ тасдиқ мегардад.

13. Роҳбари хадамоти иҷтимоӣ барои таъмини сифати хизматҳои иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ масъул буда, ваколат, масъулият ва ҳамкории кормандонро муайян менамояд.

2. ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР ХОНА ВА МУАССИСАҲОИ БУДУБОШИ МУВАҚҚАТИИ ХАДАМОТИ ИҶТИМОӢ

14. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатии хадамоти иҷтимоӣ мувофиқи муҳлате, ки дар нақшаи инфиродӣ ва шартномаи хизматрасонии иҷтимоӣ муайян гардидааст, ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ амалӣ мегардад.

15. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатии хадамоти иҷтимоӣ аз тарафи кормандони хадамоти иҷтимоӣ бо роҳи пешниҳод намудани хизматҳои иҷтимоии хусусияти гуногундошта ба шаҳрвандоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд, шаҳрвандони яккаву танҳо, шаҳрвандоне, ки аз сабаби пирӣ, беморӣ, маъюбӣ ва мавридҳои дигари ҳолати душвори зиндагӣ ба худхизматрасонӣ қодир нестанд, ҳамчунин фаъолияти муътадили ҳаётии худро мустақилона нигаҳдорӣ менамоянд ва ба расонидани ёрӣ дар марҳилаҳои аввали пеш омадани мушкилот ва буҳрони иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, ба амал бароварда, барои пешгирӣ кардани ҳолати душвори зиндагӣ кумак расонида мешавад.

16. Натиҷаи пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатӣ, саривақтӣ ва дар ҳаҷми пурра пешниҳод гардидани онҳо, фароҳам овардани шароит барои рафъи ҳолатҳои душворкунандаи рафти ҳаётгузаронии истифодабарандагони хизматҳо, паст кардани шиддати мушкилоти иҷтимоӣ, амалигардони ҳуқуқҳои қонунӣ ва мавфиатҳои онҳо маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатӣ, ки қобили меҳнат буда, ба ҷойи кор эҳтиёҷ доранд, ёрии амалӣ расонида мешавад.

17. Омилҳои асосии таъсиррасонанда ба сифати хизматҳои иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- мавҷудият ва ҳолати ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо хадамоти иҷтимоӣ фаъолияташро ба роҳ мондааст;

- шароити ҷойгиршавии хадамоти иҷтимоӣ;

- мукаммал будани хадамоти иҷтимоӣ бо мутахассисони дорои таҳсилоти мутобиқаткунанда, тахассус, тайёрии касбӣ, дониш ва таҷрибаи зарурӣ барои иҷрои уҳдадориҳои ба онҳо гузошташуда;

- мавҷуд будани воситаҳои техникӣ ва ёрирасон;

- мавҷудияти низоми назорати дохилии фаъолияти хадамоти иҷтимоӣ.

18. Хизматҳои иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатӣ бояд ба меъёрҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:

- мукаммалии пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ дар мутобиқат бо таснифот ва стандартҳои категорияи хизматрасонии иҷтимоии "Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта" ва "Мутобиқшавии иҷтимоӣ ва ҳамгироии шахсони бе ҷойи муайяни зист дар шароити будубоши муваққатӣ";

- сари вақт пешниҳод шудани хизматҳои иҷтимоӣ.

19. Сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хона ва дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ дар баробари усулҳои муқарраргардида, инчунин бо роҳи гузаронидани пурсишҳои иҷтимоӣ низ баҳогузорӣ карда мешавад.

20. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатӣ бояд бо риояи талаботи муқарраргардидаи санитарию гигиенӣ ва бо дар назар доштани ҳолати саломатии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ пешниҳод карда шавад.

21. Назорати фаъолияти кормандони иҷтимоӣ, сифати пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатӣ аз ҷониби онҳо ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ аз тарафи роҳбари хадамоти иҷтимоӣ тибқи муқаррароти кейс-менеҷмент амалӣ мегардад.

22. Дар раванди хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва муассисҳои будубоши муваққатӣ истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ ҳуқуқҳои зеринро доранд:

- гирифтани маълумот оид ба ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои худ, намудҳои хизматҳои иҷтимоӣ дар хона, муҳлат, тартиб ва шароити пешниҳоди онҳо, арзиши хизматрасониҳо, имкониятҳои гирифтани хизматҳои ройгони иҷтимоӣ, арзиши хизматҳои иҷтимоӣ дар ҳолати музднок будани онҳо, инчунин пешниҳодкунандагони хизматрасонии иҷтимоӣ;

- интихоби хадамоти иҷтимоӣ;

- рад кардани пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ (далели радкунӣ тавассути гузоштани имзои истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ дар нақшаи инфиродӣ ба қайд гирифта мешавад);

- иштирок дар таҳияи нақшаи инфиродӣ;

- ҳимояи ҳуқуқҳои худ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

23. Истифодабарандагони хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хона ва дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ уҳдадоранд:

- мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои хизматрасонии иҷтимоӣ заруриро пешниҳод намоянд;

- дар бораи тағйирёбии шароит мутобиқи эҳтиёҷот ба пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ сари вақт ба муасисаҳои иҷтимоӣ маълумот диҳанд;

- шартҳои шартномаи хизматрасонии иҷтимоии бо хадамоти иҷтимоӣ басташударо риоя намоянд, аз ҷумла саривақт ва дар ҳаҷми пурра арзиши хизматҳои иҷтимоии пешниҳодшударо тариқи ғайринақдӣ пардохт намоянд (дар ҳолати музднок ё қисман музднок будани хизматрасонии иҷтимоӣ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 681);

- меъёрҳои умумии қабулшудаи тартиботро риоя намоянд.

3. ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР МУАССИСАҲОИ БУДУБОШИ ДОИМИИ ХАДАМОТИ ИҶТИМОӢ

24. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ аз тарафи кормандони хадамоти иҷтимоӣ бо роҳи пешниҳод намудани хизматҳои иҷтимоии хусусияти гуногундошта нисбати шаҳрвандоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ва дигар муштариёни хадамоти иҷтимоӣ, ки қисман ва ё пурра қобилияти худхизматрасониашонро гум кардаанд ва ба нигоҳубини доимии беруна эҳтиёҷ доранд, бо роҳи таъмин ва ташкил намудани шароити фаъолияти ҳаётӣ, ки ба синну сол ва вазъи саломатии онҳо мувофиқ аст, ҳамчунин ташкили хӯрок ва нигоҳубин, фаъолияти меҳнатии мувофиқи тавоноӣ, чорабиниҳои фароғатӣ ба амал бароварда мешавад.

25. Барои ҷойгиршавӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ шаҳрвандони ба хизматрасонии иҷтимоӣ эхтиёҷдошта ё намояндаи қонунии онҳо бевосита ба мақоми ваколатдор муроҷиат менамоянд. Ҳамчунин мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ метавонанд шахсони ба хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ эҳтиёҷдоштаро ба мақоми ваколатдор равона намоянд.

26. Қарор дар бораи қабул намудани шахси эҳтиёҷманд ба хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин қабул карда мешавад:

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти истифодабарандаи эҳтимолии хизматҳои иҷтимоӣ (намояндаи ӯ);

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти намояндаи қонунии истифодабарандаи эҳтимолӣ (ҳангоми муроҷиати намоянда барои гирифтани хизматҳои иҷтимоӣ);

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷойи истиқомат ё будубоши он, ҷойи воқеии истиқомати истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ (намояндаи он);

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти ҳолатҳое, ки вазъи ҳаётгузаронии истифодабарандаи эҳтимолиро бад кардаанд ё бад карда метавонанд ва он ҳолат барои эътироф намудани шаҳрванд ҳамчун шахси эҳтиёҷманд ба хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ асос шуда метавонад;

- хулосаи муассисаи тиббии ваколатдор дар бораи мавҷуд набудани бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои дигаре, ки боиси рад намудани пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ мегардад;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маъюбии истифодабарандаи эҳтимолӣ;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи нафақагир будани истифодабарандаи эҳтимолӣ.

27. Нишондиҳандаҳои асосии муайянкунандаи сифати хизматҳои иҷтимоӣ дар шакли будубоши доимӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- нишондиҳандаҳои ифодакунандаи қаноатмандии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ аз хизматрасонии иҷтимоӣ (аз ҷумла шумораи шикоятҳои асосноккардашуда, шумораи фикру мулоҳизаҳои мусбат ва манфӣ нисбати фаъолияти хадамоти иҷтимоӣ);

- мавҷудият ва ҳолати ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо хадамоти иҷтимоӣ фаъолияти худро дар муассисаи будубоши доимӣ амалӣ менамояд (оиннома, низомнома, қоида, роҳнамо, дастури методӣ ва ғайраҳо);

- шумораи истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ, ки дар хадамоти иҷтимоии мазкур ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд;

- дастрасии шароити ҷойгиркунонии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ (аз ҷумла дастрасии пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ барои маъюбон ва шахсони дигари дорои имкониятҳои маҳдуд);

- пурра будани ҳайати кормандон мувофиқи басти воҳидҳои корӣ ва тахассуснокии онҳо;

- мавҷудияти таҷҳизоти зарурӣ дар хадамоти иҷтимоӣ;

- мавҷудият ва ҳолати иттилоот дар бораи тартиб ва қоидаҳои пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоӣ ва муассисаҳои будубоши доимӣ;

- тадбирҳои андешидашуда, ки ба баланд бардоштани сифати хизматҳои иҷтимоӣ ва самаранокии пешниҳоди онҳо равона гардидаанд.

28. Шартҳои пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда бо дар назар доштани талаботи дар нақшаи инфиродии хизматрасонии иҷтимоии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ пешбинишуда муайян карда мешаванд.

29. Ҳангоми гирифтани хизматҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд ба:

- дар шакли дастрас гирифтани маълумоти ройгон оид ба ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои худ, намудҳои хизматҳои иҷтимоӣ, муҳлат, тартиб ва шароити пешниҳоди онҳо, арзиши хизматҳо (дар ҳолати музднок будани хизматҳо), имконияти ройгон гирифтани ин хизматҳо, ҳамчунин пешниҳодкунандагони хизматрасонии иҷтимоӣ;

- интихоби пешниҳодкунанда ё хадамоти иҷтимоӣ;

- рад кардани пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ (далели радкунӣ тавассути гузоштани имзои истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ дар нақшаи инфиродӣ ба қайд гирифта мешавад);

- иштирок дар таҳияи нақшаи инфиродӣ;

- ҳимояи ҳуқуқҳои худ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

30. Истифодабарандагони хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаи будубоши доимӣ уҳдадоранд:

- мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои хизматрасонии иҷтимоӣ заруриро пешниҳод намоянд;

- дар бораи тағйирёбии шароит мутобиқи эҳтиёҷот ба пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ сари вақт ба хадамоти иҷтимоӣ маълумот диҳанд;

- шартҳои шартномаи хизматрасонии иҷтимоии бо хадамоти иҷтимоӣ басташударо риоя намоянд, аз ҷумла сари вақт ва дар ҳаҷми пурра арзиши хизматҳои иҷтимоии пешниҳодшударо тариқи ғайринақдӣ пардохт намоянд (дар ҳолати пурра ё қисман музднок будани хизматрасонии иҷтимоӣ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 681);

- талаботи қоидаҳои тасдиқгардидаи тартиботи дохилии хадамоти иҷтимоиро риоя намоянд.

4. НОМГӯЙИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАР ХОНА, ДАР МУАССИСАҲОИ БУДУБОШИ МУВАҚҚАТӢ, МУАССИСАҲОИ БУДУБОШИ ДОИМИИ ХАДАМОТИ ИҶТИМОӢ ПЕШНИҲОДШАВАНДА

31. Номгӯйи хизматрасониҳои иҷтимоие, ки дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ, муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ ба истифодабарандагони хизматҳо дар асоси эҳтиёҷоташон расонида мешавад:

- хизматрасонии иҷтимоии маишӣ;

- хизматрасонии иҷтимоии тиббӣ;

- хизматрасонии иҷтимоии равонӣ;

- хизматрасонии иҷтимоии педагогӣ;

- хизматрасонии иҷтимоии ҳуқуқӣ.

32. Дар муассисаҳои будудбоши доимӣ, дар баробари пешниҳоди хизматҳои иҷтимоии номбаршуда, ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани иқтидорҳои робитавии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ, ки дорои имкониятҳои маҳдуди ҳаётгузаронӣ мебошанд, аз ҷумла кӯдакони маъюб метавонанд аз хизматҳои иҷтимоии зерин истифода баранд:

- машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ба муҳити иҷтимоӣ;

- омӯзонидани малакаҳои омӯзишу муайянкунии муҳити иҷтимоӣ (аз ҷумла ҳаракати мустақилона бо дар назар доштани омӯзиши самтҳои ҳаракати муҳими ҳаётӣ);

- ташкили робитаи байниҳамдигарии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ бо ҷомеа.

5.ТАЛАБОТ НИСБАТИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР ХОНА, ДАР МУАССИСАҲОИ БУДУБОШИ МУВАҚҚАТӢ, МУАССИСАҲОИ БУДУБОШИ ДОИМИИ ХАДАМОТИ ИҶТИМОӢ

33. Кормандони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ, муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ аз рӯи хусусияти фаъолияти худ зимни иҷрои уҳдадориҳои касбӣ, ки махфият ва муносибати одилонаву ахлоқи ҳамида ва одоби касбиро талаб менамоянд, бояд дорои сифатҳои ҳатмии тахассусӣ ва малакаҳои муҳимми зерин бошанд:

- рӯҳияи устувор, таҳаммулпазирӣ, ахлоқи ҳамида, фарҳанги баланди маънавӣ;

- якдилӣ ва эҳтироми мутлақи ҳуқуқ ва манфиатҳои истифодабарандагони хизматҳо;

- инсондӯстӣ, шафқат ва ғамхору меҳрубон будан;

- қобилияти ташкилотчигӣ;

- хиради иҷтимоӣ (маҳорати дарк намудан ва таҳлил намудани вазъияти иҷтимоӣ, фаҳмидани дигарон);

- доимо кӯшиш намудан барои баланд бардоштани донишҳои касбӣ ва ихтисоси худ;

- поквиҷдонӣ, дасту дили пок ва тозагии маънавӣ дар корҳои худ;

- малакаи одии кор бо компютер ва барномаҳои компютерӣ;

- эҳтиёт карда тавонистани моликияти давлатӣ ва моликияти хизматӣ.

6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

34. Маълумот оид ба мавҷудияти Тартиби мазкур, имконият ва роҳҳои дастрас намудани он бояд дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ, муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ ҷойгир ва барои истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ назаррас бошад. Дар паҳлӯи ин маълумот, инчунин ахбор дар бораи мавҷудияти китоби шикоят, телефон, нишонии пешниҳодкунандагони хизматҳои иҷтимоӣ ва ташкилоте, ки риояи Тартиби мазкурро назорат мебарад, нишон дода мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2019, № 489

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР ХОНА, ДАР МУАССИСАҲОИ БУДУБОШИ МУВАҚҚАТӢ, МУАССИСАҲОИ БУДУБОШИ ДОИМИИ ХАДАМОТИ ИҶТИМОӢ, ТАЛАБОТ НИСБАТИ КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ МАЗКУР ВА НОМГӯИ ХИЗМАТҲОИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ, талабот нисбати кормандони муассисаҳои мазкур ва номгӯи хизматҳои пешниҳодшаванда (минбаъд - Тартиби мазкур) тартиби қабул ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат мекунанд, инчунин номгӯйи хизматҳо ва талабот нисбати кормандони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, муассисаҳои будубоши муваққатӣ ва доимиро муқаррар менамояд.

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

- кейс-менеҷмент - (идоракунии ҳолатҳо) - технологияи роҳбаладии инфиродии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ;

- нақшаи инфиродии хизматрасонӣ ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ - барномаи (нақшаи) пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ мебошад, ки дар асоси баҳодиҳии эҳтиёҷот таҳия гардидааст.

3. Пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ дар ҷойи истиқомат тавассути хизматрасонӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ ба қонеъгардонии эҳтиёҷоти асосии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ ва дастгирии сатҳи зарурии ҳаётгузаронӣ равона гардидаанд.

4. Хизматҳои иҷтимоӣ ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ дар асоси таснифот ва стандартҳои категорияҳои хизматҳои иҷтимоие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ шудаанд, пешниҳод мегарданд.

5. Хизматрасонии иҷтимоӣ ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ бо дар назар доштани эҳтиёҷоти инфиродии онҳо, ки дар нақшаи инфиродии хизматрасонӣ ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ (минбаъд - нақшаи инфиродӣ) дарҷ ёфтааст, амалӣ мегардад.

6. Ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ уҳдадор аст:

- ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро риоя намояд;

- дахлнопазирии шахсият ва бехатарии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоиро таъмин намояд;

- шиносоии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоиро (намояндагони ҳуқуқии онҳоро) бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, ки дар асоси онҳо муассисаҳои иҷтимоӣ фаъолияташонро амалӣ намуда, хизматҳои иҷтимоӣ мерасонанд, таъмин намояд;

- шароити истиқомати истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоиро дар мутобиқат бо талаботи санитарию гигиенӣ, ҳамчунин нигоҳубини зарурӣ таъмин намояд.

7. Хадамоти иҷтимоӣ ҳукуқ дорад:

- аз мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маълумоти заруриро ҷиҳати ташкил намудани хизматрасонии иҷтимоӣ дархост намояд;

- пешниҳод намудани хизматҳои иҷтимоиро ба истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ дар ҳолати аз ҷониби ӯ риоя нагардидани шартҳои шартномаи хизматрасонии иҷтимоӣ, ки бо хадамоти иҷтимоӣ баста шудааст, рад намояд;

- ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ дар асоси хоҳиши онҳо, ки дар шакли хаттӣ баён ёфтааст, хизматҳои иҷтимоии иловагии музднокро пешниҳод намояд.

8. Хизматрасонии иҷтимоӣ ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ дар асоси шартнома дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ, ки дар байни хадамоти иҷтимоӣ ва истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ ё намояндаи қонунии он баста мешавад, пешниҳод мегардад.

9. Бо мақсади расонидани хизматҳои иҷтимоии таъҷилӣ дар байни хадамоти иҷтимоӣ ва истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ шартнома баста намешавад.

10. Қарори муассисаҳои иҷтимоӣ асос барои пешниҳоди хизматҳои иҷтимоии таъҷилӣ маҳсуб меёбад. Хизматрасониҳои иҷтимоии таъҷилӣ

ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ бевосита дар марказ ё дар маҳалли зист (хона) низ расонида мешаванд.

11. Хадамоти иҷтимоӣ пас аз қабули қарор дар хусуси расонидани хизматҳои иҷтимоии таъҷилӣ, дар давоми як рӯз аз лаҳзаи гирифтани он хизматҳои иҷтимоии таъҷилиро ба шахси истифодабаранда мерасонад.

12. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хизматҳои иҷтимоии таъҷилии расонидашуда санад дар бораи пешниҳоди хизматҳои иҷтимоии таъҷилӣ (минбаъд-санад) маҳсуб меёбад, ки дорои маълумот дар бораи муддат, мазмун ва шартҳои пешниҳоди хизматҳо мебошад. Санад бо имзои истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоии таъҷилӣ тасдиқ мегардад.

13. Роҳбари хадамоти иҷтимоӣ барои таъмини сифати хизматҳои иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ масъул буда, ваколат, масъулият ва ҳамкории кормандонро муайян менамояд.

2. ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР ХОНА ВА МУАССИСАҲОИ БУДУБОШИ МУВАҚҚАТИИ ХАДАМОТИ ИҶТИМОӢ

14. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатии хадамоти иҷтимоӣ мувофиқи муҳлате, ки дар нақшаи инфиродӣ ва шартномаи хизматрасонии иҷтимоӣ муайян гардидааст, ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ амалӣ мегардад.

15. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатии хадамоти иҷтимоӣ аз тарафи кормандони хадамоти иҷтимоӣ бо роҳи пешниҳод намудани хизматҳои иҷтимоии хусусияти гуногундошта ба шаҳрвандоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд, шаҳрвандони яккаву танҳо, шаҳрвандоне, ки аз сабаби пирӣ, беморӣ, маъюбӣ ва мавридҳои дигари ҳолати душвори зиндагӣ ба худхизматрасонӣ қодир нестанд, ҳамчунин фаъолияти муътадили ҳаётии худро мустақилона нигаҳдорӣ менамоянд ва ба расонидани ёрӣ дар марҳилаҳои аввали пеш омадани мушкилот ва буҳрони иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, ба амал бароварда, барои пешгирӣ кардани ҳолати душвори зиндагӣ кумак расонида мешавад.

16. Натиҷаи пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатӣ, саривақтӣ ва дар ҳаҷми пурра пешниҳод гардидани онҳо, фароҳам овардани шароит барои рафъи ҳолатҳои душворкунандаи рафти ҳаётгузаронии истифодабарандагони хизматҳо, паст кардани шиддати мушкилоти иҷтимоӣ, амалигардони ҳуқуқҳои қонунӣ ва мавфиатҳои онҳо маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатӣ, ки қобили меҳнат буда, ба ҷойи кор эҳтиёҷ доранд, ёрии амалӣ расонида мешавад.

17. Омилҳои асосии таъсиррасонанда ба сифати хизматҳои иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- мавҷудият ва ҳолати ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо хадамоти иҷтимоӣ фаъолияташро ба роҳ мондааст;

- шароити ҷойгиршавии хадамоти иҷтимоӣ;

- мукаммал будани хадамоти иҷтимоӣ бо мутахассисони дорои таҳсилоти мутобиқаткунанда, тахассус, тайёрии касбӣ, дониш ва таҷрибаи зарурӣ барои иҷрои уҳдадориҳои ба онҳо гузошташуда;

- мавҷуд будани воситаҳои техникӣ ва ёрирасон;

- мавҷудияти низоми назорати дохилии фаъолияти хадамоти иҷтимоӣ.

18. Хизматҳои иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатӣ бояд ба меъёрҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:

- мукаммалии пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ дар мутобиқат бо таснифот ва стандартҳои категорияи хизматрасонии иҷтимоии "Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта" ва "Мутобиқшавии иҷтимоӣ ва ҳамгироии шахсони бе ҷойи муайяни зист дар шароити будубоши муваққатӣ";

- сари вақт пешниҳод шудани хизматҳои иҷтимоӣ.

19. Сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хона ва дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ дар баробари усулҳои муқарраргардида, инчунин бо роҳи гузаронидани пурсишҳои иҷтимоӣ низ баҳогузорӣ карда мешавад.

20. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатӣ бояд бо риояи талаботи муқарраргардидаи санитарию гигиенӣ ва бо дар назар доштани ҳолати саломатии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ пешниҳод карда шавад.

21. Назорати фаъолияти кормандони иҷтимоӣ, сифати пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши муваққатӣ аз ҷониби онҳо ба истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ аз тарафи роҳбари хадамоти иҷтимоӣ тибқи муқаррароти кейс-менеҷмент амалӣ мегардад.

22. Дар раванди хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва муассисҳои будубоши муваққатӣ истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ ҳуқуқҳои зеринро доранд:

- гирифтани маълумот оид ба ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои худ, намудҳои хизматҳои иҷтимоӣ дар хона, муҳлат, тартиб ва шароити пешниҳоди онҳо, арзиши хизматрасониҳо, имкониятҳои гирифтани хизматҳои ройгони иҷтимоӣ, арзиши хизматҳои иҷтимоӣ дар ҳолати музднок будани онҳо, инчунин пешниҳодкунандагони хизматрасонии иҷтимоӣ;

- интихоби хадамоти иҷтимоӣ;

- рад кардани пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ (далели радкунӣ тавассути гузоштани имзои истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ дар нақшаи инфиродӣ ба қайд гирифта мешавад);

- иштирок дар таҳияи нақшаи инфиродӣ;

- ҳимояи ҳуқуқҳои худ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

23. Истифодабарандагони хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хона ва дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ уҳдадоранд:

- мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои хизматрасонии иҷтимоӣ заруриро пешниҳод намоянд;

- дар бораи тағйирёбии шароит мутобиқи эҳтиёҷот ба пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ сари вақт ба муасисаҳои иҷтимоӣ маълумот диҳанд;

- шартҳои шартномаи хизматрасонии иҷтимоии бо хадамоти иҷтимоӣ басташударо риоя намоянд, аз ҷумла саривақт ва дар ҳаҷми пурра арзиши хизматҳои иҷтимоии пешниҳодшударо пардохт намоянд (дар ҳолати музднок ё қисман музднок будани хизматрасонии иҷтимоӣ);

- меъёрҳои умумии қабулшудаи тартиботро риоя намоянд.

3. ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР МУАССИСАҲОИ БУДУБОШИ ДОИМИИ ХАДАМОТИ ИҶТИМОӢ

24. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ аз тарафи кормандони хадамоти иҷтимоӣ бо роҳи пешниҳод намудани хизматҳои иҷтимоии хусусияти гуногундошта нисбати шаҳрвандоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ва дигар муштариёни хадамоти иҷтимоӣ, ки қисман ва ё пурра қобилияти худхизматрасониашонро гум кардаанд ва ба нигоҳубини доимии беруна эҳтиёҷ доранд, бо роҳи таъмин ва ташкил намудани шароити фаъолияти ҳаётӣ, ки ба синну сол ва вазъи саломатии онҳо мувофиқ аст, ҳамчунин ташкили хӯрок ва нигоҳубин, фаъолияти меҳнатии мувофиқи тавоноӣ, чорабиниҳои фароғатӣ ба амал бароварда мешавад.

25. Барои ҷойгиршавӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ шаҳрвандони ба хизматрасонии иҷтимоӣ эхтиёҷдошта ё намояндаи қонунии онҳо бевосита ба мақоми ваколатдор муроҷиат менамоянд. Ҳамчунин мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ метавонанд шахсони ба хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ эҳтиёҷдоштаро ба мақоми ваколатдор равона намоянд.

26. Қарор дар бораи қабул намудани шахси эҳтиёҷманд ба хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин қабул карда мешавад:

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти истифодабарандаи эҳтимолии хизматҳои иҷтимоӣ (намояндаи ӯ);

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти намояндаи қонунии истифодабарандаи эҳтимолӣ (ҳангоми муроҷиати намоянда барои гирифтани хизматҳои иҷтимоӣ);

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷойи истиқомат ё будубоши он, ҷойи воқеии истиқомати истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ (намояндаи он);

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти ҳолатҳое, ки вазъи ҳаётгузаронии истифодабарандаи эҳтимолиро бад кардаанд ё бад карда метавонанд ва он ҳолат барои эътироф намудани шаҳрванд ҳамчун шахси эҳтиёҷманд ба хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ асос шуда метавонад;

- хулосаи муассисаи тиббии ваколатдор дар бораи мавҷуд набудани бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои дигаре, ки боиси рад намудани пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ мегардад;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маъюбии истифодабарандаи эҳтимолӣ;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи нафақагир будани истифодабарандаи эҳтимолӣ.

27. Нишондиҳандаҳои асосии муайянкунандаи сифати хизматҳои иҷтимоӣ дар шакли будубоши доимӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- нишондиҳандаҳои ифодакунандаи қаноатмандии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ аз хизматрасонии иҷтимоӣ (аз ҷумла шумораи шикоятҳои асосноккардашуда, шумораи фикру мулоҳизаҳои мусбат ва манфӣ нисбати фаъолияти хадамоти иҷтимоӣ);

- мавҷудият ва ҳолати ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо хадамоти иҷтимоӣ фаъолияти худро дар муассисаи будубоши доимӣ амалӣ менамояд (оиннома, низомнома, қоида, роҳнамо, дастури методӣ ва ғайраҳо);

- шумораи истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ, ки дар хадамоти иҷтимоии мазкур ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд;

- дастрасии шароити ҷойгиркунонии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ (аз ҷумла дастрасии пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ барои маъюбон ва шахсони дигари дорои имкониятҳои маҳдуд);

- пурра будани ҳайати кормандон мувофиқи басти воҳидҳои корӣ ва тахассуснокии онҳо;

- мавҷудияти таҷҳизоти зарурӣ дар хадамоти иҷтимоӣ;

- мавҷудият ва ҳолати иттилоот дар бораи тартиб ва қоидаҳои пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоӣ ва муассисаҳои будубоши доимӣ;

- тадбирҳои андешидашуда, ки ба баланд бардоштани сифати хизматҳои иҷтимоӣ ва самаранокии пешниҳоди онҳо равона гардидаанд.

28. Шартҳои пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда бо дар назар доштани талаботи дар нақшаи инфиродии хизматрасонии иҷтимоии истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ пешбинишуда муайян карда мешаванд.

29. Ҳангоми гирифтани хизматҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд ба:

- дар шакли дастрас гирифтани маълумоти ройгон оид ба ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои худ, намудҳои хизматҳои иҷтимоӣ, муҳлат, тартиб ва шароити пешниҳоди онҳо, арзиши хизматҳо (дар ҳолати музднок будани хизматҳо), имконияти ройгон гирифтани ин хизматҳо, ҳамчунин пешниҳодкунандагони хизматрасонии иҷтимоӣ;

- интихоби пешниҳодкунанда ё хадамоти иҷтимоӣ;

- рад кардани пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ (далели радкунӣ тавассути гузоштани имзои истифодабарандаи хизматҳои иҷтимоӣ дар нақшаи инфиродӣ ба қайд гирифта мешавад);

- иштирок дар таҳияи нақшаи инфиродӣ;

- ҳимояи ҳуқуқҳои худ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

30. Истифодабарандагони хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаи будубоши доимӣ уҳдадоранд:

- мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои хизматрасонии иҷтимоӣ заруриро пешниҳод намоянд;

- дар бораи тағйирёбии шароит мутобиқи эҳтиёҷот ба пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ сари вақт ба хадамоти иҷтимоӣ маълумот диҳанд;

- шартҳои шартномаи хизматрасонии иҷтимоии бо хадамоти иҷтимоӣ басташударо риоя намоянд, аз ҷумла сари вақт ва дар ҳаҷми пурра арзиши хизматҳои иҷтимоии пешниҳодшударо пардохт намоянд (дар ҳолати пурра ё қисман музднок будани хизматрасонии иҷтимоӣ);