Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Мутобиқи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои ҳамасола пешниҳодшудаи буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, барои амалӣ намудани Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 чораҳои зарурӣ андешанд;
- оид ба натиҷаҳои амалисозии Стратегияи мазкур ҳамасола то 15 декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 октябри соли 2019 № 482
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Национальной стратегии адаптации к изменению климата Республики Таджикистан на период до 2030 года
В соответствии со статьей 18 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Национальную стратегию адаптации к изменению климата Республики Таджикистан на период до 2030 года (прилагается).
2. Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан:
- совместно с соответствующими министерствами и ведомствами и местными исполнительными органы государственной власти в рамках ежегодно предусматриваемых средств государственного бюджета и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, принять необходимые меры для реализации Национальной стратегии адаптации к изменению климата Республики Таджикистан на период до 2030 года;
- ежегодно к 15 декабря представлять Правительству Республики Таджикистан отчёт по результатам реализации данной Стратегии.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 2 октября 2019 года, №482