ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тадбирҳои суръатбахиши саҳомикунонии корхонаҳо
Бо мақсади ташаккул додани бозори коғазҳои арзишнок, суръат бахшидан ба раванди хусусигардонӣ ва ғайридавлатикунонии моликият, тағъир додани сохтори иҷтимоии ҷамъият ва ба вуҷуд овардани табақаи нави соҳибкорон, инчунин ба иқтисоди ҷумҳурӣ ҷалб намудани инвестицияҳои ватанию хориҷӣ фармон медиҳам:
1. Муқаррар карда шавад, ки саҳомикунонӣ марҳилаи пешакии хусусигардонии корхонаҳои бузург ва миёна мебошад. Зимнан ҷамъиятҳои саҳомие хусусигардонидашуда дониста шаванд, ки давлат дар фонди оинномавии онҳо ба пакети контролии саҳмҳо соҳиб набошад.
Критерияи ба ҷамъиятҳои саҳомии навъи кушода табдил додани корхонаҳо миқдори ҷойҳои корӣ дониста шавад.
2. Бо мақсади роҳ надодан ба ташаккул ёфтани монополияи навъҳои муайяни молу хизматрасонӣ дар бозор ҳангоми саҳомикунонии чунин корхонаҳо сохтори мавҷудаи онҳо таҷдиди назар карда шавад. Зимнан саҳомикунонии корхонаҳо пас аз ҷудо намудани бахш ва воҳидҳои сохторӣ аз ҳайати онҳо, ки ба доираи ба ҳам пайвастаи технологӣ таъсир намерасонад, анҷом дода шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ:
- тартиби ҷудо намудани бахш ва вохидҳои сохтории корхонаҳоро барои минбаъд ҳамчун объектҳои мустақили хусусигардонӣ фурӯхтани онҳо таҳия ва тасдиқ намояд;
- тартиби саҳомикунонии корхонаҳоро дар бобати нархгузории активҳо соддатар карда, дар мавриди зарурат дар хусуси ворид намудани тағьироту иловаҳо ба қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ
- миқдори ҳадди ақали ҷойҳои кориро, ки ҳангоми зиёд шудани онҳо корхона ҳатман бояд ба ҷамъияти саҳомии навъи кушода табдил дода шавад, муқаррар намояд;
- механизми ба ҷамъиятҳои саҳомии навъи кушода табдил додани ҷамъиятҳои саҳомии навъи пӯшидаро таҳия намояд;
- ба ҷамъиятҳои саҳомии навъи кушода табдил додани корхонаҳоро то 1 сентябри соли 1997 ба итмом расонад.
4. Сархати сеюми банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 1995 № 294 "Дар бораи тадбирҳои суръатафзоии хусусигардонии моликияти давлатӣ" беэътибор дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе
29 декабри соли 1996 № 631