Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 1996 № 630 "Дар бораи таъсиси Комиссияи давлатии ислоҳоти иқтисодӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъсиси Комиссияи давлатии ислоҳоти иқтисодӣ

Бо мақсади инкишофи минбаъдаи ҷараёни дигаргунсозиҳои иқтисодӣ дар шароити воридшавии ҷумҳурӣ ба давраи ислоҳоти амиқи иқтисодӣ, зарурати гузариш ба дигаргунсозии сохторӣ ва таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ фармон медиҳам:

1. Комиссияи давлатии ислоҳоти иқтисодӣ таъсис дода, ҳайати он (аз рӯи вазифа) мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои қарорҳои Комиссияи давлатии ислоҳоти иқтисодӣ дар мавриди татбиқи барномаи дигаргунсозиҳои иқтисодӣ барои ҳамаи ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

3. Муқаррар карда шавад, ки Комиссияи давлатии ислоҳоти иқтисодӣ доир ба масъалаҳои мазкур ҷиҳати баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳое пешниҳод менамояд, ки ҳалли бетаъхирро тақозо мекунанд.

4. Ба Комиссияи давлатии ислоҳоти иқтисодӣ иҷозат дода шавад, ки аз ҷумлаи мутахассисони соҳаҳои дахлдор гурӯҳҳои корӣ таъсис диҳад.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ:

- Низомномаи Комиссияи давлатии ислоҳоти иқтисодиро таҳия ва тасдиқ намояд;

- банди 3 хориҷ карда шавад;

- бандҳои 4,5 ва 6 мутобиқан бандҳои 3,4 ва 5дониста шаванд;

- дар банди 4 Низомномаи тартиби азнавташкилдиҳии ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996 № 522 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Комиссияи давлатии азнавташкилдиҳии ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ" бо калимаҳои "Комиссияи давлатии ислоҳоти иқтисодӣ" иваз карда шавад.

7. Инҳо беэътибор дониста шаванд:

- банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1994 № 8 "Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи таъмиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва тезонидани гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ";

- банди 5 ва сархати аввали банди 6 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 1995 № 294 "Дар бораи суръатафзоии хусусигардонии моликияти давлатӣ".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э.Раҳмонов

ш.Душанбе

29 декабри соли 1996 № 630

Ҳайати Комиссияи давлатии ислоҳоти иқтисодӣ (аз рӯи вазифа)

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (раис)

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои амнияти кишварро бар ӯҳда дорад

Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт

Вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳангоми ҳалли масъалаҳои марбут ба ислоҳоти соҳаҳои алоҳидаи иқтисод намояндагони комилҳуқуқи соҳаҳои дахлдор бо хуқуқи овози машваратӣ ва намояндагони доимии муассисаҳои байналхалқии молиявию кредитӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳо мебошад. даъват карда мешаванд.