Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 1995 № 294 "Дар бораи тадбирҳои суръатафзоии хусусигардонии моликияти давлатӣ"

Санаи амалкуни: 29.12.1996

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои суръатафзоии хусусигардонии моликияти давлатӣ

(Фармони Президенти ҶТ аз 29.12.1996 № 630, № 631)

Бо дарназардошти зарурати суръатафзоии ташаккули иқтисоди бозаргонӣ, таъмини таъмиқи ҷараёни ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ, ба он додани характери бебозгашт, боло бурдани самарабашии фаъолияти иқтисоди миллӣ, ташаккули заминаи ба аҳолӣ баргардонидани қарзи давлат, муҳайё сохтани шароити зарурӣ ҷиҳати ҷалби инвеститсияи дохилию хориҷӣба иқтисодиёти кишвар фармон медиҳам:

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду ҳафта Барномаи хусусигардонии босуръати моликияти давлатиро дар Ҷмҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намуда, инҳоро пешбинӣ намояд:

то охири соли 196 барои ба шаклҳои дигар гузаронидани моликияти ҳамаи корхонаҳои давлатӣ, ба ғайр аз онҳое, ки мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ғайридавлатӣ ва хусусигардониашонманъ шудаат, шароит муҳайё гардад;

ба ҷамъиятҳои саҳомии типии кушода табдил додани корхонаҳое, ки дорои 30 ва бештар аз он ҷои корӣ мебошанд, дар музояда ва дар асоси конкурс ба моликияти хусусӣ ва коллективӣ фурӯхтани объектҳои савдо, хизмати маишӣ, ӯроки умумӣ ва ба амал баровардани ғайридавлатикунонии моликият дар асоси тартиби ягонаи соддакардашуда ва механизми нархгузории моликияти давлатӣ;

Беэътибор дониста шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 29.12.1996 № 631);

ҷалби инвесторони хориҷӣ ба ҷумҳурӣбо роҳи гузаронидани тендер, музояда, савдоҳои инвеститсионӣ, инчунин бо роҳи фурӯши бевоситаи амвол;

аз ҷониби давлат дастгирӣ намудани корхонаҳо пас аз хусусигардонӣ.

2. Барои пӯшондани қарзи давлат мувофиқи ҳолати то 10 маи соли 14995 дар назди аҳолӣ аз рӯи музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо ба нақша гирифта, дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин барои истифодаи ин қарз ҳангоми хусусигардонии моликияти давлатӣ шароити зарурӣ фароҳам оварад.

3. Бо мақсади ҷалби васеи аҳолӣ дар раванди саҳомикунонии корхонаҳои давлатӣ ва рушди бозори коғазҳои арзишнок таъсиси шабакаи фондҳои инвеститсионие, ки воситаҳои пули аҳолиро ҷамъ ва даромади устувори саҳмҳоро таъмин мекунанд, зарур ҳисобида шавад.

4. Барои иҷрои маҷмӯи тадбирҳо оид ба мусоидати давлатии корхонаҳои хусусигардонидашуда ва соҳибкории ғайридавлатӣ, иҷрои вазифаҳои ихтиёрдорӣ ва саҳмҳои ҷамъиятҳои саҳомии моликияти давлатибуда муайян намудани зарурати ба харидорони моликияти давлатӣ додани имтиёзҳое, ки ба ҷараёни усусигардонӣ суръат мебахшанд, ташкил намудани конкурсу музоядаҳо оид ба урӯши моликияти давлатӣ, ҷалб намудани инвесторони хориҷӣ Фонди давлатии хусусигардонӣ таъсис дода шавад.

5. Беэътибор дониста шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 29.12.1996 № 630)

6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Беэътибор дониста шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 29.12.1996 № 630);

дар мӯҳлати як моҳ Низомномаи Фонди давлатии хусусигардониро тасдиқ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон        Э.Раҳмонов

ш.Душанбе

2 августи соли 1995 № 294

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 августи соли 1995 № 294

тасдиқ шудааст

Ҳайати Комиссияи давлатӣ оид ба хусусигардонии моликияти давлатӣ (аз рӯи вазифа)

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷонишини раис)

Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои хоҷагии халқ

Вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мудири шӯъбаи иқтисоди Дастгоҳи Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон