Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 аз 30 августи соли 2019 № 437

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" авгутси соли 2019, № 437

тасдиқ шудааст

 

Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 (минбаъд - Барнома) ба муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ташаккул ва рушди телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда, бо мақсади амалисозии Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ барои солҳои 2010-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009, №529 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, амалигардонии онҳо барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи телевизиони Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.

2. Барнома ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди телевизиони рақамӣ муайян менамояд.

3. Барнома ба рушди пахши телевизион ва дар ин замина ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, дастрасии баробар ба иттилоот, истифодаи босамари мероси фарҳанги миллӣ, суннатҳои таърихӣ, риояи меъёрҳои ҳаёти иҷтимоӣ, ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ, тарбияи ватанпарастӣ ва таъмини амнияти иттилоотии кишвар равона шудааст.

4. Бо ташаккули бастаи иҷтимоии аввал шабакаҳои телевизионӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком" имкони ворид шуданро ба бастаи иҷтимоӣ доранд. Танҳо дастрасии шабакаҳо то маркази интиқоли мавҷ аз ҷониби фармоишгар таъмин карда мешавад.

5. Амалӣ гардидани Барнома аҳолиро бо пахши бисёршабакавии рақамӣ ва пешниҳоди босифати кафолатноки шабакаҳои ҳатмии телевизионии дастраси умум таъмин менамояд. Ин имконият медиҳад, ки ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон барои гирифтани иттилоот таъмин карда шавад.

6. Муайян намудани самти рушди пахши рақамӣ, ташкил кардани механизми маблағгузории он ва тавсеаи шабакаҳои ҳатмии телевизионии дастраси умум, ташкили воҳиди сохтории зарурӣ барои пахши телевизиони рақамӣ имконият фароҳам меорад. Он боис мешавад, ки роҳҳои интихобии фаврии дастрасии аҳолӣ ба иттилоот имконпазир гардида, амнияти иттилоотии кишвар таъмин карда шавад.

2. ВАЗЪИ ИМРӯЗАИ СОҲА ВА САМТҲОИ АСОСИИ РУШДИ ОН

7. Айни замон дар натиҷаи амалишавии Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои пахши рақамии телевизион 60,41фоизро ташкил медиҳад.

8. Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳои ҷумҳурӣ ва баъзе маҳалу марказҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар фиристандаҳои рақамии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком" барои пахши барномаҳои "Телевизиони Тоҷикистон", муассисаҳои давлатии "Телевизиони Сафина", "Ҷаҳоннамо", "Телевизиони кӯдакону наврасон "Баҳористон", телевизионҳои "Варзиш", "Синамо" ва мусиқии Тоҷикистон "Шаҳнавоз" насб карда шудаанд.

9. Мувофиқи низоми мавҷудаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини фазои иттилоотии кишвар бо барномаҳои давлатии телевизион ва радио тавассути воситаҳои техникии пахши рақамӣ ва ғайриоддӣ амалӣ шуда истодааст.

10. Вазифаҳои асосии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини пахши рақамӣ аз инҳо иборатанд:

- фароҳам овардани шароит барои таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо иттилооти фаврӣ, боэътимод ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим;

- ташкили шароит барои рушди пахши телевизиони рақамӣ;

- муҳайё намудани заминаи гузариш ба телевизиони дақиқияти баланд (HD);

- таъмини фаъолияти барсохтори пахши ғайриоддӣ (аналогӣ) дар маҳалҳо то гузариши пурра ба технологияи рақамӣ;

- муайян намудани реҷаи марҳила ба марҳила аз истифода баровардани фиристандаҳои пахши ғайриоддӣ (аналогӣ) дар ҳудуди ҷумҳурӣ.

3. РОҲҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

11. Барнома бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- фароҳам овардани шароити мусоиди дастгирии молиявии давлатӣ зимни тартиб додани нақшаҳои дурнамо;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дастгирӣ ва мусоидат баҳри амалисозии Барнома;

- ҳамоҳангсозии басомадҳои фиристандаҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя аз ҷониби мақомоти дахлдор.

4. МАРҲИЛАҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

12. Амалисозии Барнома дар давоми 5 сол ба нақша гирифта шудааст ва он аз 5 марҳила (тибқи нақшаи чорабиниҳо) иборат аст. Фиристандаҳои пахши телевизионӣ то бапуррагӣ насб шудани фиристандаҳои пахши телевизиони рақамӣ дар якҷоягӣ истифода хоҳанд шуд.

13. Марҳила ба марҳила иҷро намудани Барнома вобаста ба маблағгузорӣ ва имкониятҳои молиявӣ ба зиммаи ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком" насби фиристандаҳои рақамӣ ва корҳои дигари заруриро ҷиҳати амалисозии Барнома иҷро менамояд.

5. САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ

14. Ҷиҳати амалӣ намудани Барнома сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ ва имкониятҳои иқтисодию ташкилӣ истифода бурда мешаванд, аз ҷумла:

- маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои рушди ташкилотҳои тобеи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- маблағгузорӣ аз ҳисоби даромадҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком";

- маблағгузорӣ аз ҳисоби грантҳо, манбаъҳои дигари молиявӣ ва шаклҳои дастгирие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд.

15. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои пахши рақамӣ дар ҳудуди марзию маъмурии дахлдор бинои техникӣ ва хатти интиқоли барқро тибқи стандартҳо ва талаботи истифодабарии техникӣ барои фиристандаҳои рақамӣ, мувофиқи пешниҳоди ҷамъияти саҳомии кушодаи "Телерадиоком" бунёд ва мавриди истифодабарӣ қарор дода, нигоҳубини ҳолати онро таъмин менамоянд.

16. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳудуди марзию маъмурии дахлдор оилаҳои камбизоатро бо рамзкушоҳо ройгон таъмин менамоянд.

6. НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТ

17. Дар натиҷаи амалишавии Барнома як қатор натиҷаҳои аз лиҳози иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ манфиатнок ба даст меояд, аз ҷумла:

- фароҳам омадани шароит барои таъмини амнияти фазои иттилоотӣ;

- дастрасии аҳолӣ ба шумораи зиёди шабакаҳои телевизионӣ;

- таъмини сифати баланди тасвир ва овоз барои тамошобинон;

- фароҳам омадани шароит барои қабули як барномаи телевизионӣ бо якчанд забон мувофиқи хоҳиш ва завқи тамошобин;

- сарфаи қувваи барқ;

- сарфаи басомад;

- фароҳам омадани шароити қабули мавҷи пахши телевизиони рақамии ҷумҳурӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ барои ҳамватанон ва ҳамзабонони бурунмарзӣ;

- фароҳам омадани шароит барои гузариши пахши дорои дақиқияти баланд (HD).

 

Замимаи 2

 

Приложение 1

Утверждена

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 августа 2019 года, №437

Государственная программа развития цифрового телевизионного вещания в Республике Таджикистан на 2020-2024 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Государственная программа развития цифрового телевизионного вещания в Республике Таджикистан на 2020 - 2024 годы (далее-Программа) направлена на определение целей, преимуществ и мер для формирования и развили в Республике Таджикистан цифрового телевидения и разработана в целях реализации Концепции государственной политики Республики Таджикистан в области телевидения и радиовещания на 2010 - 2025 годы, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 октября 2009 года, №529, что будет способствовать их реализаций для решения основных задач и реформ в области Таджикского телевидения в современном мире.

2. Программа основана на нормах Конституции Республики Таджикистан и определяет цели, приоритеты и меры по реформе и развитию цифрового телевидения.

3. Программа направлена на развитие телевещания и на этой основе на обеспечение конституционных прав и свобод человека и гражданина, равного доступа к информации, эффективного использования национального культурного наследия, исторических традиций, соблюдения социальных норм жизни, защиты моральных ценностей, воспитания патриотизма и обеспечение информационной безопасности страны.

4. При формировании первого мультиплекса (социального пакета) телевизионные каналы на основе сотрудничества с открытым акционерным обществом "Телерадиоком" имеют возможность войти в мультиплекс. Только доступ каналов до центра передающей связи обеспечивается со стороны заказчика.

5. Реализация Программы обеспечит население многоканальным вещанием и всеобщим качественным гарантийным доступом к каналам, входящим в мультиплекс. Этим обеспечиваются конституционные права граждан на свободное получение информации.

6. Определение направлений развития цифрового вещания, создание механизмов его финансирования и развития каналов, которые обязательно должны быть доступны для всех, создаст условия необходимые для инфраструктуры цифрового вещания. Это станет поводом для населения иметь альтернативный потенциал оперативного доступа к информации и обеспечить защиту информационной безопасности страны.

2. НЫНЕШНЯЯ ОБСТАНОВКА ОТРАСЛИ И ОСНОВНЫЕ НАПРАВЛЕНИЯ ЕГО РАЗВИТИЯ

7. В настоящее время в результате реализации Государственной программы развития цифрового телевизионного вещания в Республике Таджикистан на 2010-2015 годы охват цифровым вещанием составляет 60,41 процента населения республики.

8. В настоящее время в городе Душанбе, областных центрах и в отдельных городах и районах республики установлены передатчики открытого акционерного общества "Телерадиоком" для вещания программ "Телевидения Таджикистан", государственных учреждений "Телевидение Сафина", "Джахоннамо", "Детско-юношеского телевидения -"Бахористон", телевидений "Варзиш", "Синамо" и Таджикского музыкального телевидения "Шахнавоз".

9. По существующей системе Комитета по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан обеспечение информационного пространства государственными программами телерадиовещания осуществляется с использованием технических средств цифрового и аналогового вещания.

10. Главными задачами Комитета по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан в сфере цифрового вещания являются:

- создать условия для обеспечения населения республики оперативной, социально достоверной и значимой информацией;

- обеспечить условия для развития цифрового телевещания;

- подготовить базу для перехода к телевидению высокой четкости;

- обеспечить функционирование инфраструктуры аналогового эфирного вещания на местах до полного перехода на цифровые технологии;

- определить режим для поэтапного отключения аналоговых передатчиков в республике.

3. ПУТИ РЕАЛИЗАЦИИ ПРОГРАММЫ

11. Программа будет осуществлена следующими путями:

- созданием благоприятных условий государственной финансовой поддержки при составлении перспективных планов;

- координацией деятельности центральных и местных органов государственных власти для реализации настоящей Программы;

- координацией частоты передатчиков в приграничных с соседними республиками зонах соответствующими органами.

4. ЭТАПЫ РЕАЛИЗАЦИИ ПРОГРАММЫ

12. Реализация настоящей Программы планируется в течение 5 лет и состоит из 5 этапов (согласно плану мероприятий). До установки всех телевизионных передатчиков цифрового телевизионного вещания телевизионные передатчики аналогового вещания будут использоваться параллельно.

13. Поэтапная реализация настоящей Программы возлагается на открытое акционерное общество "Телерадиоком" Комитета по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан в зависимости от финансовых возможностей и выделения денежных средств. Открытое акционерное общество "Телерадиоком" осуществляет установку передатчиков цифрового вещания и другие необходимые работы для реализации Программы.

5. ИСТОЧНИКИ ФИНАНСИРОВАНИЯ

14. Для реализации настоящей Программы будут привлечены различные источники финансирования, а также другие экономические и организационные возможности, в том числе:

- финансирование из государственного бюджета для развития государственных организаций подведомственных Комитету по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан;

- финансирование за счет доходов Комитета по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан и открытого акционерного общества "Телерадиоком";

- финансирование за счет грантов, других финансовых источников и форм поддержки, не запрещенных, законодательством Республики Таджикистан.

15. Исполнительные органы государственной власти областей, городов и районов республики для внедрения цифрового вещания в соответствующих административно - территориальных единицах осуществляют строительство и введение в эксплуатацию технического здания и линии электропередач и в соответствии со стандартами и требованиями технического использования цифрового вещания, в соответствии с предложениями открытого акционерного общества "Телерадиоком" и обеспечивают сохранение его состояния.

16. Исполнительные органы государственной власти областей, городов и районов республики в соответствующих административно - территориальных единицах безвозмездно обеспечивают малоимущие семья декодерами,

6. ОЖИДАЕМЫЕ РЕЗУЛЬТАТЫ

17. В результате реализации настоящей Программы достигается ряд результатов, имеющих экономическое, социальное и политическое значение, в том числе:

- создание условий для обеспечения информационной безопасности;

- доступ населения к большему числу телевизионных; каналов;

- обеспечение высокого качества звука и изображения для зрителей;

- создание условий для получения одной телевизионной программы на нескольких языках в соответствии с пожеланиями зрителя;

- экономия электроэнергии;

- экономия частоты;

- создание условий для приема цифрового телевидения зарубежными соотечественниками и таджикоязычным населением, проживающим в приграничных населенных пунктах;

- создание условий для перехода к вещанию высокой четкости (HD).

*Приложение