Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019 № 438 "Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он тасдиқ карда шаванд (замимаи 1 ва 2).

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро таъмин намоянд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории амалигардонии Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро дар доираи маблағҳои барои рушди соҳаи маориф пешбинишуда аз 1 январи соли 2021 ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намояд.

4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 30 августи соли 2019 № 438

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе совершенствования преподавания и изучения русского и английского языков в Республике Таджикистан на период до 2030 года

В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственную программу совершенствования преподавания и изучения русского и английского языков в Республике Таджикистан на период до 2030 года и План мероприятий по его реализации (приложения 1 и 2).

2. Министерству образования и науки Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, Академией наук Республики Таджикистан, учебными заведениями всех ступеней образования и научными учреждениями республики обеспечить выполнение Государственной программы совершенствования преподавания и изучения русского и английского языков в Республике Таджикистан на период до 2030 года.

3. Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Министерством образования и науки Республики Таджикистан обеспечить с 1 января 2021 года финансирование реализации Государственной программы совершенствования преподавания и изучения русского и английского языков в Республике Таджикистан на период до 2030 года в рамках ежегодно предусмотренных средств в Государственном бюджете на развитие сферы образования, деятельность и содержание его учреждений за счет бюджетных средств и других источников финансирования, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.

4. Министерству образования и науки Республики Таджикистан представить ежегодно информацию о выполнении Государственной программы совершенствования преподавания и изучения русского и английского языков в Республике Таджикистан на периоду года.

Председатель

Правительства Pecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон

 г. Душанбе,

от 30 августа 2019 года, №438