Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии "Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳон меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" таъсис дода шавад.
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оинномаи муассисаи давлатии "Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб"-ро тасдиқ намуда, масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии онро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.
3. Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 245 тасдиқ шудааст, сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб"".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 августи соли 2019 № 440
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании государственного учреждения "Администрация свободной экономической зоны "Куляб"
В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, статьей 14 Закона Республики Таджикистан "О свободных экономических зонах" и статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать государственное учреждение "Администрация свободной экономической зоны "Куляб".
2. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан утвердить устав государственного учреждения "Администрация свободной экономической зоны "Куляб" и в установленном порядке решить его организационно-правовые вопросы.
3. Дополнить Перечень организаций системы Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года, №245, шестым абзацем следующего содержания:
"Государственное учреждение "Администрация свободной экономической зоны "Куляб"".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 30 августа 2019 года, №440