Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Ворисони Куруши Кабир"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисгон "Дар бораи маориф" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Ворисони Куруши Кабир" таъсис дода шавад.
2. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оинномаи муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Ворисони Куруши Кабир"-ро тасдиқ намуда, якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимии мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.
3. Маблағгузории муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Ворисони Куруши Кабир" дар соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда шуда, солҳои минбаъда дар буҷети давлатӣ маблағҳои зарурӣ пешбинӣ карда шавад.
4. Ба Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати бистуҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
" - Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Ворисони Куруши Кабир";"
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 9 августи соли 2019 № 404
ш.Душанбе