Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 феврали соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 965
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ИСФАРА (ДАЪВАТИ ПАНҶУМ)
28 декабри соли 2018 №9/17 ш.Исфара
Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон дар шаҳри Исфара
200.010.000
Мутобиқи моддаҳои 8, 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 26, 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", пешниҳоди комиссияи ҷамъиятии шаҳрӣ оид ба тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум,
ҚАРОР МЕКУНАД:
1. Меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар маркази шаҳри Исфара ба шаҳрвандон ба ғайр аз маҳаллаи Моҳпарӣ ба масоҳати 0,04 га, дар ҳудуди маҳаллаи Моҳпарии шаҳр ба масоҳати 0,06 га, дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара ба масоҳати 0,05 га муайян карда шавад.
2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Исфара ҳангоми пешниҳод ва ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон меъёрҳои ҳадди ақали муайяншударо риоя намоянд.
3. Қарори мазкур тибқи тартиби муқарраргардида барои бақайдгирӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
4. Қарор пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
5. Қарорҳои маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара (даъвати панҷум) №11/13 аз 29 сентябри соли 2017 "Дар бораи тасдиқи меъёри ҳадди аққали қитъаи замини наздиҳавлигии тавассути канали Чилгазӣ обёришавандаи ҳудуди ҷамоати деҳоти Чилгазӣ", №3/13 аз 29 октябри соли 2015 "Дар бораи тасдиқи меъёри ҳадди аққали қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои маркази шаҳри Исфара ва ҷамоати деҳоти Сурх" ва қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара (даъвати чорум) №10/22 аз 20 ноябри соли 2013 "Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои оилаҳои ҷамоати деҳоти Ворух" аз эътибор соқит дониста шавад.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат, хизматрасонӣ ба аҳолӣ вогузор карда шавад.
Раиси Маҷлис Саломзода Сиҷоуддин
Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 21 февраля 2019 года,
регистрационный номер 965
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСА НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ГОРОДА ИСФАРЫ (пятый созыв)
Об установлении минимальной нормы приусадебных земельных участков в городе Исфара
В соответствии со статьями 8, 9 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статьями 26, 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и предложения общественной комиссии по распределению приусадебных земельных участков, семнадцатой сессии Маджлиса народных депутатов города Исфары (пятый созыв),
ПОСТАНОВЛЯЕТ:
1. Определить минимальную норму приусадебных земельных участков для граждан в городе Исфары кроме населенного пункта (махалла) Мохпари 0,04га, на территории населенного пункта Мохпари в размере 0,06га, на территории других населенных пунктов сельских и посёлковых джамоатов города в размере 0,05га.
2. Местный исполнительный орган государственной власти, сельские и поселковые джамоаты города, обязаны при предоставлении и распределении приусадебных земельных участков для граждан соблюдать установленную норму.
3. Настоящее постановление в установленном порядке, представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации.
4. Настоящее постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
5. Признать утратившим силу постановление Маджлиса народных депутатов города Исфары (пятый созыв) от 20.09.2017, №11/13 "Об утверждении минимальной нормы приусадебных земельных участков поливаемых через канала сельского джамоата Чилгази ", от 29.10.2015, №3/13 "Об утверждении минимальной нормы приусадебных земельных участков в центре города Исфары и сельского джамоати Сурх" и постановление Маджлиса народных депутатов города Исфары (четвертый созыв) от 20.11.2013, №10/22 " Об определении минимальной нормы приусадебных земельных участков для семей джамоата Ворух".
6. Контроль за выполнением настоящего постановления возложить на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов города по вопросом аграрной, продовольственной, трудовой политики и обслуживании населения.
Председатель Маджлиса народных депутатов
города Исфары Саломзода Сиджоуддин
город Исфара, от 28 декабря 2018 года, №9/17