Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои вобаста ба фонди иқлими сабз аз 23 августи соли 2019

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" августи соли 2019, № 391

НИЗОМНОМАИ ШӯРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ФОНДИ ИҚЛИМИ САБЗ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои вобаста ба Фонди иқлими сабз (минбаъд - Шӯрои ҳамоҳангсозӣ) комиссияи байниидоравӣ мебошад, ки фаъолияти он ба ҳамоҳангсозин фаъолияти мақоми ваколатдори миллӣ оид ба мусоидат ва мутобиқсозии масъалаҳои вобаста ба Фонди иқлими сабз, инчунин мувофиқа кардани манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист равона карда шудааст.

2. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳое, ки дар батанзимдарорӣ ва назорати муҳити зист иштирок мекунанд, инчунин ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо, новобаста аз шакли моликияташон, бо ҳифзи муҳити зист алоқаманд аст, ташкил карда мешавад.

3. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, аз ҷумла Конвенсияи чорчӯбавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КЧ СММ), инчунин низомномаи мазкурро, ба роҳбарӣ мегирад.

4. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фаъолияти худро дар асоси механизми ҳамоҳангсозӣ бо Фонди иқлими сабз амалӣ месозад (замимаи 1).

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШӯРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ

5. Вазифаҳои асосии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ чунин мебошанд:

- таъмини ҳамкории байниидоравии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор оид ба масъалаҳои ба Фонди иқлими сабз алоқаманд;

- таъмини таҳияи стратегияҳо, тадбирҳои барномавӣ ва пешниҳодоти мувофиқашудаи дахлдор оид ба масъалаҳои беҳдошти муҳити зист;

- гузаронидани арзёбии қонунгузорӣ ва расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии батанзимдарории муҳити зист;

- амалӣ кардани мониторинти қарорҳои қабулшаванда ва ҷараёни татбиқи барномаҳои ба беҳдошти муҳити зист равонагардида;

- дар сатҳи баланд ҳамоҳанг сохтани лоиҳаҳои Фонди иқлими сабз;

- кафолати мутобиқати фаъолияти Фонди иқлими сабз бо афзалиятҳо ва стратегияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дастгирии қарорҳои "надоштани эътироз", ки мақоми ваколатдори миллӣ тавсия кардааст.

6. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фаъолияти худро тибқи нақшаи кории дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ тасдиқгардида ташкил мекунад.

7. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо мақсади ҳалли вазифаҳои гузошташуда мутобиқи низомномаи мазкур ҳуқуқ дорад:

- фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилотҳоро оид ба масъалаҳои вобаста ба Фонди иқлими сабз ҳамоҳанг созад;

- аз вазорату идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои дахлдор маводи барои иҷрои вазифаҳои дар назди Шӯрои ҳамоҳангсозӣ истода заруриро талаб ва дастрас намояд;

- дар ҷаласаҳо ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳоро оид ба масъалаҳои беҳдошти муҳити зист баррасӣ намояд;

- ҳангоми зарурат гурӯҳҳои кориро ҷиҳати омӯхтани масъалаҳои ҷудогона оид ба беҳдошти муҳити зист таъсис диҳад;

- ҳангоми зарурат барои таҳким бахшидан ба фаъолияти гурӯҳҳои корӣ мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор, мушовирон, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии манфиатдор ва коршиносони ташкилотҳои байналмилалиро ҷалб намояд;

- натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, ки ба татбиқи самараноки вазифаҳои мақоми ваколатдори миллӣ равона карда шудааст, муҳокима ва баррасӣ намояд.

3. ВАКОЛАТҲОИ РАИС, МУОВИНИ РАИС, КОТИБИ МАСЪУЛ ВА АЪЗОИ ШӯРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ

8. Ба ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ раис, муовини раис, котиби масъул ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, ташкилотҳои ватанӣ ва байналмилалӣ дохил мешаванд.

9. Ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

10. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- ба фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ роҳбарӣ мекунад;

- маҳал, рӯз ва замони баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозиро муайян месозад;

- дар мувофиқа бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозиро муайян мекунад ва протоколҳои ҷаласаҳоро ба имзо мерасонад;

- ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозиро даъват менамояд ва дар онҳо раисӣ мекунад;

- пешниҳодоти таҳиякардаи Шӯрои ҳамоҳангсозиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи ваколатҳои худ бо ҳайатҳои расмии хориҷӣ оид ба масъалаҳои дахлдор ба Фонди иқлими сабз вохӯриҳо баргузор менамояд;

- вазифаҳоро дар байни аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ тақсим мекунад.

11. Дар ҳолатҳои набудани раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ (рухсатии меҳнатӣ, беморӣ ва сафарҳои хизматӣ) муовини ӯ дорои ваколатҳои дар банди 10 низомномаи мазкур пешбинишуда мебошад.

12. Котиби масъул:

- омодасозии ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозиро таъмин мекунад;

- назоратро аз рӯи иҷрои қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ амалӣ месозад;

- рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозиро дар мувофиҳа бо раис ва аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таҳия месозад;

- супоришҳои дигари раиси Шӯрои ҳамоҳангсозиро, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ алоқаманд аст, иҷро мекунад.

13. Ваколатҳои аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ:

- дар банақшагирии кори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ иштирок мекунанд ва рӯзномаи ҷаласаҳоро таҳия мёсозанд, масъалаҳоро муҳокима менамоянд ва таклифҳо пешниҳод мекунанд;

- дар фаъолияти гурӯҳҳои кории техникие, ки Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ташкил мекунад, иштирок менамоянд;

- дар таҳия ва баррасии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ пешниҳод карда мешаванд, иштирок мекунанд;

- дар доираи вазифаҳои мансабии худ вобаста ба талабот ва тартиби дар низомномаи мазкур муқарраргардида фаъолияти самаранок ва муштаракро оид ба масъалаҳои вобаста ба Фонди иқлими сабз амалӣ месозанд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи корҳои дар соҳаи беҳдошти муҳити зист анҷомёбанда назорат мебаранд.

4. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ МИЛЛӢ

14. Мақоми ваколатдори миллӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба Фонди иқлими сабз ҳуқуқ дорад:

- бо Шӯрои Фонди иқлими сабз ва котиботи он ҳамкории ҳамоҳангсозӣ барпо намояд, ки он метавонад барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи моликиятро оид ба лоиҳаҳо ва барномаҳои аз ҷониби Фонди иқлими сабз ҳангоми амалӣ сохтани расмиёти "надоштани эътироз" маблағгузорӣ шаванд, таъмин намояд;

- ба ҳайси маркази ҳамоҳангсозӣ барои ҳамкорӣ бо Фонди иқлими сабз баромад намояд;

- расмиёти "надоштани эътироз"-ро мутобиқи механизми ҳамоҳангсозии пешниҳодот оид ба маблағгузорӣ истифода намояд;

- расмиёти "надоштани эътироз"-ро барои субъектҳои "дастрасии бевосита" ба Фонди иқлими сабз пешниҳод кунад ва амалӣ созад;

- ба саволномаи гурӯҳи техникии коршиносон вобаста ба таҷдид ва тағйирот дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва дастурамалҳои Конвенсияи чорчӯбавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва Фонди иқлими сабз тағйирот ворид намояд;

- афзалиятҳо ва манфиатҳои миллии кишвари худро ба таври аниқ ва шаффоф муаррифӣ намояд;

- бо котиботи Фонди иқлими сабз аз тариқи мукотибаи интернетӣ ҳамкорӣ кунад, дар ташкили ташрифот ва мулоқотҳо мусоидат намояд;

- дар пешниҳоди муассисаҳо иҷрокунандагони миллӣ ва зермиллӣ мусоидат намояд;

- ба ҷалб намудани ҷонибҳои манфиатдори миллӣ мусоидат намояд;

- барномаи кории мансуб ба кишварро, ки афзалиятҳоро барои Фонди иқлими сабз ва муассисаҳои иҷрокунандагон/миёнаравон муайян месозад, таҳия намояд;

- дар интихоби пешакии консепсияҳои лоиҳаҳо иштирок кунад;

- расмиёти амалиётии Фонди иқлими сабзро паҳн кунад;

- тамоми пешниҳодоти вобаста ба кишварро дастгирӣ намояд ва дар бораи лоиҳаҳо ва барномаҳо (аз он ҷумла, ба забони давлатӣ) маълумот паҳн кунад;

- ҷиҳати кумаки иловагии коршиносон барои арзёбии муфассали пешниҳодоти лоиҳавӣ коршиносони миллӣ ва байналмилалиро ҷалб намояд.

15. Барои амалисозии муносиби ҳуқуқҳои зикршуда мақоми ваколатдори миллӣ уҳдадор аст:

- оид ба афзалиятҳо, стратегияҳо ва нақшаҳои миллӣ маълумоти кофӣ ҷамъоварӣ намояд;

- оид ба кӯшишу тадбирҳо барои коҳиши оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавй ба таъсири тағйирёбии иқлим, ннчунин оид ба эҳтиёҷоти муносиби кишвар маълумот ҷамъ кунад;

- бо муассисаҳои дахлдор ва ҷонибҳои манфиатдор дар кишварҳо (аз он ҷумла бо муассисаҳои бисёрҷониба ва дуҷониба, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, субъектҳои зермиллӣ, миллӣ ё минтақавӣ, ки

метавонанд номзадҳои эҳтимолӣ барои аккредитатсия ба ҳайси миёнаравон ва ё муассисаҳо иҷрокунанда бошанд) дар тамос бошад;

- ба мулоқотҳои гурӯҳи техникии коршиносон мусоидат ва онҳоро ҳамоҳанг созад ва тарафҳои манфиатдорро бо мақсади гузаронидани машваратҳои мансуб ба кишвар оид ба дархостҳои лоиҳавӣ, ёддоштҳои консептуалӣ барои Фонди иқлими сабз ва масъалаҳои дигари вобаста ба фаъолияти Фонди иқлими сабз ҷалб намояд;

- баррасии амали механизмҳои молиявии дахлдори бисёрҷониба, дуҷониба, минтақавӣ, глобалӣ ва муассисаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунандаро анҷом диҳад;

- таҳиясозии Барномаи давлатиро дар Тоҷикистон роҳбарӣ намояд;

- алоқаи доимиро бо котиботи Фонди иқлими сабз ба забони англисӣ тариқи мукотибаи интернетӣ анҷом диҳад, барои ташрифот ба кишварҳо ва мулоқотҳо бо щахсони мансабдори Фонди иқлими сабз мусоидат кунад ва мукотибаи хаттиро тибқи талабот таъмин намояд;

- оид ба натиҷаҳои қарори раёсат огоҳӣ дошта бошад ва роҷеъ ба расмиёти асосии амалиётии Фонди иқлими сабз, аз он ҷумла кафолатҳои экологӣ ва иҷтимоӣ ва расмиёти вуҷуд надоштани эътироз дар кишвар маълумот паҳн кунад;

- таҳлилу баррасии ҳамаи пешниҳодотро оид ба маблағгузорӣ, ки ба кишвар муносибат дорад, нигоҳ дорад ва маълумоти мавҷударо оид ба лоиҳаҳо ва барномаҳо тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои дахлдор, аз он ҷумла ба забони давлатӣ интишор намояд;

- мутобиқи дастурамалҳои дахлдори Фонди иқлими сабз, мониторинг ва арзебӣ гузаронад.

5. ВАЗИФАҲОИ ГУРӯҲИ ТЕХНИКИИ КОРШИНОСОН

16. Мақоми ваколатдори миллӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои манфиатдор гурӯҳи коршиносони техникиро (ГКТ) таъсис медиҳад.

17. Вазифаҳои гурӯҳи коршиносони техникӣ иборатанд аз:

- гузаронидани таҳлилу баррасии ёддоштҳои консептуалӣ (интихобан) ва пешниҳодоти лоиҳавӣ мутобиқи Саволномаи таҳиягардида (замимаи 2) ва пешниҳод намудани тавсияҳо ба мақомоти ваколатдори миллӣ;

- арзёбии номзадҳо барои аккредитатсияи "дастрасии бевосита" ва пешниҳоди тавсияҳо ба мақоми ваколатдори миллӣ;

- пайгирии фаъолияти Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон ва ҳангоми зарурат, таъмини кӯмаки иловагӣ ба мақоми ваколатдори миллӣ.

6. ТАРТИБИ ДАЪВАТИ ҶАЛАСАҲОИ ШӯРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ, ПЕШНИҲОД ВА ҚАБУЛИ ҚАРОРҲО

18. Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар асоси муҳокимаи озоди ҳамаи масъалаҳо ва қабули қарорҳои дастаҷамъӣ тибқи тартиби дар низомномаи мазкур пешбинишуда амалӣ карда мешавад. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои муҳокимаҳо ва иштироки ҳамаи тарафҳои манфиатдор кушода аст.

19. Ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар асоси ба Фонди иқлими сабз ворид шудани пешниҳодоти лоиҳавӣ аз ҷониби ташкилотҳои аккредитатсияшуда барои муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди иқлими сабз даъват карда мешаванд, ҳамчунин ҳангоми зарурат, бо талаби раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ метавонанд даъват карда шаванд.

20. Ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз ҷониби раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ гузаронида мешаванд. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар ҷараёни ҷаласаҳо муҳокимаи рӯзномаи ҷаласа ва табодули афкорро ташкил мекунад ва лоиҳаи қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозиро баъди муҳокимаи онҳо барои овоздиҳӣ пешниҳод мекунад.

21. Ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар сурате ваколатдор шуморида мешаванд, ки агар дар ҷаласа на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҳузур дошта бошанд.

22. Дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои мушаххас шахсони даъватшуда, ки руйхаташон дар рузномаи ҷаласаи вобаста ба Шӯрои ҳамоҳангсозӣ муқаррар мегардад, иштирок мекунанд. Дар ҷаласаҳои пушидаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ танҳо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ иштирок карда метавонанд.

23. Рӯзномаи ҷаласа ва ҳуҷҷатҳои ба масъалаҳои мавриди баррасӣ мансуб ба аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ на дертар аз 3 рӯзи кории пеш аз ҷаласа пешниҳод карда мешаванд.

24. Қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ тавассути овоздиҳии кушода бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ иштироккунанда (бо дар назар доштани мавқеи ба таври хаттӣ изҳоргардидаи аъзоёни ҳузурнадоштаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ) қабул карда мешаванд. Дар ҳолате, ки агар касе аз аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ роҷеъ ба қарори қабулшудаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ақидаи махсус дошта бошад, пас он ба қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ замима мегардад. Дар ҳолати баробарии овозҳо овози раиси ҷаласа ҳалкунанда мебошад.

25. Аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ шахсан иштирок мекунанд ва метавонанд нисбати рӯзнома пеш аз ба тасвиб расонидани он пешниҳоди шифоҳӣ манзур кунанд. Дар ҳолати дар ҷаласа ҳузур надоштани узви Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ӯ ҳуқуқ дорад мавқеи худро оид ба масъалаҳои баррасишаванда ба таври хаттӣ изҳор намояд ва онро ба котиби масъул пеш аз баргузории ҷаласа пешниҳод кунад.

26. Қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар шакли протокол ба расмият дароварда мешавад.

7. ТАШКИЛИ КОРҲО

27. Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозро Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад.

28. Фаъолияти ҳамарӯзаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва омодасозии ҷаласаҳо аз ҷониби котибот, ки онро котиби масъули Шӯрои ҳамоҳангсозӣ роҳбарӣ мекунад, таъмин карда мешаванд.

29. Котибот аз ҷониби мақоми ваколатдори миллӣ таъсис дода мешавад.

30. Вазифаҳои асосии котибот нисбат ба ташкили кори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ иборатанд аз:

- ҷамъоварӣ, таҳлил ва пешниҳод кардани масъалаҳои афзалиятноки мувофиқашуда барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ;

- ҳамоҳангсозии муҳокимаи масъалаҳои ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳо ва ташкилотҳо;

- назорати иҷрои қарорҳои дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ қабулшаванда;

- иттилоот додан ба аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, инчунин ба шахсони мансабдор роҷеъ ба натиҷаҳои иҷрои қарорҳои қабулшаванда;

- таҳияи вазифаҳои техникӣ барои гурӯҳҳои кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ;

- иҷрои вазифаҳои дигари вобаста ба татбиқи ҳадафҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ.

31. Маблағгузории фаъолаяти котибот аз ҳисоби маблағҳои грантӣ амалӣ карда мешавад.

Замимаи 1

ба Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба масъалаҳои вобаста ба Фонди

иқлими сабз

Механизми ҳамоҳангсозӣ ва расмиёти "надоштани эътироз"и Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон

1. Мақсади механизми ҳамоҳангсозии Фонди иқлими сабз иборат аст аз таъмини банизомдарории ҳамоҳангсозӣ дар кишвар, ҷалб намудани ҷонибҳои манфиатдор, ба афзалиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон мутобиқ сохтани фаъолияте, ки аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузорӣ карда мешавад.

2. Механизм се мақоми асосиро дар бар мегирад:

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақоми ваколатдори миллӣ;

- гурӯҳи коршиносони техникӣ.

Механизм ҳамчунин имконияти ҷалб кардани коршиносони иловагиро низ ҳангоми ба миён омадани зарурат дар бар мегирад (тибқи нақшаи 1).

3. Яке аз функсияҳои механизми ҳамоҳангсозӣ ин расмиёти "надоштани эътироз" мебошад. Расмиёти "надоштани эътироз" мутобиқатро ба стратегияҳо ва нақшаҳои миллии иқлимӣ, муносибат дар асоси эҳтиёҷоти кишвар, инчунин маблағгузории самаранокӣ бевосита ва бавоситаи ташаббусҳои давлатӣ ва ҳусусиро аз ҷониби Фонди иқлими сабз таъмин менамояд. Қарор дар бораи "надоштани эътироз" аз ҷониби мақоми ваколатдори миллӣ барои ҳар як пешниҳод оид ба маблағгузорӣ қабл аз пешниҳоди он ба Фонди иқлими сабз қабул карда мешавад.

"Надоштани эътироз"- и мақоми ваколатдори миллӣ маънои онро дорад, ки:

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешниҳод дар бораи маблағгузорӣ эътироз надорад;

- пешниҳоди барои маблағгузорӣ манзургардида ба афзалиятҳои миллӣ, стратегияҳо ва нақшаҳои Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва чунин мутобиқат таъмин карда мешавад;

- пешниҳоди барои маблағгузорӣ манзургардида ба қонунгузории миллӣ тибқи тадбирҳои муҳофизатии экологӣ ва иҷтимоии Фонди иқлими сабз мутобиқ мебошад.

4. Ҷараёни иҷрои расмиёти "надоштани эътироз" ба тариқи зайл амалӣ карда мешавад (ниг. ба нақшаи 1):

- татшкилоти аккредататсияшуда ба мақоми ваколатдори миллӣ пешниҳодро оид ба маблағгузорӣ ба забонҳои англисӣ ва русӣ/тоҷикӣ манзур мекунад;

- мақоми ваколатдори миллӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол карда, хабар медиҳад, ки пешниҳоди лоиҳа ворид шуда, онро мақоми ваколатдори миллӣ ва гурӯҳи коршиносони техникӣ дар тули 4 ҳафтаи минбаъда баррасӣ хоҳанд кард ва ба тасвиб расонидани онро ба нақша гирифтааст. Пешниҳоди лоиҳа ва дастурамалҳо оид ба баррасии лоиҳа ба мактуб замима карда мешаванд;

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва дастурамалро ба гурӯҳи коршиносони техникӣ ирсол мекунад;

- гурӯҳи коршиносони техникӣ пешниҳоди маблағгузориро дар асоси дастурамалҳои воридшуда арзёбӣ мекунад ва бояд тавсияҳои худро ба мақоми ваколатдори миллӣ дар муддати ду ҳафта пешниҳод кунад;

- мақоми ваколатдори миллӣ натиҷаҳои арзёбии гурӯҳи коршиносони техникиро гирифта, оид ба "надоштани эътироз" қарор қабул мекунад ва онро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мекунад ва нусхаашро ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристад;

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "эътироз надоштанро" ба мақоми ваколатдори миллӣ ирсол мекунад;

- мақоми ваколатдори миллӣ ба мақоми аккредитатсияшуда оид ба тасвиб хулоса ва қарор пешниҳод мекунад;

- мақоми аккредитатсияшуда хулосаи мақоми ваколатдори миллиро ворид мекунад ва ба котиботи Фонди иқлими сабз оид ба маблағгузорӣ пешниҳод манзур мекунад;

- мақоми ваколатдори миллӣ ба котиботи Фонди иқлими сабз оид ба "надоштани эътироз" мактуб мефиристад;

- котиботи Фонди иқлими сабз ба мақоми ваколатдори миллӣ оид ба тасдиқи гирифтани мактуб дар бораи "надоштани эътироз" мактуби ҷавобӣ ирсол мекунад;

- котибот ва гурӯҳи коршиносони техникии Фонди иқлими сабз ва ГКТ пешниҳодро оид ба маблағгузорӣ арзёбӣ мекунанд ва тавсияҳои худро ба шӯрои директорони Фонди иқлими сабз пешниҳод мекунанд;

- шӯрои директорони Фонди иқлими сабз оид ба пешниҳод ҷиҳати маблағгузорӣ қарори ниҳоӣ қабул мекунад.

5. Муҳлати пешниҳодшаванда барои аз ҷониби аъзои гурӯҳи коршиносони техникӣ пешниҳод кардани хулоса оид ба пешниҳодоти лоиҳавӣ аз рӯзи гирифтани пешниҳоди лоиҳавӣ бо саволнома ду ҳафтаро ташкил медиҳад. Расмиёти "надоштани эътироз" аз лаҳзаи гирифтани пешниҳоди маблағгузорӣ, ки ба мақоми ваколатдори миллӣ педшиҳод карда мешавад, то лаҳзаи содир кардани мактуб оид ба "надоштани эътироз" дар маҷмӯъ тақрибан 4 ҳафтаро ташкил медиҳад.