Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "19" июли соли 2019, № 1287
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии маъмуриро (минбаъд - хизматчии давлатӣ) муайян менамояд.
2. Баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ (минбаъдбаҳодиҳии фаъолият) нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ, хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи олӣ, хизматчиёни давлатии ба синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ расида ва хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти давлатӣ камтар аз 6 моҳ кор кардаанд, татбиқ карда намешавад.
3. Баҳодиҳии фаъолият бо мақсади муайян кардани натиҷаҳои кори хизматчии давлатӣ дар давраи як соли тақвимӣ дар шакли суҳбат гузаронида мешавад.
4. Баҳодиҳии фаъолият аз вазифаҳои зерин иборат мебошад:
- таъмини самаранокии иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ;
- ҳавасмандгардонии хизматчии давлатӣ вобаста ба натиҷаҳои мусбати фаъолият;
- чораандешӣ вобаста ба натиҷаҳои манфии баҳодиҳии фаъолият, аз ҷумла муайян намудани эҳтиёҷот ба такмили ихтисос бо мақсади баланд бардоштани сифатҳои касбӣ ва қобилияти кории хизматчии давлатӣ.
5. Принсипҳои асосии баходиҳии фаъолият инҳо мебошанд:
- арзёбии уҳдадориҳои мансабӣ тибқи дастурамали мансабии хизматчии давлатӣ;
- шаффофият дар баҳодиҳии фаъолият;
- баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ;
- ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ.
6. Баҳодиҳии фаъолият ҳар сол дар моҳи декабр тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи роҳбари мақомоти давлатӣ гузаронида мешавад.
7. Хизматчии давлатие, ки дар ҳамин мақомоти давлатӣ зиёда аз 6 моҳ кор кардааст (новобаста ба иваз шудани мансабҳо), таҳти баҳодиҳии фаъолият қарор дода мешавад. Хизматчии давлатие, ки бо сабаби беморӣ, рухсатии меҳнатӣ, сафари хизматӣ дар баҳодиҳии фаъолият иштирок карда наметавонад, баъди ба кор хозир шудан дар муҳлати на дертар аз 15 рӯзи корӣ мувофиқи талаботи Қоидаҳои мазкур ба баҳодиҳии фаъолият фаро гирифта мешавад.
8. Баҳодиҳии фаъолият бевосита аз ҷониби роҳбари воҳиди сохторие, ки хизматчии давлатӣ дар он кор мекунад, гузаронида мешавад. Баҳодиҳии фаъолияти роҳбари воҳиди сохториро роҳбари бевоситаи ӯ анҷом медиҳад.
9. Дар ҳолати камтар аз 6 моҳ фаъолият доштани роҳбари воҳиди сохторӣ (роҳбари бевосита), дар баҳодиҳии фаъолият муовини ӯ (ё муовини дахлдори роҳбари мақомоти давлатӣ) низ иштирок мекунад.
2. РАВАНДИ БАҲОДИҲИИ ФАЪОЛИЯТ
10. Баҳодиҳии фаъолият аз марҳилаҳои зерин иборат аст:
- марҳилаи омодагӣ;
- марҳилаи гузаронидани баҳодиҳии фаъолият;
- марҳилаи татбиқи натиҷаҳои баҳодиҳии фаъолият.
11. Роҳбари воҳиди сохторӣ (роҳбари бевосита) барои баҳодиҳии воқеии фаъолият ва баргузории шаффофи он масъулияти шахсӣ дошта:
- хизматчии давлатиро дар хусуси вақт ва ҷойи гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар муҳлати на камтар аз 15 рӯзи корӣ хабардор менамояд;
- вазифаҳои аз сатҳи пешбининамудаи нақшавӣ зиёдтар иҷрошуда, вазифаҳои қисман амалигардида ё умуман иҷронашударо мутобиқи дастурамали мансабӣ муайян менамояд;
- сифатҳои касбӣ ва қобилияти кории хизматчии давлатиро воқеъбинона баррасӣ менамояд;
- аз натиҷаи суҳбат бандҳои 1-7 варақаи баҳодиҳии фаъблияти хизматчии давлатиро (минбаъд - Варақаи баҳодиҳӣ), ки ба Қоидаҳои мазкур замима гардидааст, хонапурӣ мекунад.
12. Суҳбати роҳбари воҳиди сохторӣ (роҳбари бевосита) ва хизматчии давлатӣ бо истифодаи ҳисоботи солонаи хизматчии давлатӣ, ки на дертар аз 10 рӯзи корӣ то баргузории баҳодиҳии фаъолият ба роҳбари воҳиди сохторӣ (роҳбари бевосита) пешниҳод мегардад, гузаронида мешавад.
13. Дар рафти суҳбат роҳбари воҳиди сохторӣ (роҳбари бевосита) ва хизматчии давлатӣ натиҷахои фаъолияти хизматчии давлатӣ дар соли ҳисоботӣ ва вазифаҳои минбаъдаи ӯро муҳокима мекунанд.
14. Аз ҷониби роҳбари воҳиди сохторӣ (роҳбари бевосита) дар Варақаи баҳодиҳӣ баҳоҳои зерин гузошта мешаванд:
- "ба мақсад бо бартари ноил шудааст" ё баробар ба баҳои "5" (аъло);
- "ба мақсад ноил шудааст" ё баробар ба баҳои "4" (хуб);
- "ба мақсад қисман ноил шудааст" ё баробар ба баҳои "3" (қаноатбахш);
- "ба мақсад ноил нашудааст" ё баробар ба баҳои "2" (ғайриқаноатбахш).
15. Роҳбари воҳиди сохторӣ (роҳбари бевосита) уҳдадор аст асоснокии баҳси гузоштаро нишон диҳад ва агар он баҳои "5" (аъло) ва "2" (ғайриқаноатбахш) бошад, дар Варақаи баҳодиҳӣ ҷиҳати татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ (барои баҳои "5" (аъло) ва зарурати такмили ихтисосро бо мақсади баланд бардоштани сифатҳои касбӣ ва қобилияти кории хизматчии давлатӣ (барои баҳои "2" (ғайриқаноатбахш) қайд намояд.
16. Хизматчии давлатӣ бо Варақаи баҳодиҳии хонапурӣ кардашуда шинос карда шуда, дар мавриди розӣ будан ба хулосаи роҳбари воҳиди сохторӣ (роҳбари бевосита), ба он имзо мегузорад. Агар хизматчии давлатӣ бо баҳои гузоштаи роҳбари бевосита розӣ набошад, ӯ метавонад дар банди дахлдори Варақаи баҳодиҳӣ асосҳои норозигиро қайд намояд. Пас аз анҷоми баҳогузорӣ Варақаи баҳодиҳӣ ба хадамоти кадрӣ супорида мешавад.
17. Роҳбари мақоми давлатӣ аз натиҷаи баҳодиҳии фаъолият на дертар аз 5 рӯзи корӣ нисбат ба хизматчии давлатӣ метавонад қарорҳои зеринро қабул намояд:
- дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ;
- бо риояи талаботи тахассусӣ ба мансаби баландтар таъин намудан;
- ба курсҳои такмили ихтисос пешниҳод намудан.
18. Ба мансаби баландтар таъин кардан барои 10 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатии баҳои "5" (аъло) гирифта татбиқ карда мешавад. Хизматчиёни давлатии дигаре, ки баҳои "5" (аъло) гирифтаанд, ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ тавсия карда мешаванд.
19. Қарор дар бораи дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунанда ва таъин намудан ба мансаби баландтар бо риояи талаботи тахассусӣ амалӣ карда мешавад.
20. Натиҷаҳои баҳодиҳии фаъолият дар тавсифнома, ки барои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ тартиб дода мешавад, нишон дода мешаванд.
21. Хадамоти кадрӣ уҳдадор аст:
- ҷадвали баргузории баҳодиҳии фаъолият дар мақомоти давлатиро таҳия карда, дар мувофика бо роҳбарони воҳидҳои сохторӣ (роҳбарони бевосита) онро барои тасдиқ ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод намояд;
- варақаҳои баҳодиҳии тартибдодашударо қабул намояд;
- аз рӯи натиҷаи баҳодиҳии фаъолият гузориши ҷамъбастӣ таҳия карда, ҷиҳати қабули қарор ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод намояд;
- варақаҳои баҳодиҳии фаъолиятро ба парвандаи шахсии хизматчиёни давлатӣ ҳамроҳ намояд.
3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
22. Баҳсҳо вобаста ба гузаронидани баҳодиҳии фаъолият аз тарафи роҳбари мақоми давлатӣ, мақоми давлатии болоӣ ё мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ё суд мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
23. Роҳбари мақоми давлатӣ ва мақоми давлатии болоӣ, ки хизматчии давлатӣ ба онҳо муроҷиат намудааст, асосҳои пешниҳодшуда ва маводи баҳодиҳии фаъолиятро санҷида, ҳангоми мавҷуд будани асосҳои боэътимод, дар хусуси бекор намудани натиҷаҳои баҳодиҳии фаъолият ва гузаронидани баҳодиҳии такрории фаъолият қарор қабул менамоянд. Мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ аз натиҷаҳои санҷиш метавонад пешниҳод ирсол намояд, ки баррасии он аз тарафи роҳбари мақоми давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
24. Баҳодиҳии такрории фаъолият бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур дар муҳлати то як моҳи пас аз қабули қарор дар бораи бекор намудани натиҷаи баҳодиҳии фаъолият нисбат ба хизматчии давлатии дахлдор гузаронида мешавад.
25. Ҳангоми гузаронидани баҳодиҳии такрории фаъолият ба ғайр аз роҳбари воҳиди сохторӣ (роҳбари бевосита) ва хизматчии давлатӣ намояндагони хадамоти кадрӣ, кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ иштирок менамоянд.
Замима