ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 20(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иҷрои талаботи Қоидаҳои мазкурро таъмин намоянд.
3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2011, № 1018 "Оид ба тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
19 июли соли 2019 № 1287
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Правилах проведения оценки деятельности государственного служащего Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 20(1) Закона Республики Таджикистан "О государственной службе" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:
1. Утвердить Правила проведения оценки деятельности государственного служащего Республики Таджикистан (прилагаются).
2. Руководителям государственных органов и органов самоуправления посёлков и дехотов обеспечить исполнение требований настоящих Правил.
3. Признать утратившим силу указ Президента Республики Таджикистан от 18 февраля 2011 года, №1018 "Об утверждении Правил проведения оценки деятельности государственного служащего Республики Таджикистан".
Президент
Республики Таджикистан Эмомалм Рахмон
г.Душанбе,
от 19 июля 2019 года, №1287