Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 феврали соли 1997 № 100
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи тартиби муқаррар намудани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Мутобиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1996 № 423 "Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таълими рӯзона" ва аз 6 ноябри соли 1996 № 609 "Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни мактабҳои оли" ва бо мақсади дастгирии ҳаматарафа ва ҳавасмандонии аспирантҳо, донишҷӯёни боистеъдод ва ояндадор аз 1 январи 1997 стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни мактабҳои оли 10 ҳазор рубл ва барои аспирантҳои таълими рӯзона 15 ҳазор рубл дар як моҳ муқаррар карда шудааст.
2. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аспирантҳо, донишҷӯёни курсҳои дуюм ва баъдинаи мактабҳои оли, ки аз курси якум cap карда аз ҳама фанҳо фақат баҳои аъло гирифтаанд ва дар корҳои илмию тадқиқоти ва ҷамъияти фаъолона иштирок менамоянд, муқаррар карда мешавад.
3. Номзадҳоро барои гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯроҳои илмии мактабҳои оли, донишкадаҳои илми-тадқиқотии Академияи илмҳои Тоҷикистон пешбари менамоянд.
4. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Низомномаи мазкур ва тақсимоти шумораи стипендияҳо, ки Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, аз тарафи коллегияи вазорату идораҳое, ки дар тобеъияташон муассисаҳои илми - тадқиқоти мактабҳои олие, ки дар асоси стандарти давлати мутахассисон тайёр мекунанд ва Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
5. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи муқарраршуда пардохта мешавад.
6. Аз гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аспирантҳо, донишҷӯён, ки талаботҳои Низомномаи мазкурро риоя намекунанд, бо қарори ташкилоте маҳрум мешаванд, ки онро муқаррар намудааст.
ПОЛОЖЕНИЕ О ПОРЯДКЕ НАЗНАЧЕНИЯ СТИПЕНДИЙ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
1. В соответствии с Указом Президента Республики Таджикистан от 24 февраля 1996 года №423 "Об учреждении стипендии Президента Республики Таджикистан для аспирантов очного обучения" и от 6 ноября 1996 года №609 "Об учреждении стипендии Президента Республики Таджикистан для студентов высших учебных заведений" и в целях всемерной поддержки и стимулирования деятельности особо талантливых и перспективных аспирантов и студентов учреждена с первого января 1997 года стипендия Президента Республики Таджикистан.
Стипендии Президента Республики Таджикистан установлены в размере 10 тысяч рублов в месяц для студентов высших учебных заведений и 15 тысяч рублов в месяц для аспирантов очного обучения.
2. Стипендии Президента Республики Таджикистан назначаются аспирантам и студентам вторых и последующих курсов государственных высших учебных заведений, имеющим только отличные оценки по всем предметам с первого курса обучения и особо проявившим себя в научно-исследовательской, технической и общественной работах.
3. Кандидаты на получение стипендий Президента Республик Таджикистан выдвигаются Учеными советами высших учебных заведений, научно-исследовательских институтов Академии наук Республики Таджикистан.
4. Назначение стипендий Президента Республики Таджикистан в соответствии с настоящим Положением и распределением их количества, установленным Министерством экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан, производится коллегиями министерств и ведомств, в ведении которых находятся государственные высшие учебные заведения, готовящие кадры на основе государственного стандарта, и Президиумом Академии наук Республики Таджикистан.
5. Выплата стипендий Президента Республики Таджикистан производится со дня их назначения.
6. Лишение аспирантов, студентов стипендий Президента Республики Таджикистан может быть произведено в случае невыполнения условий настоящего Положения принятием соответствующих решений органами, их назначившими.