Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли 1641 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июни соли 2019, № 1380

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 июли соли 2019, № 702

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 339; с. 2006, №11, мод. 472; с. 2009, №12, мод. 814; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 800; с. 2013, №3, мод. 179, №7, мод. 500; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 268) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".

2. Ба қисми дуюми моддаи 7 баъд аз рақами "18" калимаҳои "қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк" илова карда шаванд.

3. Дар моддаи 8:

- ба сархати нуҳум баъд аз калимаҳои "дар бораи" калимаҳои "аз мансаб" илова карда шаванд;

- сархати дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- бо пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халқ комиссияҳои доимӣ, муваққатӣ ва мақомоти дигари Маҷлиси вакилони халқро таъсис медиҳад, низомномаи онҳоро тасдиқ мекунад, ҳайати комиссияҳоро интихоб менамояд ва ҳисоботро оид ба фаъолияти онҳо мешунавад;";

- сархати нуздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳр, маркази маъмурии ноҳия ва маҳалҳои аҳолинишинро баррасӣ менамояд, ки он мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, Нақшаи минтақавии тарҳрезии шаҳр, ноҳия ва Нақшаи умумии сохтмони маркази шаҳр, ноҳия, инчунин нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳалро тасдиқ менамояд;";

- сархатҳои бистум ва бисту якум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- шартномаҳо оид ба ваколатҳои вогузоршаванда (шартномаи маъмурӣ) ва муштарак, созишномаҳо доир ба муқаррар намудани муносибатҳо ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо шаҳрҳои давлатҳои хориҷиро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҷонибдорӣ менамояд;

- бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ нашрияи расмӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, инчунин сомонаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро таъсис дода, тартиб, номгӯйи маълумот ва масъалаҳое, ки мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомона ҷойгир карда мешаванд, муайян менамояд;".

4. Қисми чоруми моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ, ки дар доираи ваколатҳояш қабул шудаанд, дар ҳудуди дахлдор барои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, новобаста ба тобеияти идоравӣ, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошанд.".

5. Дар моддаи 15:

- сархати дуюми қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани ӯ;";

- дар сархати нуҳуми қисми дуюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз ва сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.";

- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия" муайян менамояд.".

6. Дар қисми 3 моддаи 19 калимаҳои "санадҳои меъёрӣ" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.

7. Дар қисми якуми моддаи 20:

- сархати ёздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- лоиҳаи Нақшаи генералии шаҳр, маркази маъмурии ноҳия ва маҳалҳои аҳолинишин, Нақшаи минтақавии тарҳрезии шаҳр, ноҳия ва Нақшаи умумии сохтмони маркази шаҳр, ноҳия, инчунин нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳалро ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд;";

- дар сархати сездаҳум калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- сархати бисту сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- дар доираи ваколатҳои худ ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан баҳисобгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди дахлдор ва бақайдгирии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро таъмин менамояд;";

- ба сархати бисту нуҳум баъд аз калимаҳои "таклифҳои онҳоро" калимаҳои ", инчунин муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

8. Сархати дуюми қисми якуми моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани ӯ;".

9. Ба қисми якуми моддаи 23 баъд аз калимаҳои "ташкилию ҳуқуқӣ" калимаи ", молиявӣ" илова карда шавад.

10. Ба моддаи 26 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Маҷлисҳои вакилони халқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ ҳуқуқ надоранд молу мулке, ки моликияти коммуналӣ мебошанд, ба моликияти шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқии ғайридавлатӣ ройгон диҳанд, агар тартиби дигарро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян накарда бошад.".

11. Дар сархати ҳафтуми қисми сеюми моддаи 31 калимаи "амволе" ба калимаҳои "молу мулке" иваз карда шавад.

12. Ба қисми якуми моддаи 32 сархати сездаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- барои иҷро намудани вазифаҳои дигар, аз ҷумла вазифаҳои умумидавлатие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;".

13. Ба матни моддаи 35 баъд аз калимаҳои "Мақомоти давлатӣ," калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот," илова карда шаванд.

14. Моддаи 37(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 37(1). Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 19 июли соли 2019, № 1641