ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 июни соли 2019, № 1396
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 июли соли 2019, № 701
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" аз 10 декабри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 298; с. 2007, № 5, мод. 353; с. 2012, № 8, мод. 813; с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 383; № 11, мод. 640; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 269) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми якуми моддаи 10 ва аз матни моддаи 12 калимаҳои "бо назардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳия фаъолияткунанда" хориҷ карда шаванд.
2. Дар қисми якуми моддаи 16 аломати нуқта ба аломати вергул иваз карда шуда, калимаҳои "набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад." илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 19 июли соли 2019, № 1640