Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2019 № 1639 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 июни соли 2019, № 1392

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 июли соли 2019, № 700

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 10 декабри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 296; с. 2004, № 7, мод. 451; с. 2007, № 5, мод. 352; с. 2008, № 10, мод. 797; с. 2012, № 8, мод. 811; с. 2014, № 3, мод. 140, № 7, қ. 1, мод. 382; с. 2017, № 7-8, мод. 562; с. 2018, № 2, мод. 61, №9-10, мод. 581) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 11. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва бозхонд мекунад.

Фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонун танзим менамояд.".

2. Аз қисми сеюми моддаи 13 калимаҳои "бо назардошти таклифҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳудуди ҳавзаи интихобот" хориҷ карда шаванд.

3. Дар қисми якуми моддаи 18 аломати нуқта ба аломати вергул иваз карда шуда, калимаҳои "набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад." илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 19 июли соли 2019, № 1639

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ВЫБОРАХ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 24 июня 2019 года, №1392

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 11 июля 2019 года, №700

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан "О выборах Маджлиси Оли Республики Таджикистан" от 10 декабря 1999 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999 г., № 12, ст. 296, 2004 г., № 7, ст. 451; 2007 г., № 5, ст. 352; 2008 г., № 10, ст. 797; 2012 г., № 8, ст. 811; 2014 г., № 3, ст. 140, № 7, ч. 1, ст. 382; 2017 г., № 7-8, ст. 562; 2018 г., № 2, ст. 61, № 9-10, ст. 581) следующие изменения и дополнение:

1. Статью 11 изложить в следующей редакции:

"Статья 11. Учреждение Центральной комиссии по выборам и референдумам Республики Таджикистан

Председатель, заместитель председателя и члены Центральной комиссии по выборам и референдумам Республики Таджикистан избираются и отзываются по представлению Президента Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Деятельность Центральной комиссии по выборам и референдумам Республики Таджикистан регулируется законом.".

2. Из части третьей статьи 13 слова "с учетом предложений местных структур политических партий на территории избирательного округа" исключить.

3. В части первой статьи 18 знак точки заменить знаком запятой и дополнить словами "не должен участвовать в деятельности политической партии, исполнять её поручения, участвовать в предвыборной агитации и пропаганде зарегистрированных кандидатов.".

Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 19 июля 2019 года, №1639