Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2019 № 1377 "Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда"

 

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда" қабул карда шавад.

2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2002, № 703 "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи йоднокгардонии намак" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод 740; с.2007, № 4, мод 271) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Ш. ЗУҲУРОВ

 

ш. Душанбе, 7 июни соли 2019, № 1377