ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 майи соли 2019, № 1339
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 июни соли 2019, № 679
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №5, мод.348; с.2005, №3, мод.120; с.2006, №7, мод. 343; с.2007, №6, мод.433; с.2008, №1, қ.2, мод.14, №6, мод.457, №10, мод.816; с.2009, №3, мод.78, №5, мод.326, №9-10, мод. 544; с.2010, №12, қ.1, мод.821; с.2012, №12, қ.1, мод.1005; с.2013, №3, мод.193, №11, мод.787; с.2014, №7, қ.2, мод.406, мод.407, №11, мод.666; с. 2015, №3, мод.206, мод.213, №11, мод.967; с.2016, №5, мод.369, №7, мод.631, №11, мод.885; с.2017, №5, қ.1, мод.291) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- феҳристи иҷозатномаҳо - маҷмӯи маълумот оид ба иҷозатномаҳои додашуда, азнавбарасмиятдаровардашуда, боздошташуда, барқароркардашуда, қатъкардашуда (бекоркардашуда), ки аз ҷониби мақомоти иҷозатномадиҳанда пеш бурда мешавад;";
- сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо - махзани ҷамъбастии маълумот ва иттилоот оид ба иҷозатномаҳое, ки дар низоми мустақим (он-лайн) дастрас мебошанд.".
2. Дар сархати сеюми моддаи 5 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шуда, сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ муайян менамояд;
- тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳиро тасдиқ мекунад;
- қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳоро тасдиқ менамояд;
- қоидаҳои намунавии пешбурди феҳристи иҷозатномаҳоро тасдиқ менамояд.".
3. Моддаи 5(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 5(1). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ дохил мешаванд:
- гузаронидани мониторинги амалисозии Қонуни мазкур;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумоти солона аз рӯи натиҷаҳои мониторинги гузаронидашуда;
- гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти иҷозатномадиҳанда тибқи талаботи тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст;
- натиҷагирӣ аз таҷриба дар танзими фаъолияти соҳибкорӣ бо роҳи додани иҷозатнома, таҳия ва пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ;
- пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии иҷозатномаҳо;
- талаб намудани иттилооти дахлдор аз мақомоти иҷозатномадиҳанда.".
4. Дар сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 6 калимаҳои "тартиб диҳанд" ба калимаҳои "пеш баранд" иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 15:
- дар номи модда калимаи "Бурдани" ба калимаи "Пешбурди" иваз карда шавад;
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои "феҳристи иҷозатномаҳоро" калимаи "пеш" илова карда шавад;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Дар феҳристи иҷозатномаҳо ғайр аз маълумоте, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, маълумоти зерин нишон дода мешаванд:
- маълумот оид ба довталаби иҷозатнома (номи шахси ҳуқуқӣ, барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном ва номи падар);
- намуди фаъолият, ки барои амалӣ намудани он иҷозатнома дода шудааст;
- сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи додани иҷозатнома;
- силсила, рақам ва санаи додани иҷозатнома;
- маълумот дар бораи азнавбарасмиятдарории иҷозатнома ва дар сурати аз нав ба расмият даровардани он додани нусха ва нусхаи дуюми (дубликати) иҷозатнома;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи бартараф кардани вайронкунии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи боздоштан ва барқарор кардани амали иҷозатнома;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи бекор кардани иҷозатнома;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи қатъ намудани амали иҷозатнома.";
- қисми 4 хориҷ карда шавад;
- дар қисми 5 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти давлатӣ бемузд" ба калимаҳои "шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон" иваз карда шавад;
- қисмҳои 5 ва 6 мувофиқан қисмҳои 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
6. Дар сархати сию дуюми моддаи 17 калимаҳои "нигоҳдорӣ, коркард ва нобуд кардани" ба калимаҳои "коркард, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати" иваз карда шаванд.
7. Сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 20 июни соли 2019, № 1625
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ЛИЦЕНЗИРОВАНИИ ОТДЕЛЬНЫХ ВИДОВ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 22 мая 2019 года, №1339
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 12 июня 2019 года, №679
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности" от 17 мая 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №5, ст.348; 2005 г., №3, ст. 120; 2006 г., №7, ст.343; 2007 г., №6, ст.433; 2008 г., №1, ч.2, ст.14, №6, ст.457, №10, ст.816; 2009 г., №3, ст.78, №5, ст.326, №9-10, ст.544; 2010 г., №12, ч.1, ст.821; 2012 г., №12, ч.1, ст.1005; 2013 г., №3, ст. 193, №11, ст.787; 2014 г., №7, ч.2, ст.406, ст.407, №11, ст.666; 2015 г., №3, ст.206, ст.213, №11, ст.967; 2016 г., №5,ст.369, №7, ст.631, №11, ст.885; 2017 г., №5, ч. 1, ст. 291) следующие изменения и дополнения:
1. В статье 1:
- абзац восьмой изложить в следующей редакции:
"- реестр лицензий - совокупность сведений о предоставленных, переоформленных, приостановленных, возобновленных и прекращённых (аннулированных) лицензий, который ведется каждым лицензирующим органом;";
- дополнить абзацем девятым следующего содержания:
"- единый государственный электронный реестр лицензий -обобщенная база данных и информации по лицензиям, доступная в режиме он-лайн.".
2. В абзаце третьем статьи 5 знак точки заменить знаком точки с запятой ";" и дополнить четвертым, пятым, шестым и седьмым абзацами следующего содержания:
"- определяет уполномоченного государственного органа в области регулирования лицензионной системы;
- утверждает порядок проведения проверки деятельности государственных органов по соблюдению нормативных правовых актов Республики Таджикистац в сфере регулирования лицензионной системы;
- утверждает правила ведения единого государственного электронного реестра лицензий;
- утверждает типовые правила ведения реестра лицензий.".
3. Дополнить статьей 5(1) следующего содержания:
"Статья 5(1). Полномочия уполномоченного государственного органа в области регулирования лицензионной системы
В полномочия государственного уполномоченного органа в области регулирования лицензионной системы входят:
- проведение мониторинга реализации настоящего Закона;
- представление ежегодной информации Правительству Республики Таджикистан по результатам проведенного мониторинга;
- проверка деятельности лицензирующих органов проводятся в соответствии с порядком проведения проверки деятельности государственных органов по соблюдению нормативных правовых актов Республики Таджикистан в сфере регулирования лицензионной системы, утвержденным Правительством Республики Таджикистан;
- обобщение опыта в области регулирования предпринимательской деятельности путем выдачи лицензий, разработка и представление предложений по совершенствованию законодательства в области регулирования лицензионной системы;
- ведение единого государственного электронного реестра лицензий;
- истребование соответствующей информации от лицензирующих органов.".
4. В статье 15:
- часть 2 изложить в следующей редакции:
"2. В реестре лицензий кроме сведений, предусмотренных статьей 9 настоящего Закона, указываются следующие сведения:
- сведения о лицензиате (наименование юридического лица, для индивидуального предпринимателя
- фамилия, имя и отчество);
- вид деятельности, на осуществление которой выдана лицензия;
- дата и номер решения (распоряжения, приказа, предписания) о выдаче лицензий;
- серия, номер и дата выдачи лицензии;
- сведения о переоформлении лицензии, а при его переоформлении - выдача копий и дубликатов лицензий;
- основания, дата и номер решения (распоряжения, приказа, предписания) об устранении нарушений лицензионных условий и требований;
- основания, дата и номер решения (распоряжения, приказа, предписания) о приостановлении и возобновлении действия лицензии;
- основания, дата и номер решения (распоряжения, приказа, предписания) об аннулировании лицензии;
- основания, дата и номер решения (распоряжения, приказа, предписания) о прекращении действия лицензии.";
- часть 4 исключить;
- в части 5 слова "органам государственной власти" заменить словами "физическим и юридическим лицам";
- части 5 и 6 считать соответственно частями 4 и 5.
5. В абзаце тридцать втором статьи 17 слова "хранением, переработкой и уничтожением" заменить словами "переработкой, временным и долговременным хранением".
6. Абзац девятый части 1 статьи 18 изложить в следующей редакции:
"- деятельность, связанная со всеми этапами жизненного цикла объекта использования атомной энергии.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 20 июня 2019 года, №1625