Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019 № 1623 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 майи соли 2019, № 1345

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июни соли 2019, № 677

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 345; с. 2009, №5, мод. 327; с. 2010, №1, мод. 3; с. 2011, №12, мод. 848; с. 2013, №3, мод. 191; с. 2015, №11, мод. 971; с. 2016, №7, мод. 629, №11, мод. 884; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2019, №1602) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- ба сархати сездаҳуми қисми 2 пас аз калимаи "иҷозатдиҳӣ" аломат ва калимаҳои "(агар нигоҳдории мақоми иҷозатдиҳанда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда шавад)" илова карда шаванд;

- ба қисми 3 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- пардохт барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ (агар нигоҳдории мақоми иҷозатдиҳанда аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ амалӣ карда шавад);".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 20 июни соли 2019, № 1623

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ИНЫХ ОБЯЗАТЕЛЬНЫХ ПЛАТЕЖАХ В БЮДЖЕТ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 22 мая 2019 года, №1345

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 июня 2019 года, №677

Статья 1. Внести в статью 4 Закон Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет" от 28 июля 2006 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006 г., №7, ст. 345; 2009 г., №5, ст. 327; 2010 г., №1, ст. 3; 2011 г., №12, ст. 848; 2013 г., №3, ст. 191; 2015 г., №11, ст. 971; 2016 г., №7, ст. 629, №11, ст. 884; Закон Республики Таджикистан от 4 апреля 2019 года, №1602) следующие дополнения:

- абзац тринадцатый части 2 после слова "документов" дополнить знаком и словами "(если содержание разрешительного органа осуществляется за счет средств республиканского бюджета)";

- часть 3 дополнить абзацем пятым следующего содержания:

"- плата за выдачу разрешительных документов (если содержание разрешительного органа осуществляется за счет средств местного бюджета);".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 20 июня 2019 г., №1623