ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 апрели соли 2019, № 1320
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 июни соли 2019, № 678
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" аз 25 декабри соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015, №12, қ.1, мод.1115; соли 2017, №7-9, мод.578) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- бандҳои 11), 12) ва 13) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"11) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:
- фаъолияти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ;
- ғизои кӯдакон ва маводи ороишӣ (косметикӣ);
- муомилоти қонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда;
- фаъолияти тиббӣ;
- ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- риояи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ.
12) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ:
- риояи қоидаҳои фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо;
- фаъолияти байторӣ;
- пешбурди корҳои зотпарварӣ дар чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ;
- сифати тухмӣ ва парвариши ниҳолҳо.";
13) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ:
- риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ.";
- бандҳои 15), 16) ва 18) хориҷ карда шаванд;
- аз банди 20) калимаи "ҳавоӣ," хориҷ карда шавад;
- бандҳои 17) ва 19) - 28) мувофиқан бандҳои 15) ва 16) - 25) ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 20 июни соли 2019, № 1624