ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 майи соли 2019, № 1345
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 июни соли 2019, № 677
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 345; с. 2009, №5, мод. 327; с. 2010, №1, мод. 3; с. 2011, №12, мод. 848; с. 2013, №3, мод. 191; с. 2015, №11, мод. 971; с. 2016, №7, мод. 629, №11, мод. 884; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2019, №1602) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба сархати сездаҳуми қисми 2 пас аз калимаи "иҷозатдиҳӣ" аломат ва калимаҳои "(агар нигоҳдории мақоми иҷозатдиҳанда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда шавад)" илова карда шаванд;
- ба қисми 3 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- пардохт барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ (агар нигоҳдории мақоми иҷозатдиҳанда аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ амалӣ карда шавад);".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 20 июни соли 2019, № 1623