Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019 № 1622 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 апрели соли 2019, № 1318

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июни соли 2019, № 676

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии с. 2006, №7, мод. 345; с. 2009, №5. мод. 327; с. 2010, №1, мод. 3; с. 2011, №12, мод. 848; с. 2013, №3, мод.191; с. 2015, №11, мод. 971; с. 2016, №7, мод. 629, №11, мод. 884) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Ба қисми 2 моддаи 4 сархатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- хироҷи сайёҳӣ;

- хироҷ барои сафари ҳаҷ ва умра;".

3. Бобҳои 16(9) ва 16(10) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"БОБИ 16(9). ХИРОҶИ САЙЁҲӢ

Моддаи 63(22). Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷи сайёҳӣ

1. Хироҷи сайёҳӣ (минбаъд - хироҷ) аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ барои хизматрасонии (фурӯши) бастаҳои сайёҳӣ ва аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳар як шабонарӯзи хизматрасонии меҳмонхона (хонаист, ҳостел, апартамент), осоишгоҳ, истироҳатгоҳ, спа-меҳмонхона, пойгоҳи сайёҳӣ ва бӯстонсаро аз сайёҳони хориҷӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар бо мақсади сайёҳӣ сафар менамоянд, ситонида мешавад.

2. Ширкатҳои сайёҳӣ ӯҳдадоранд, ки ҷиҳати пешгирии пардохти дукаратаи хироҷ ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳии дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда ҳуҷҷати тасдиқкунанда доир ба пардохти маблағи хироҷ пешниҳод намоянд.

Моддаи 63(23). Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеие мебошанд, ки ба онҳо хизмати сайёҳӣ расонида мешавад.

Моддаи 63(24). Меъёр, тартиби ҳисоб ва муҳлати супрридани хироҷ

1. Меъёр, тартиби ҳисоб ва мӯҳлати супоридани хироҷро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

2. Хироҷ на дертар аз рӯзи ҳисоббаробаркунӣ байни мизоҷ ва хизматрасон ситонида мешавад.

3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мутобиқи қисми 1 моддаи 63(22) ситонидани хироҷ ба зиммаашон гузошта шудааст, ҳар моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи минбаъда ба мақомоти андоз оид ба маблағҳои ситонидашуда аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд.

4. Маблағи пардохтшудаи хироҷ баргардонда намешавад.

Моддаи 63(25). Имтиёзҳо

Аз пардохти хироҷ инҳо озоданд:

- иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

- иштирокчиёни рафъи оқибатҳои фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил;

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - маъюбони гурӯҳҳои I ва II;

- шахсони ноболиғи то шонздаҳсола;

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми сафарҳои сайёҳии дохилӣ;

- кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия гардидаанд.

БОБИ 16 (10). ХИРОҶ БАРОИ САФАРИ ҲАҶ ВА УМРА

Моддаи 63(26). Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои сафари ҳаҷ ва умра

1. Хироҷ барои сафари ҳаҷ ва умра (минбаъд - хироҷ) аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва шахсони дигари ҳуқуқӣ ҳангоми барасмиятдарории сафари ҳаҷ ва умра аз шахсони воқеӣ ситонида мешавад.

2. Расмиёти сафари ҳаҷ ва умра аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 63(27). Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеие мебошанд (ба истиснои ҳайати гурӯҳи корӣ, табибон ва роҳбаладон), ки расмиёти муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба динро доир ба сафари ҳаҷ ва умра анҷом додаанд.

Моддаи 63(28). Меъёр, тартиби ҳисоб ва мӯҳлати супоридани хироҷ

1. Меъёр, тартиби ҳисоб ва мӯҳлати супоридани хироҷро Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва шахсони дигари ҳуқуқӣ ҳар моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи минбаъда ба мақомоти андоз оид ба маблағҳои дар моҳи ҳисоботӣ ба буҷети давлатӣ воридгардида аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пепшиҳод менамоянд.

3. Маблағи пардохтшудаи хироҷ баргардонда намешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 20 июни соли 2019 № 1622