Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019 № 1617 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР, МОДДАҲОИ ПСИХОТРОПӢ ВА ПРЕКУРСОРҲО"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 майи соли 2019, № 1335

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июни соли 2019, № 670

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо" аз 10 декабри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 312; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 266; с. 2006, №4, мод. 192; с. 2007, №7, мод. 661; с. 2013, №7, мод. 516) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархатҳои сенздаҳум ва чордаҳуми моддаи 2, қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 10 ва қисми якуми моддаи 14 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

2. Аз матни моддаи 3 ва қисми чоруми моддаи 7 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

3. Дар моддаи 7:

- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Кормандони Агентӣ шахсоне мебошанд, ки танҳо дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар воҳидҳои сохтории Агентӣ мансабҳои дахлдорро ишғол менамоянд ва рутбаҳои махсус доранд.";

- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ҳангоми ба Агентӣ ба кор қабул шудан шаҳрвандон, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод менамоянд.".

4. Моддаи 7(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 7(1). Пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони Агентӣ

Кормандони Агентӣ (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 20 июни соли 2019, № 1617