Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20июни соли 2019 № 1616 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ РАЗВЕДКАИ ҲАРБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 майи соли 2019, № 1367

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июни соли 2019, № 669

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 2 декабри соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 717; с. 2012, №8, мод. 823; с. 2014, №3, мод. 147) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Ба моддаи 6 сархатҳои сеюм, ёздаҳум ва дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- бо мақсади таъмини амнияти миллӣ амалӣ намудани чорабиниҳои махфӣ ва ғайримахфии разведкавӣ, ташкилӣ ва идоракунӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ";

"- таъсиси фондҳои ғайрибуҷетӣ барои таъмини фаъолияти разведкавӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- роҳбарӣ намудан ба фаъолияти разведкавии сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ;".

3. Ба қисми якуми моддаи 7 пас аз калимаи "мешавад," калимаҳои "инчунин маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст," илова карда шаванд.

4. Дар моддаи 11 калимаҳои "ва экологӣ" ба калимаҳои ", экологӣ, инчунин дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва таҳдиду хатарҳои дигари муосир" иваз карда шаванд.

5. Ба қисми дуюми моддаи 12 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- дар ҳолатҳои алоҳида мақомоти разведкаи ҳарбиро барои фаъолияти разведкавӣ дар дохили кишвар дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва таҳдиду хатарҳои дигари муосир ҷалб менамояд;".

6. Дар моддаи 13:

- дар қисми чорум калимаҳои "қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии мақомоти разведкаи ҳарбӣ" ба калимаҳои "қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар қисми панҷум калимаи "меъёрию" ба калимаи "меъёрии" иваз карда шавад.

7. Моддаи 14(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 14(1). Истифодаи мақомоти разведкаи ҳарбӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва таҳдиду хатарҳои дигари муосир

Дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва таҳдиду хатарҳои дигари муосир мақомоти разведкаи ҳарбӣ метавонад дар ҳолатҳои зерин истифода шавад:

- барои ба даст овардан ва коркарди маълумот оид ба ҳодиса, шахсон, зуҳуроте, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд, инчунин оид ба шахсони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он қарордошта, ки ба тайёр ва содир кардани амалҳои террористӣ, экстремистӣ ва таҳдиду хатарҳои дигари муосир алоқаманданд;

- барои иштирок дар амалиётҳои зиддитеррористӣ ва махсуси дигар.

Корманди мақомоти разведкаи ҳарбӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин иштирок дар чорабиниҳои зиддитеррористӣ ва махсуси дигар ҳуқуқ дорад шахсан ё дар ҳайати воҳидҳо (гурӯҳҳо) силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва махсусро мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 20 июни соли 2019, № 1616