Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019 № 1614 "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 майи соли 2019, № 1337

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июни соли 2019, № 667

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450; с. 2009, №12, мод. 820; с. 2011, №3, мод. 156, №6, мод. 438, №12, мод. 835; с. 2012, №4, мод. 251, №7, мод. 692, №8, мод. 821, №12, қ. 1, мод. 1023; с. 2013, №3, мод. 183, мод. 184, №12, мод. 884, мод. 885; с. 2014, №11, мод. 649; с. 2017, №7-9, мод. 569; с. 2018, №1, мод. 13) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми дуюми моддаи 19 калимаи "мешавад" ба калимаҳои "шуда, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод менамояд" иваз карда шавад.

2. Моддаи 19(2) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 19(2). Пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони милитсия

Кормандони милитсия (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 20 июни соли 2019, № 1614