Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019 № 1607 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 майи соли 2019, № 1333

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июни соли 2019, № 660

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 25 июли соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 398; с. 2006, №3, мод. 141; с. 2007, №5, мод. 350, №7, мод. 652; с. 2008, №12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, №5, мод. 314; с. 2011, №3, мод.150, №6, мод. 428; с. 2012, №8, мод. 810; с. 2013, №7, мод. 497, мод. 498, №12, мод. 876; с. 2014, №3, мод. 139, №12, мод. 820; с. 2016, №3, мод. 125; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 267) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати шашуми қисми якуми моддаи 5 калимаҳои "иҷрочиёни суд" ба калимаҳои "иҷрочиёни мақомоти иҷро" иваз карда шаванд.

2. Ба моддаи 53 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Шаҳрвандон ҳангоми ба кор қабул шудан ба мақомоти прокуратура, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод менамоянд.".

3. Моддаи 53(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 53(1). Пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии довталабони мансабҳои прокурор ва кормандони прокурорӣ

Довталабони мансабҳои прокурор ва кормандони прокурорӣ (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.".

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 20 июни соли 2019, № 1607

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОРГАНАХ ПРОКУРАТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 22 мая 2019 года, №1333

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 июня 2019 года, №660

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан "Об органах прокуратуры Республики Таджикистан" от 25 июля 2005 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., №7, ст. 398; 2006 г., №3, ст. 141; 2007 г., №5, ст. 350, №7, ст. 652; 2008 г., №12 ч. 1, ст. 981; 2009 г., №5, ст. 314; 2011 г., №3, ст. 150, №6, ст. 428; 2012 г., №8, ст. 810; 2013 г., №7 ст. 497, ст. 498, №12, ст. 876; 2014 г., №3, ст. 139, №12, ст. 820; 2016 г., №3, ст. 125; 2017 г., №5, ч. 1, ст. 267) следующие изменения и дополнения:

1. В абзаце шестом части первой статьи 5 слова "судебными исполнителями" заменить словами "исполнителями органа исполнения".

2. Статью 53 дополнить частью второй следующего содержания:

"При приёме на работу в органы прокуратуры за исключением документов, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан, граждане также представляют декларации о своих доходах и имущественном положении.".

3. Дополнить статьёй 53(1) следующего содержания:

"Статья 53(1). Представление деклараций о доходах и имущественном положении претендентами на должности прокурора и работников прокуратуры

Претенденты на должности прокурора и работников прокуратуры (за исключением технического и обслуживающего персонала) в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, представляют декларации о своих доходах и имущественном положении.".

Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 20 июня 2019 года, №1607