Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025
Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ", бо мақсади рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Амалисозии Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсус, инчунин аз ҳисоби маблағгузории шарикони рушд амалӣ карда шавад.
3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ намудани барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба рафти амалисозии он ҳар шаш моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 22 июни соли 2019 № 316
ш.Душанбе