Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани ашёи хоми ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда ва Номгӯи ашёи хоми дар дохили мамлакат истеҳсолшаванда
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.02.2022 №20)
Мутобиқи моддаи 251 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани ашёи хоми ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда ва Номгӯи ашёи хоми дар дохили мамлакат истеҳсолшаванда тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули иттилоотро оид ба татбиқи имтиёзҳои пешбинишуда дар муҳлатҳои муқарраргардида амалӣ намоянд.
3. Мақомоти ваколатдор дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, молия, иқтисод ва дастгирии соҳибкорӣ дар якҷоягӣ таҳлили самаранокии имтиёзҳои барои ашёи хоми ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда пешниҳодшавандаро гузаронида, ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 22 июни соли 2019 № 327
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке освобождения от налога на добавленную стоимость и таможенных пошлин сырья, ввозимого для переработки и производства конечной продукции, и Перечне сырья, производимого внутри страны
(в редакции Постановления Правительства от 03.02.2022 № 20)
В соответствии со статьей 251 Налогового кодекса Республики Таджикистан и статьей 345 Таможенного кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет :
1. Утвердить Порядок освобождения от налога на добавленную стоимость и таможенных пошлин сырья, ввозимого для переработки и производства конечной продукции, и Перечень сырья, производимого внутри страны (приложения 1 и 2).
2. Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан и Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан в установленные сроки обмениваться информацией о применении предоставленных льгот.
3. Уполномоченным органам в области промышленности, сельского хозяйства, финансов, экономики и поддержки предпринимательства совместно проводить анализ эффективности предоставляемых льгот на ввозимое сырье для переработки и производства конечной продукции и ежегодно предоставлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 22 июня 2019 года, №327