Қарори мазкур пас аз шаш моҳи қабули он мавриди амал қарор дода мешавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" майи соли 2019, № 274
тасдиқ шудааст
РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКИИ "БЕХАТАРИИ ГАЗИ ТАБИИИ СӯЗАНДАИ БАРОИ ИНТИҚОЛ ВА ИСТИФОДАБАРӢ ОМОДАШУДА"
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Регламенти техникии "Бехатарии гази табиии сӯзандаи барои интиқол ва истифодабарӣ омодашуда" (минбаъд - Регламенти техникӣ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафт ва газ" бо мақсади муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ нисбат ба гази табиии сӯзандаи барои интиқол ва истифодабарӣ омодашуда, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, таҳия гардидааст.
2. Регламенти техникии мазкур ба гази табиии сӯзандаи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот барои интиқол тавассути лӯлаҳои магистралии газ омодашуда, гази табиии сӯзандаи таъиноти саноатӣ ва коммуналию маишӣ, гази табиии сӯзандаи фишурдашуда ва гази табиии сӯзандаи моеъ, ки бароварда мешавад ва дар муомилот қарор дорад, татбиқ мегардад.
3. Регламенти техникии мазкур талаботро нисбат ба маҳсулот бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, молу мулк, муҳити зист, ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва наботот, пешгирии амалҳое, ки истеъмолкунандагонро (истифодабарандагонро) ба иштибоҳ меоранд, инчунин таъмини самаранокии энергетикӣ ва сарфакунии захираҳо муқаррар менамояд.
2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ
4. Барои мақсадҳои Регламенти техникии мазкур истилоҳот ва мафҳумҳои зерин истифода карда мешаванд:
- ба муомилот баровардани маҳсулот - таҳвил ё ворид намудани маҳсулот (аз ҷумла таҳвил аз анбори газ) бо мақсади фурӯш ё истифода дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти фаъолияти тиҷоратӣ ба тариқи музднок ё бемузд;
- гази табиии сӯзанда (ГТС) - омехтаи гази аз ҳама гуна конҳои ашёи хоми карбогидридӣ бадастовардашуда, ки бештар аз метан иборат буда, дорои карбогидратҳои нисбатан вазнин, нитроген, диоксиди карбон, буғҳои об, пайвастагиҳои сулфидӣ, газҳои инертӣ, инчунин миқдори мавҷудияти дигар унсурҳо мебошад;
- гази табиии сӯзандаи фишурдашуда - гази табиии сӯзандае, ки барои истифода ба сифати сӯзишворӣ, аз ҷумла барои муҳаррикҳои дарунсуз омода шудааст;
- гази табиии сӯзандаи таъиноти саноатӣ ва коммуналию маишӣ гази табиии сӯзандае, ки барои истифода ба сифати маҳсулоти хом ё сӯзишвории таъиноти саноатӣ ва коммуналию маишӣ омода шудааст;
- гази табиии сӯзандаи моеъ (ГТСМ) - гази табиии сӯзандае, ки баъди омодасозии махсус ба шакли моеъ табдил дода шуда, ба сифати сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои дарунсӯз истифода мешавад;
- гази табиии сӯзандаи барои интиқол тавассути лӯлаҳои магистралии газ омодашуда - гази табиии сӯзандае, ки аз амалиётҳои технологӣ барои таъмини интиқоли бехатари он тавассути лӯлаҳои магистралии газ гузаронида шудааст;
- муомилоти маҳсулот дар бозор - марҳилаҳои ҳаракати маҳсулот аз истеҳсолкунанда ба истеъмолкунанда, ки маҳсулот аз истеҳсол сар карда, то ба муомилот баромадани он мегузарад;
- қисми маҳсулот - миқдори (ҳаҷми) маҳсулоти таъиноти мақсаднок ва тамғааш якхела (дар сурати мавҷудият), ки бо як шиносномаи сифат (маҳсулот) ҳамроҳӣ мегардад;
- шиносномаи смфат (маҳсулот) - ҳуҷҷате, ки дорои маълумот дар бораи ташкилоти барасмиятдарорандаи он ё амаликунандаи истеҳсол ё интиқол ё нигоҳдорӣ ва ё фурӯши маҳсулот ва нишондодҳои воқеии нишондиҳандаҳои сифати маҳсулот, ки дар натиҷаи санҷишҳои озмоишгоҳӣ ба даст омадааст, мебошад;
- истеъмолкунанда - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки нияти харидани маҳсулотро дорад ё маҳсулотро танҳо барои эҳтиёҷоти худ мехарад;
- фурӯшанда - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фурӯши маҳсулотро ба истеъмолкунанда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад ва барои ҷойгиркунии маҳсулоти ба талаботи Регламенти техникии мазкур ҷавобгӯ дар бозор, масъул мебошад;
- маҳсулот - гази табиии сӯзанда, ки натиҷаи раванди истихроҷ буда, барои интиқол омода карда шудааст ва барои истифодабарӣ бо мақсадҳои саноатӣ ва коммуналию маишӣ, ба сифати сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои дарунсӯз пешбинӣ гардида, объекти бамеъёрдарории Регламенти техникии мазкур мебошад;
- Истгоҳи компрессории газпуркунии автомобилҳо (ИКГПА)истгоҳе, ки барои газпуркунии нақлиёти автомобилӣ бо гази табиии фишурдашуда пешбинӣ гардидааст.
3. ҚОИДАҲОИ МУОМИЛОТИ МАҲСУЛОТ ДАР БОЗОР
5. Маҳсулот дар сурати мутобиқати он ба талаботи Регламенти техникии мазкур, инчунин регламентҳои техникии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон ба он татбиқ мегардад, ба шарте ба муомилот бароварда мешавад, ки он баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқатро тибқи талаботи Регламенти техникии мазкур ва регламентҳои техникии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки амали онҳо ба он татбиқ мегардад, гузашта бошад.
6. Бо талаби харидор (истеъмолкунанда) истеҳсолкунанда (шахси ваколатдорнамудаи истеҳсолкунанда) ё фурӯшанда уҳдадор аст ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати маҳсулотро ба талаботи Регламенти техникии мазкур (нусхаи ҳуҷҷат оид ба мутобиқатии маҳсулот ба талаботи Регламенти техникии мазкур ва шиносномаи сифат) пешниҳод намояд.
7. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани маҳсулоте, ки бо нишонаи ягонаи муомилоти маҳсулот дар бозор тамғагузорӣ нашудааст, роҳ дода намешавад.
4. ТАЛАБОТИ БЕХАТАРӢ БА ИСТГОҲИ КОМПРЕССОРИИ ГАЗПУРКУНИИ АВТОМОБИЛҲО (ИКГПА)
8. Ҳангоми истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодаи гази табиӣ риоя намудани талаботи бехатарии пешбининамудаи қондаҳои истифодабарии техникии лулаҳои магистралии газ, қоидаҳои бехатарӣ дар хоҷагиҳои газ ва қоидаҳои истифодабарии техникӣ ва хизматрасонии бехатарии таҷҳизоти истгоҳи компрессории газпуркунии автомобилҳо зарур аст.
9. Таҷҳизотн истгоҳи компрессории газпуркунии автомобилҳо (ИКГПА) бояд бо таҷҳизоти замонавии таъминкунандаи дурустии техникӣ ва бехатарӣ аз сӯхторо дар ҳамаи марҳилаҳои фаъолияти истеҳсоли таҷҳизонида шавад.
10. Гази табиии ба истгоҳи компрессории газпуркунии автомобилҳо (ИКГПА) воридшаванда бояд ба талаботи муқаррарнамудаи замимаҳои 1 ва 3 Регламенти техникии мазкур мутобиқ бошад.
11. Чораҳо ва воситаҳои муҳофизати кормандон аз таъсири газ, талабот ба гигиенаи шахсии кормандон, таҷҳизот ва истифодаи он тибқи қоидаҳои бехатарӣ дар саноати истихроҷи нафту газ ва қоидаҳои бехатарӣ дар хоҷагии газ, инчунин қоидаҳои истифодабарии техникӣ ва хизматрасонии бехатари таҷҳизоти истгоҳи компрессории газпуркунии автомобилҳо (ИКГПА) ба танзим дароварда мешаванд.
12. Меъёри ниҳоии иҷозатдодашудаи ғилзатнокии (МИҒ) карбогидридҳои газ дар ҳавои минтақаи корӣ набояд аз 300 мг/м3 бо ҳисоби карбон зиёдтар бошад.
13. Меъёри ниҳоии иҷозатдодашудаи ғилзатнокии сулфиди гидроген дар ҳавои минтақаи корӣ набояд аз 10 мг/м3, сулфиди гидроген дар омехта бо карбогидридҳои С1 - С5 аз 3 мг/м3 зиёд бошад.
14. Ҳангоми аланга гирифтани газ барои хомӯш кардани он бояд аз оташхомӯшкунакҳои дорои кислотаҳои карбонат, кафкдор ё хокадор, қум ё хок, хокаи сангпахта ё газҳои махсуси оташхомӯшкунӣ ва дигар воситаҳо мутобиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникие, ки амалашон ба онҳо татбиқ мегардад, истифода карда шавад.
15. Ташкили омӯзиш ва санҷиши дониши ҳайати кормандони истгоҳи компрессории газпуркунии автомобилҳо (ИКГПА) оид ба ҳифзи меҳнат ва бехатарии саноатӣ бояд бо тартиби муқарраргардида мутобиқ ба стандартҳои соҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ гузаронида шавад.
5. ТАЛАБОТ БА МАҲСУЛОТ
16. Гази табиии сӯзандае, ки барои интиқол тавассути лӯлаҳои магистралӣ омода гардидааст, бояд ба талаботи дар замимаи 1 Регламенти техникии мазкур зикргардида ҷавобгӯ бошад.
17. Гази табиии сӯзандаи таъиноти истифодаи саноатӣ ва коммуналию маишӣ бояд ба талаботи дар замимаи 2 Регламенти техникии мазкур овардашуда ҷавобгӯ бошад.
18. Гази табиии сӯзандаи фишурдашуда бояд ба талаботи дар замимаи 3 Регламенти техникии мазкур овардашуда ҷавобгӯ бошад.
19. Гази табиии сӯзандаи моеъ бояд ба талаботи дар замимаи 4 Регламенти техникии мазкур овардашуда ҷавобгӯ бошад.
20. Маҳсулоти ба муомилот баровардашуда ва маҳсулоти дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилотбуда бояд бо шиносномаи сифат ҳамроҳӣ шавад.
21. Шиносномаи сифат бояд инҳоро доро бошад:
- номгӯй, тамға (дар сурати мавҷудият) ва нишони шартии маҳсулот (ҳангоми мавҷудият);
- номгӯи ташкилоти барасмиятдарорандаи шиноснома ва баамалбароварандаи истеҳсол ё интиқол ва ё нигоҳдорӣ, ё фурӯши маҳсулот (суроғаи ҳуқуқии он) - барои шахси ҳуқуқӣ ё насаб, ном ва номи падар, ҷои истиқомат - барои шахси воқеии ба сифати соҳибкори инфиродӣ бақайдгирифташуда;
- тамғаи моли истеҳсолкунанда (дар сурати мавҷудият);
- номи шахси ваколатдорнамудаи истеҳсолкунанда - барои шахси ҳуқуқӣ ё насаб, ном ва номи падар, ҷои истиқомат - барои шахси воқеии ба сифати соҳибкори инфироди бақайдгирифташуда;
- ишора ва номи ҳуҷҷат, ки мутобиқи он маҳсулот истеҳсол гардидааст;
- нишондодҳои меъёрӣ ва натиҷаҳои воқеии озмоишҳои тасдиқкунандаи мутобиқати маҳсулот ба талаботи Регламенти техникии мазкур;
- рақам ва санаи додани шиноснома;
- насаб ва имзои шахси барасмиятдаровардаи шиноснома.
22. Ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи маҳсулоти ба муомилот баровардашаванда бо забони давлатӣ ё ҳангоми мавҷудияти талаботи дахлдор, инчунин бо забони давлатии кишвари содиркунанда, ки аз ҳудуди он маҳсулот таҳвил мегардад, иҷро карда мешаванд.
6. ТАЪМИНОТИ МУТОБИҚАТИ МАҲСУЛОТ БА ТАЛАБОТИ РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКӢ
23. Бехатарии маҳсулот бо риояи талаботи муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур таъмин карда мешавад.
24. Усулҳои таҳқиқоти (озмоиши) маҳсулот, аз ҷумла интихоби намунаҳои барои иҷрои талаботи Регламенти техникии мазкур зарур ва амалисозандаи баҳодиҳии (тасдиқи) мутобиқати маҳсулот тибқи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
25. Номгӯи стандартҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Регламенти техникии мазкур алоқамандии мутақобила доранд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии масъули ташкили корҳо аз рӯи бамеъёрдарории техникӣ муайян карда мешавад.
7. БАҲОДИҲИИ МУТОБИҚАТИ МАҲСУЛОТ БА ТАЛАБОТИ РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКӢ
26. Пеш аз ба муомилоти бозор баровардани маҳсулот тасдиқи мутобиқати маҳсулот дар шакли сертификатсиякунӣ гузаронида мешавад.
27. Сертификатсиякунии маҳсулот интихоб, ҳаммонандсозӣ ва гузаронидани озмоиши намунаҳо дар озмоишгоҳи салоҳиятдори мустақили аккредитатсияшудаи озмоиширо дар бар мегирад. Додани сертификати мутобиқати маҳсулот аз тарафи мақомоти сертификаткунонӣ бо тартиби муқаррарнамудани қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.
28. Ҳуҷҷатҳо оид ба баҳодиҳии мутобиқатии маҳсулоте, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудаанд, метавонанд дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда эътироф карда шаванд.
8. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ВА САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР
29. Назорати давлатӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид ба риояи талаботи Регламенти техникии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
30. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" гузаронида мешавад.
9. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТИ РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКИИ МАЗКУР
31. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои риоя накардани Регламенти техникии мазкур бо тартиби муқаррарнамудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
10. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
32. Аз рӯзи эътибор пайдо намудани Регламенти техникии мазкур мутобиқати маҳсулоти дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардашаванда бояд бо тартиби муқаррарнамудаи Регламенти техникии мазкур ҳатман тасдиқ карда шавад.
33. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати маҳсулот, ки то эътибор пайдо кардани Регламенти техникии мазкур дода шудаанд, то анҷоми муҳлати амали онҳо эътибор доранд.
Замимаҳои 1, 2, 3