Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" майи соли 2019, № 272
Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ (минбаъд - Шӯро) мақоми машваратии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатиро таъмин менамояд.
2. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020", Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор медиҳад.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ШӯРО
3. Шӯро бо мақсади ҳифзи манфиатҳои молиявӣ ва молумулкӣ, ҷорӣ намудани идоракунии корпоративӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои давлатие, ки дар онҳо ҳиссаи давлат зиёда аз 50 фоизро ташкил медиҳад, таъсис дода шудааст.
4. Вазифаҳои асосии Шӯро аз инҳо иборат аст:
- таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ;
- мониторинги татбиқи Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ.
3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШӯРО
5. Шӯро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияташ дорои чунин ҳуқуқҳо мебошад:
- пешниҳоди таклифҳо оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба механизмҳои воситаҳои идоракунии хавфҳо дар корхонаҳои давлатӣ;
- дастгирӣ дар таҳияи воситаҳои таҳлилӣ барои мониторинг ва паст намудани омилҳои имконпазири хавфҳо ба фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои давлатӣ;
- пешниҳоди шаклҳои тасдиқшудаи ҳисоботҳои корхонаҳои давлатӣ барои гузаронидани мониторинги фаъолияти онҳо;
- мусоидат ҷиҳати ба имзо расонидани шартномаҳои ҳамкорӣ байни роҳбарони корхонаҳои давлатӣ, шахсони воқеию ҳуқуқӣ, аз ҷумла сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, инчунин гирифтани қарз, ба гарав гузоштани молу мулки корхонаҳои давлатӣ ё ба иҷора додани онҳо;
- ҷалб намудани донорҳо барои иҷрои самараноки чорабиниҳо дар доираи Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ;
- бо тартиби муқарраргардида ҷалб намудани коршиносони ватаниву хориҷӣ, мушовирон ва олимон ҷиҳати арзёбии ҳолат ва ҷараёни амалӣ гардидани чорабиниҳо дар доираи Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ.
6. Уҳдадориҳои Шӯро оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ:
- таҳлили вазъи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтммоӣ дар идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ;
- тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мунтазам навшудаи Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалӣ дар корхонаҳои давлатӣ;
- шунидани ҳисоботи нимсола ва солонаи корхонаҳои давлатӣ;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти корхонаҳои давлатӣ;
- пешниҳоди таклифҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор вобаста ба коҳиш додани қарзҳои дебиторию кредитории корхонаҳои давлатӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани тавсия ва таклифу пешниҳодот оид ба такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои фискалӣ;
7. Шӯро дорои дигар ҳуқуқу уҳдадорӣ ва ваколатҳое мебошад, ки дар доираи қонунҳон амалкунанда ба Шӯро вогузор карда мешаванд.
4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШӯРО
8. Шакли фаъолияти Шӯро ҷаласа мебошад.
9. Ҷаласаҳои Шӯро на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида шуда, дар ҳолати зарурӣ вобаста ба масъалаҳои муҳим мумкин аст ҷаласаи ғайринавбатӣ гузаронида шавад.
10. Роҳбарии ҷаласаҳои Шӯроро раиси Шӯро амалӣ менамояд ва дар ҳолати ҳозир набудани ӯ ҷаласаро муовини раиси Шӯро мегузаронад.
11. Аъзои Шӯро ҳуқуқ доранд, ки оид ба тартиб додани нақшаҳои кор ва рӯзномаи ҷаласаи Шӯро дар шакли хаттӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.
12. Ҷаласаи Шӯро ҳамон вақт салоҳиятнок дониста мешавад, агар зиёда аз нисфи аъзои он иштирок дошта бошанд. Қарорҳои Шӯро бо аксарияти овози аъзои дар ҷаласаи Шӯро иштирокдошта тавассути овоздиҳии кушод қабул карда мешаванд. Дар сурати баробарии овозҳо, овози раисикунандаи ҷаласаи Шӯро ҳалкунанда мебошад.
13. Қарорҳои Шӯро бо протокол ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби раис ва котиби масъули Шӯро имзо карда мешавад.
14. Шӯро метавонад ваколатҳоро оид ба дархости иттилоот, интишори ҳисобот ва масъалаҳои дигар ба котибот вогузор намояд.
15. Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи Шӯро дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидори муроҷиаткарда, мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ ва дигарон метавонанд бе ҳуқуқи овоз иштирок намоянд.
5. КОТИБОТИ ШӯРО
16. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои котиботи Шӯроро иҷро менамояд.
17. Котиби масъули Шӯро муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
18. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои котиботи Шӯро дар мувофиқа бо раиси Шӯро амалӣ карда мешавад.
19. Котиботи Шӯро оид ба даъват ва ташкили ҷаласаҳои Шӯро чунин ҳуқуқ дорад:
- ҷаласаҳои навбатӣ ва ғайринавбатии Шӯроро даъват намуда, кори онҳоро ташкил мекунад;
- протоколи ҷаласаро тартиб дода, дар давоми 10 рӯз пас аз баргузории ҷаласа ба ҳамаи аъзои Шӯро ва шахсони дигари манфиатдор нусхаҳои он ва маълумоти дигари марбут ба фаъолияти Шӯроро ирсол менамояд;
- масъалаҳоро, ки бояд ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ ва ғайрииавбатии Шӯро ворид карда шаванд, мутобиқи таклифҳои пешниҳоднамудаи аъзои Шӯро таҳия намуда, як ҳафта пеш аз баргузории ҷаласаи Шӯро ба аъзои Шӯро рӯзномаи ҷаласа ва ҳуҷҷатҳои дигари барои баррасӣ заруриро ирсол менамояд.
20. Уҳдадориҳои котиботи Шӯро:
- дар ҳолати зарурӣ барои иштирок дар ҷаласаи Шӯро шахсони дигарро даъват менамояд;
- протоколи ҷаласаҳои Шӯроро нигоҳ медорад, иҷрои қарори Шӯроро назорат мебарад ва аз натиҷаи он ба раиси Шӯро маълумоти дахлдор пешниҳод менамояд;
- иҷрои дигар супоришҳои раиси Шӯроро таъмин менамояд.
21. Котиби масъули Шӯро дар ҷаласаҳо бе ҳуқуқи овоздиҳӣ иштирок менамояд.
6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
22. Шӯро шахси ҳуқуқӣ намебошад ва бланку муҳри расмӣ надорад.
23. Шӯро бо дигар мақомот ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" майи 2019, № 272
Ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Шӯро; Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Шӯро;
Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби масъули Шӯро.
Аъзои Шӯро:
- вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси шаҳри Душанбе.