Низомномаи Парки табиии миллии "Яғноб" аз 2 майи соли 2019 № 227

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" майи соли 2019 № 227

тасдиқ шудааст

 

Низомномаи Парки табиии миллии "Яғноб"

1. Муқаррароти умумӣ

 

1. Парки табиии миллии "Яғноб" (минбаъд - Парк) мувофиқи  моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" бо мақсади тавқияти ҳифзу нигоҳдории комплексҳои ландшафтҳои пурбаҳо, намудҳои нодиру нобудшавандаи олами наботот ва ҳайвонот, ёдгориҳои табиӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, эҳёи анъанаҳои мардумӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, инчунин ба роҳ мондани истифодабарии устувори захираҳои табиӣ ташкил карда шудааст.

2. Парк дар қисмати ғарбию шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷойгир шудааст.

3. Ҳудуди Парк бо тамоми объектҳои табиии дар он воқеъбуда фонди заминҳои таъиноти ҳифзи табиатро ташкил медиҳад ва истифодабарии захираҳои табиии он тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкур амалӣ карда мешавад.

4. Парк моликияти давлатӣ буда, тобеи муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. Ҳудуди Парк тибқи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

6. Кормандони хадамоти муҳофизатии Парк дар як вақт тибқи моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" нозирони давлатӣ ба ҳисоб рафта, аз ҳуқуқҳо ва имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои онҳо пешбинӣ намудааст, истифода мебаранд.

7. Парк дар амалисозии фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. Вазифаҳои Парк

8. Ба зиммаи Парк иҷрои вазифаҳои зерин гузошта мешавад:

- ҳифзи комплесҳои табиии нодир, инчунин ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва дигар объектҳои мероси фарҳангӣ (этнографӣ ва кишваршиносӣ);

- барқарор ва нигаҳдошти гуногунии биологӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ;

- ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихӣ;

- пешбурди барномаҳои илмию тадқиқотӣ бо мақсади ҳифз ва афзун кардани олами ҳайвоноту наботот, аз ҷумла намудҳои нодир ва зери хатари нестшавӣ қарордошта;

- эҳё ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва маишию фарҳангии аҳолӣ, рушди усулҳои анъанавии истифодабарии табиат;

- мусоидат ба рушди сайёҳии экологӣ ва фарҳангӣ;

- ташкили фаъолияти сайёҳию саёҳатӣ ва мусоидат ба гузаронидани корҳои маърифатию тарбиявӣ дар байни аҳолӣ;

- таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои илмии ҳифзи комплексҳои табиӣ, гузаронидани мониторинги экологӣ ва маърифати экологии аҳолӣ.

3. Сохтори ҳудудӣ ва реҷаи Парк

9. Ҳудуди Парк ба минтақаҳои зерин ҷудо карда мешавад:

- минтақаи дорои реҷаи мамнӯъгоҳ, ки дар ҳудуди он ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорӣ ва саёҳат манъ аст;

- минтақаи дорои реҷаи парваришгоҳ, ки он таъминкунандаи шароити ҳифзи объектҳои табиӣ буда, дар ҳудуди он истифодаи саёҳати ҳатман танзимшаванда иҷозат дода мешавад. Дар минтақаи дорои реҷаи парваришгоҳ муҳайё намудани шароит барои истироҳати кӯтоҳмуддати шаҳрвандон бо роҳи ташкил намудани хатсайрҳои сайёҳӣ, хаймазанӣ, паноҳгоҳҳои хурд ва гӯшаҳои табиат барои тамошобинӣ рухсат дода мешавад;

- минтақаи сайёҳии маърифатӣ, ки барои ташкили маърифати экологӣ ва шиносоӣ бо объектҳои диққатҷалбкунандаи Парк пешбинӣ шудааст;

- минтақаи рекреатсионӣ (истироҳатӣ), аз ҷумла ҳудуде, ки барои шикори варзишию ҳавасдорӣ, моҳидорӣ ва аксбардорӣ пешбинӣ шудааст;

- минтақаи ҳифзи объектҳои таърихию фарҳангӣ, ки шароитро барои нигоҳдории комплексҳо ва объектҳои мероси фарҳангӣ муҳайё месозад;

- минтақаи агро-ландшафт, ки барои пешбурди фаъолияти кишоварзӣ бо усулҳои безарари экологӣ пешбинӣ мешавад;

- минтақаи хизматрасонӣ ба сайёҳон, ки барои ҷойгир намудани меҳмонхонаҳо, лагерҳои хаймагӣ ва дигар объектҳои хизматрасонии сайёҳӣ пешбинӣ гаштааст;

- минтақаи таъиноти хоҷагидорӣ, ки дар ҳудуди он корҳои хоҷагидорию истеҳсолие гузаронида мешавард, ки барои таъмини фаъолияти Парк ва ҳамчунин барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти асосии аҳолии дар ҳудуди он зиндагидошта заруранд.

10. Реҷаи минтақаҳои мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ, рекреатсионӣ (истироҳатӣ), минтақаи сайёҳии маърифатӣ, минтақаи ҳифзи объектҳои таърихию фарҳангӣ, минтақаи агроландшафт, минтақаи хизматрасонӣ ба сайёҳон ва минтақаи ҳоҷагидорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар мувофиқа бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

11. Дар ҳудуди Парк фаъолияти зерин иҷозат дода мешавад:

- гузаронидани чорабиниҳо оид ба нигаҳдошт, барқарорсозӣ ва пешгирии дигаргуншавии комплексҳои табиӣ дар натиҷаи таъсири антропогенӣ, инчунин иҷрои вазифаҳо оид ба пешбурди корҳои илмию тадқиқотии ба зиммаи Парк гузошташуда;

- гузаронидани чорабиниҳо оид ба беҳдошти ҳолати санитарии ҷангалзорҳо, инчунин дигар фаъолияти маҳдуди хоҷагидорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ки ба чорабиниҳои нақшавии Парк заруранд ва таъсири манфӣ намерасонанд;

- амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба рушди инфраструктураи Парк ва иншоотҳои сайёҳӣ.

12. Дар ҳудуди Парк амалӣ намудани ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорие, ки бархилофи вазифаҳои Парк ва низоми муҳофизатии он мебошад, манъ мебошад, аз он ҷумла:

- ҳар гуна фаъолияти таҳдидкунанда ба мавҷудияти комплексҳои табиӣ ва объектҳои таърихию фарҳангии таҳти ҳимоя гирифташуда;

- корҳои ҷустуҷӯии геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок;

- амалҳои тағйирдиҳандаи реҷаи гидрологӣ;

- фаъолияти хоҷагидорӣ дар ҳудуди минтақаҳои экологию этнографӣ, ки боиси хароб гаштани муҳити зист ва захираҳои биологӣ мегардад;

- ҷойгиркунонии растанӣ ва ҳайвоноте, ки ба олами наботот ва ҳайвоноти маҳаллӣ бегонаанд;

- гӯронидани ҳама гуна партовҳои саноатӣ ва маишӣ;

- истгоҳсозӣ, хаймазанӣ ва машъалфурӯзӣ дар ҷойҳое, ки барои ин корҳо пешбинӣ нашудаанд;

- ҷамъоварии коллексияи зоологӣ, ботаникӣ ва минералӣ, ба истиснои мавзӯъ ва нақшаҳои пешбининамудаи корҳои илшию тадқиқотӣ дар Парк;

- дигар намуди фаъолияте, ки боиси коҳиш ёфтани арзишҳои табиӣ, илмӣ, эстетикӣ ва фарҳангӣ мегарданд.

4. Идоракунии Парки табиии миллӣ

13. Паркро сардор роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи директори муассисаи давлатии ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад.

14. Сохтор, воҳидҳои корӣ, сметаи хароҷоти Парк аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тасдиқ карда мешаванд.

15. Парк тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботҳои фаврӣ, оморӣ ва муҳосибиро пешниҳод менамояд.

16. Риояи реҷаи Парк аз тарафи нозирони давлатин Парк таъмин карда мешавад.

5. Андозбандӣ ва маблағгузории Парк

17. Андозбандии Парк мувофиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

18. Фаъолияти Парк аз ҳисоби ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ мегардад.

6. Муқаррароти хотимавӣ

19. Барҳам додани Парк тибқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" сурат мегирад.

 

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 мая 2019 года, №227

ПОЛОЖЕНИЕ о Национальном природном парке "Ягноб"

1. Общие положения

1. Национальный природный парк "Ягноб" (далее - Парк) организован в соответствии со статьей 27 Закона Республики Таджикистан "Об особо охраняемых природных территориях" в целях усиления охраны и сохранения ценных ландшафтных комплексов, редких и исчезающих видов флоры и фауны, памятников природы, культуры и истории, проведения научно-исследовательских исследований возрождения народных традиций, создания благоприятных условий для развития туризма, а также устойчивого природопользования.

2. Парк расположен в северо-западной части Республики Таджикистан, на территории Айнинского района Согдийской области.

3. Территория Парка со всеми находящимися на ней природными объектами составляет земельный фонд природоохранного назначения, и использование его природных ресурсов осуществляется в соответствии с требованиями Закона Республики Таджикистан "Об особо охраняемых природных территориях" и Земельного кодекса Республики Таджикистан, а также настоящего Положения.

4. Парк является государственной собственностью и находится в ведении государственного учреждения особо охраняемых природных территорий Агентства лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан.

5. Границы Парка определены в соответствии с требованиями Земельного кодекса Республики Таджикистан.

6. Работники охранной службы Парка в соответствии со статьей 49 Закона Республики Таджикистан "Об особо охраняемых природных территориях", одновременно являются государственными инспекторами и пользуются предусмотренными для них правами и льготами законодательством Республики Таджикистан в области особо охраняемых природных территорий.

7. Парк при осуществлении своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, указами Президента Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан, иными нормативными правовыми актами, а также настоящим Положением.

2. Задачи парка

8. На парк возлагается выполнение следующих задач:

- сохранение уникальных природных комплексов, а также памятников истории, культуры и других объектов культурного наследия (этнографические и краеведческие объекты);

- восстановление и сохранение биологического разнообразия и рациональное использование природных ресурсов;

- сохранение культурно-исторического наследия;

- проведение научно-исследовательских программ в целях охраны и воспроизводства растительного и животного мира, включая редкие и исчезающие виды;

- возрождение и сохранение национальных традиций, улучшение социальных и культурно-бытовых условий проживания населения, развития традиционных методов природопользования;

- содействие в развитии экологического и культурного туризма;

- организация туристическо-экскурсионной деятельности в режиме рекреационной зоны, содействие проведению образовательно-воспитательной работы среди населения;

- разработка и внедрение научных методов сохранения природных комплексов, проведение экологического мониторинга и эко - просвещения населения.

3. Территориальная структура и режим Парка

9. Территория Парка распределяется на следующие зоны:

- зона заповедного режима, в пределах которой запрещается любая хозяйственная и рекреационная деятельность;

- зона заказного режима, обеспечивающая охранные условия природных объектов, в пределах которых допускается строго регулируемое рекреационное пользование. В зоне заказного режима допускается создание условий для краткосрочного отдыха граждан путем организации туристических маршрутов, расставления палаток, маленьких укрытий и природных уголков для осмотра;

- зона познавательного туризма, предназначенная для организации экологического просвещения и ознакомления с достопримечательностями Парка;

- зона рекреационного использования, включая территории, предназначенные для спортивной и любительской охоты, рыболовли, кино - и фотосъемок;

- зона охраны историко-культурных объектов, обеспечивающая условия для сохранения комплексов и объектов культурного наследия;

- территории агро-ландшафтов, предназначенные для ведения сельскохозяйственной деятельности экологически безвредными методами;

- зона обслуживания посетителей, предназначенная для размещения гостиниц, палаточных лагерей и иных объектов туристического сервиса;

- зона хозяйственного назначения, в пределах которой ведутся хозяйственно-производственные работы, необходимые для обеспечения функционирования Парка, а также удовлетворения основных нужд проживающего на его территории населения.

10. Режимы зон заповедного, заказного, зоны познавательного туризма, рекреационной зоны, зоны охраны историко-культурных объектов, зоны обслуживания посетителей и зоны хозяйственного назначения определяются уполномоченным государственным органом в области особо охраняемых природных территорий по согласованию с Академией наук Республики Таджикистан и Комитетом по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан.

11. В Парке "Ягноб" допускаются следующие виды деятельности:

- проведение мероприятий по сохранению, восстановлению и предотвращению изменений природных комплексов в результате антропогенного воздействия, а также выполнение задач по ведению научно-исследовательских работ, возложенных: на Парк;

- проведение мероприятий по улучшению санитарного состояния лесов, а также иные виды ограниченной хозяйственной деятельности и рациональное использование природных ресурсов, которые необходимы для выполнения плановых мероприятий Парка и не имеют отрицательного воздействия;

- реализация мероприятий по развитию инфраструктуры Парка и туристических объектов.

12. На территории Парка запрещается осуществление хозяйственной деятельности, противоречащей назначению Парка и его деятельности, в том числе:

- всякая деятельность, угрожающая существованию природных комплексов и взятых под охрану историко-культурных объектов;

- геологоразведочные работы и разработка полезных ископаемых;

- действия, изменяющие гидрологический режим;

- хозяйственная деятельность на территории экологических и этнографических объектов, которая приводит к деградации окружающей среды и биологических ресурсов;

- интродукция растений и животных, чуждых местным флоре и фауны;

- захоронение всех видов промышленных и бытовых отходов;

- организация стоянок, установка палаток, разведение костров за пределами предусмотренных для этого мест;

- сбор зоологических, ботанических и минералогических коллекций, кроме предусмотренных тематикой и планами научных исследований в Парке;

- иная деятельность, которая является причиной сокращения природных, научных, эстетических и культурных ценностей.

4. Управление Национальным природным парком

13. Парк возглавляется начальником, назначаемым и освобождаемым директором государственного учреждения особо охраняемых природных территории Агентства лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан.

14. Структура, штаты, сметы расходов Парка утверждаются уполномоченным государственным органом в области особо охраняемых природных территорий.

15. Парк в соответствии с законодательством Республики Таджикистан представляет ведомственные, статистические и бухгалтерские отчеты.

16. Соблюдение режима Парка обеспечивается её государственными инспекторами.

5. Налогообложение и финансирование Парка

17. Налогообложение Парка осуществляется согласно налоговому законодательству Республики Таджикистан.

18. Деятельность Парка финансируется за счет внешней и внутренней инвестиции, а также за счет иных средств, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.

6. Заключительные положения

19. Ликвидация Парка осуществляется в соответствии со статьей 19 Закона Республики Таджикистан "Об особо охраняемых природных территориях".